иқтисод
СОҲИБКОРИ САХОВАТПЕША
Дар пайи омодагӣ ва талошҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) шумораи соҳибкорону ҳунармандон дар ноҳияи Файзобод пайваста зиёд шуда, онҳо рӯз ба рӯз дар раванди ободонию бунёдкорӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Соҳибкор Муртазо Салимов, аз деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод, аз зумраи чунин соҳибкорон аст. Ӯ барои сокинони деҳаи Хилмағзиё, ки солҳои тӯлонӣ аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, аз масофаи сеюним километр оби ошомиданӣ оварда, дуои неки мардумро гирифт.
Ҳамчунин, Муртазо Салимов роҳи мошингарди байни деҳаҳои Фатҳободу Хилмағзиёро сангфарш карда, дар деҳаи Фатҳобод корхонаи таъмиру шустушӯи мошинҳоро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Айни ҳол соҳибкор ният дорад, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи мазкур корхонаи дӯзандагӣ бунёд карда, 15 нафар бонувонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.
Дар баробари корҳои созандагию ободонӣ, Муртазо Салимов мунтазам ба оилаҳои камбизоату бесаробон ёрии хайрия мерасонанд ва сокинон аз саховатмандии ӯ доимо ёд мекунанд.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2019 №: 193 Мутолиа карданд: 1375