барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард.
Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи инҷонибро ба пайвандону наздикони қурбониён, Ҳукумат ва мардуми Япония иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2019 №: 194 Мутолиа карданд: 6622