фарҳанг
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, дар доираи ин чорабинӣ, ки то 18 октябри соли равон идома хоҳад ёфт, баргузории барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоиши китоб, аксу мусаввараҳо, базми шеър дар назар аст.
Аз ҷумла, имрӯз дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор мегардад.
Фардо бошад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб - нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони Тоҷикистону Кувайт доир мегарданд.
Ҳайати ҳунарии меҳмонон рӯзҳои 17 - 18 октябр ба шаҳри Норак ва ноҳияи Варзоб рафта, бо табиати биҳиштосои диёрамон шинос шуда, якҷоя бо ҳунармандони тоҷик бо барномаҳои муштараки консертӣ рӯҳи тамошобинонро болида хоҳанд кард.
Ҳамчунин, боздиди меҳмонон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи “Парчами миллӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2019 №: 194 Мутолиа карданд: 1274