сиёсат
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТ
14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба вазъи соҳаи саноат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суханронӣ карда, барои рушду пешрафти кишвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати кишвар, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем. Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, содагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати кишвар нақши муҳим доранд.
Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016 - 2020” бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, тақвияти неруи кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бахши саноат чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.
Барои пешгирӣ кардани таназзулёбии истеҳсолоти саноатӣ зарурат пеш омад, ки бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳавасманд кардани фаъолияти истеҳсолӣ саноати кишвар инкишоф дода шуда, пастравии ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз дошта шавад.
Бо ин мақсад, якчанд барномаи давлатии соҳавӣ таҳия ва амалӣ гардида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёду азнавсозӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд, ки ин ҳама ба рушди саноати кишвар заминаҳои зарурӣ гузошт.
Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.
Ҳоло боз зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати кишвар ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ шуда истодааст.
Ҳукумати кишвар дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёз ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд.
Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад. “Бинобар ин, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар дигар карда шаванд”, - таъкид доштанд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи қарорро дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020 – 2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони соҳаи саноат, соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо таклифу пешниҳодҳо баромад карда, барои таъмини фазои созгори фаъолияти истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2019 №: 194 Мутолиа карданд: 1281