logo

иқтисод

ИҚТИСОД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ - низоме, ки ба  таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисод роҳро ҳамвор намояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад.
Бо раҳнамоии Пешвои миллат барнома, стратегия ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ таҳия шуданд, ки ҳадаф ва зарурати қабули онҳо чунинанд: ба таври устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, табдил додани Тоҷикистон ба давлати демократии рушдёфта, ки дар он ҳамаи табақаҳои ҷамъият аз дастовардҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истифода баранд.
Ҳоло яке аз ҳуҷҷатҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҷараёни амалишавист.
Марҳилаи гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми нав дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар бамаротиб сангин ва душвор буд, зеро он бо сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вобаста аст. Таърихи рушди инсоният гувоҳӣ медиҳад, ки низоъҳои ҳарбӣ дар қаламрави ҳар як давлат ба вайроншавии асосҳои иқтисодии ҷамъият  ва пайдошавии муаммоҳои бисёри мушкилҳалшаванда оварда мерасонанд. Дар сатҳи макроиқтисодӣ ин муаммоҳо дар шакли пастшавии ҳаҷми истеҳсолот, афзоиши таваррум ва бекорӣ, коҳишёбии сатҳи некуаҳволӣ, рушди иқтисодиёти пинҳонӣ, ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои қонуншиканӣ дар ҷамъият зоҳир мегарданд.
Хушбахтона, пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ дар партави  сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар иқтисодиёти Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд ва як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардиданд ва таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлат табдил дода шуданд.
Зарурати гузариш ба низоми ҷадиди иқтисодӣ бо мақсади суръатбахшии инкишофи он хусусигардонии моликиятро ҳамчун шакли нави хоҷагидорӣ тақозо дошт, аз ин рӯ, хусусигардонӣ ба барномаи сиёсати давлатии иқтисодӣ шомил гардид. Тавассути ҷараёни муваффақонаи хусусигардонии моликияти давлатӣ миқдори аҳолии машғули кор дар бахшҳои хусусии иқтисоди ҷумҳурӣ муттасил рӯ ба инкишоф ниҳод. Соли 2018 аҳолии машғули бахши хусусии иқтисод то 81,7% афзоиш ёфт, ҳол он ки дар соли 1991 ин рақам танҳо 19 % -ро ташкил медод. Дар фосилаи даҳ соли охир дар ҳудуди мамлакат беш аз 1 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки ин, бешубҳа, ба коҳиши бекорӣ, ҷалби неруҳои меҳнатии дохилӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбат гузошт.
Бо назардошти аҳамияти рушди соҳибкорӣ,   дар оғози солҳои истиқлолият Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид ва дар заминаи он масъалаи таҳия ва мавриди амал қарор додани Барномаи давлатии дастгирии соҳибкории хурд ба миён омад. Баргузории вохӯриҳои Сарвари давлат бо соҳибкорон ва додани имтиёзҳо ба онҳо, аз ҷумла эълони мораторияҳо ба санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ ба таъсиси корхонаҳои хусусӣ, ташаккули муносибатҳои нави бозорӣ, беҳсозии авзои иҷтимоии мардум, мусоидат намуд.
Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мамлакати дунё муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ барқарор намудааст ва натиҷаи истиқрори чунин ҳамкориҳо ба равнақи тозаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намуда, теъдоди корхонаҳои муштарак рӯ ба афзоиш ниҳод. Айни замон, дар кишвар беш аз 350 корхона бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба коркарди ашёи хом машғул мебошад. Корхонаҳои муштараки "Зарафшон" ва "Апрелевка" оид ба коркарди тилло, корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея - "Тоҷикистон - Текстайл" оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матои ҷинс, корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА "Оби зулол", Тоҷикистону Чин - "Ришта", корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Италия - "Абрешим" ва "Ҷавонӣ" бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ дар шумори намунаҳои аввалини чунин корхонаҳо қарор доранд ва аксарияти онҳо то кунун фаъоланд.
Бахши дигари ислоҳоти иқтисодиро ислоҳоти низоми бонкӣ ташкил медиҳад. Ислоҳот дар ин самт ташаккули низоми бонкии дусатҳа ва зуҳури бонкҳои тиҷоратиро ба бор овард. Танҳо дар соли 2017 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба маблағи 6,9 миллиард сомонӣ қарз манзур шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2012-ум 27,6 фоиз зиёд мебошад. Дар сохтори ин қарзҳо ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат, ки ба рушди истеҳсолот мусоидат мекунанд, дар муқоиса бо соли 2012-ум 4,7 фоиз афзун гардидаст.
Тоҷикистон дар байни 82 давлати рушдёфта аввалин кишварест, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007 - 2020 таҳия намуда, дар татбиқи он мавқеи хос ишғол намудааст.
Тӯли солҳои охир  бахши саноати кишвар низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ 128 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохта ба истифода дода шуд. Теъдоди коргарони ин корхонаҳо зиёда аз 5000 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишвар 9 корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 80 корхонаи истеҳсоли хишт, 49 корхонаи истеҳсоли регу шағал, 6 корхонаи коркарди санг, 9 корхонаи истеҳсоли оҳаку гаҷ ва ғайра фаъолият доранд. Дар соҳаи саноати сабук 27 корхонаи нав таъсис ёфт. Ин корхонаҳо ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ машғуланд. 
Дар ҷабҳаи дастрасӣ ба мақсадҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷшуда се принсипи рушди оянда муайян карда шудааст: ҳимоявӣ (паст намудани осебпазирии рушди оянда), саноатӣ (баланд намудани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ), инноватсионӣ (инкишоф дар асоси ҷорӣ намудани навоварӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии ҳаёти кишвар).
 Дар асоси ин се принсип  се сенарияи рушд таҳия шудааст: инертсионӣ, саноатӣ ва саноатӣ - инноватсионӣ. Дар асоси далелҳо оид ба суръати инкишофи иқтисодии ММД, ки дар СМР барои давраи то соли 2030 оварда шудааст, баъзе  ваҷҳҳоро пешниҳод менамоям.
Агар суръати афзоишро дар сатҳи сенарияи инертсионӣ (6,0% дар 1 сол) нигоҳ дорем, барои дучанд намудани истеҳсолоти ММД бояд 12 сол интизор шавем (яъне то соли 2030), агар аз рӯи сенарияи индустриалӣ (7% дар сол) амал намоем, 10 сол лозим мешавад (соли 2028). Дар ин давра тамоюли демографӣ дар кишвар (афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 2,1%) ва тараққиёт дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин сатҳи инкишофро ночиз месозад. Сенарияи индустриалию инноватсионӣ (9% дар сол) нисбат ба ду сенарияи зикргардида беҳтар мебошад, яъне пас аз 7 сол (соли 2025) истеҳсолоти ММД-ро дучанд намудан мумкин аст. Вале ин ҳам  нисбатан вақти зиёдро талаб менамояд. Бинобар ин,  масъалаи баланд намудани суръати афзоиши иқтисодиётро дар доираи 12 - 15% гузоштан зарур аст, танҳо дар ин ҳолат раванди беҳтаршавии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ду маротиба афзоиш меёбад. Аз нуқтаи назари мо, барои амалигардонии ин масъала Тоҷикистон дорои иқтидори кифояи иқтисодӣ мебошад. Махсусан, сатҳи истифодабарии захираҳои обии Тоҷикистон, захираҳои табиӣ, захираҳои меҳнатӣ (асосан ҷавонон).
Барои ба гардиши иқтисодӣ ҷалб намудани қисми истифоданашавандаи иқтидори истеҳсолотӣ, табиӣ, меҳнатӣ ва тамоми иқтидори моддии кишвар айни ҳол самтҳои асосии стратегӣ дар соҳаи амалигардонии ислоҳоти иқтисодӣ бояд чунин бошад: мукаммалгардонии омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, саноатикунонии кишвар, зиёд намудани сарбории тавоноии истеҳсолии корхонаҳои миллӣ, навкунии фондҳои асосии истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани инноватсия дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ташаккули сохтори инкишофёфтаи истеҳсолӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ.
Аз нуқтаи назари мо, ба эътибор гирифтани самтҳои номбаргардида дар омода намудани сиёсати иқтисодӣ имконият медиҳад, ки ба таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва шароитҳои номусоиди иқтисодиёти бозор омода бошем. 
 
Тӯрақул РИЗҚУЛОВ,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДҲБСТ, доктори илми иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 1154
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед