иқтисод
БОХТАР. БУНЁДИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ
Тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ, маҳалла, кӯчаву хиёбонҳо ва, умуман, муҳити зисти маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар мавриди таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта, бо мақсади сари вақт бартарафсозӣ, безараргардонӣ ва коркарди партовҳо лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахтӣ маишӣ» татбиқ мегардад.
Абдулқосим Мӯсоев, роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар, гуфт, ки дар баробари анҷом додани корҳои ободонӣ, татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар шаҳри Бохтар иқдоми саривақтӣ мебошад. Чунин чораандешӣ дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ, инчунин, ноил гардидан ба дастовардҳои соҳаи экологӣ нақши созгор дорад ва мо - кормандони ин ниҳодро лозим аст, ки пайваста ба масъалаи ҷамъовариву безараргардонӣ ва коркарди партовҳо диққати зарурӣ дода, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Тибқи иттилои Абдулқосим Мӯсоев, бо мақсади амалисозии барнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 4 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА созишнома ба имзо расид. Аз ин маблағ 2 миллион қарз ва 2 миллиону 900 ҳазор доллар грант мебошад.
То имрӯз 456 қуттии партовҷамъкунӣ, 12 воситаи техникӣ, 59 нуқтаи ҷамъоварии партов омода гардида, инчунин, бинои маъмурии корхона бунёд шуд. Дар марҳилаи баъдӣ бунёди корхонаи коркарди партов дар шаҳри Левакант дар назар аст. Бо ин мақсад, корҳои заминагузорӣ идома доранд. Бунёди корхонаи коркарди партов ба озодагии муҳити зист, пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва боло бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мусоидат намуда, ҳамзамон, аз маводи пластикӣ баробари коркард маҳсулоти ниёзи мардум омода мегардад, - гуфт Абдулқосим Мӯсоев.
Сокини шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзод гуфт, ки бунёду муҷаҳҳазгардонии нуқтаҳои партов ва ба беруни шаҳр баровардани партовҳо ба манфиати тамоми аҳолии шаҳр аст. Мардум низ бояд талошу кӯшишҳои масъулони соҳаро ба инобат гирифта, бо дарки масъулияту маданияти шаҳрдорӣ дар масъалаи ҳифзи муҳити зист фаъол бошанд.
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2019 №: 195 Мутолиа карданд: 1878