иқтисод
ДУШАНБЕ. СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи тадбирҳо оид ба амалисозии иқдоми «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сармоягузорӣ дар соли 2019» бо иштироки раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирон, ҳамчунин, коршиносон ва мутахассисони сохторҳои марбута дар бинои «Душанбе - Плаза» зери унвони «Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ» конфронс доир гардид.
Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Ҳукумати кишвар Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Айни замон мусоидати ҳамаҷониба ба рушди соҳибкорӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, омили муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 548,2 миллион доллари ИМА амалӣ гардида, аз оғози татбиқ то ҳол 358,5 миллион аз худ карда шудааст. Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳр ҳаҷми умумии воридоти сармоя беш аз 230 миллион доллари ИМА, аз он сармоягузории хориҷӣ қариб 94 миллион долларро ташкил дод.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳр 32 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият карда, ба буҷети шаҳр қариб 94 миллион доллар маблағ ворид намуданд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли равон ба соҳибкорони шаҳри Душанбе аз тарафи бонкҳои кишвар ва ташкилотҳои қарзӣ 1,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 25 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳои дар миқёси ҷумҳурӣ ҷудошударо ташкил медиҳад. Дар асоси маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ, дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт шумораи умумии соҳибкорон ба 42 ҳазору 210 нафар расид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2019 №: 195 Мутолиа карданд: 757