logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Ташхисгарони тиббӣ – судӣ барои 10000 доллар ҷавоб мегӯянд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ташхисгари тиббӣ - судиро барои талаби 10000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, вобаста ба ҳолати тамаъҷӯӣ 19 сентябри соли ҷорӣ шаҳрванд «А» бо ариза ба шуъбаи минтақавии агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муроҷиат кардааст. Муроҷиаткунанда дар аризааш навиштааст, ки «нисбат ба эксперти тиббӣ - судии шуъбаи байниноҳиявии Турсунзода Убайдов Назирҷон Бобоқулович ва Ҳамраев Фирӯз Бобомуродович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурдагон аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш, ки нисбаташ бо моддаи 139 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10000 доллари ИМА талаб карда истодаанд».
Дар ҳамин асос худи ҳамон рӯз нисбат ба Н. Убайдов ва Ф. Ҳамраев бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ Н. Убайдов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 7000 доллар дастгир шудааст.

ҚАЛЛОБӢ
Декани факултет барои порахӯрӣ айбдор мешавад
Нисбат ба декани факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Эмомалӣ Шералиев барои ришваситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, декани факултет моҳи сентябри соли ҷорӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд «А» барои дохил намудан ба курси дуюми таҳсил дар донишгоҳи мазкур 19000 сомонӣ ва 600 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.
Ба ин далел, ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо ҷурми қаллобӣ идома дорад. 

АВБОШӢ
Тафтиши амали ҷинояткоронаи ноболиғон
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ ду ноболиғи 17-солаеро дастгир намудаанд, ки дар содир намудани ҷиноятӣ авбошӣ гумонбар мешаванд.
Дар ин бора маркази матуботи ВКД хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 5 октябр гумонбарони ҳодиса як нафар ҳамсоли худро дар ноҳияи Рӯдакӣ латукӯб намуда, бо истифода аз олоти халандаю буранда ба ӯ зарари ҷисмонӣ расондаанд, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.
Айни ҳол, ҳодиса мавриди тафтиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 1545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед