иқтисод
ФАРХОР. ДОЛУ ЗАРБИ ПАХТАЧИНӢ
Пахтакорӣ бахши муҳимтарини соҳаи кишоварзии ноҳияи Фархор аст. Заркорони ноҳия маъракаи имсолаи ҷамъоварии ҳосилро хеле хуб оғоз намуда, муташаккилона идома дода истодаанд. Онҳо мақсад доранд, ки имсол 21 ҳазору 40 тонна дурри гаронбаҳо истеҳсол намоянд.
- Воқеан, пахтакорӣ соҳаест, ки барои таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ин ашёи хоми гаронбаҳо, ки онро «тиллои сафед» ҳам ном мебаранд, аҳамияти калидӣ дорад. Аз дигар ҷиҳат, пахта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам манфиати хуби молиявӣ меорад ва барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Бо назардошти сол то сол сердаромад гаштани соҳаи пахтакорӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ майдони кишти пахта имсол дар ноҳия назар ба соли гузашта зиёд карда, ба 9 ҳазору 617 гектар расонда шуд. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани пахта имрӯзҳо зиёда аз 6 ҳазор пахтачин ба саҳро баромада, ҳосили бо заҳмат парваришёфтаро ҷамъоварӣ карда истодааст, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Рустам Раҳматзода.
Деҳқонон дар ин рӯзҳои офтобӣ аз техникаву қувваи қобили меҳнат самаранок истифода бурда, ҳар рӯз зиёда аз 350 - 400 тонна пахта ҷамъ меоваранд. Натиҷаи ташкили хуби кор ва аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳавасмандсозии чинакчиён буд, ки ноҳия дар ҷадвали мусобиқаи пахтасупории байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
– Барои нашъунамои хуби ниҳолҳо бар зидди ҳашароти зараррасон заҳрдоруҳои тавсиявиро истифода бурдем. Барои серҳосилӣ, сари вақт пухта расидани пахта ба ҳар гектар замин ба миқдори 350 килограмм нуриҳои минералӣ додем ва хоҷагиҳоро сари вақт бо оби полизӣ таъмин намудем, - гуфт саркишоварзи ноҳия.
Дар ҳақиқат, ба мушоҳида расид, ки имсол ҳосил дар саҳро хеле фаровон аст. Мутаассифона, тавре сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумхурият» иброз намуданд, имсол корхонаҳои саноатӣ ҳар кило пахтаро аз деҳқонон бо нархи арзонтар - 4 сомониву 60 дирам харида истодаанд, ки назар ба соли гузашта як сомонию 25 дирам камтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки нархи доруҳои ғизоӣ ва заҳрхимикатҳо дар муқоиса ба соли гузашта қариб ду баробар, яъне аз 130 сомонӣ то 230 сомонӣ боло рафтааст. Агар соли гузашта хароҷоти як гектар замин дар маҷмӯъ 5 ҳазор - 5,5 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас имсол ба 7,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Яъне даромади пахтакор хеле камтар мешавад ва ин ҳаввасмандӣ ба пахтакориро мекоҳонад. Аз ин рӯ, танзими нарх – мушкили имрӯзаи пахтакорон масъалаи таъҷилии рӯз аст.
Сарфи назар аз ин, пахтакорони ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои талаф наёфтани дастранҷ аз боду ҳавои мусоид ва имконияту воситаҳои дигар пурсамар истифода баранд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2019 №: 195 Мутолиа карданд: 1025