сиёсат
ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ БА ТИМИ МУНТАХАБИ НАВРАСОН ДАР ЧҶ - 2019 БАРОР ХОСТ
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 16 октябр бо футболбозон ва мураббиёни тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) қабл аз сафар ба Бразилия ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон вохӯрд, - омадааст дар хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
- Иштирок дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар футболбоз шараф ва масъулияти бузург мебошад. Кӯшишу заҳмат ва ҳунарнамоии волои шумо имкон дод, ки соли гузашта дар чемпионати Осиё дар Малайзия натиҷаҳои хуб ба даст оварда, ба Чемпионати ҷаҳон - 2019 роҳхат гиред. Ҳангоми иштирокатон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ мардуми шарифи Тоҷикистон шуморо мухлисӣ хоҳанд кард. Мисли як оила бошед, дастурҳои мураббиёнро иҷро намоед, бо тамоми неру ва маҳорат дар майдон барои шаъну шарафи кишвари азизамон - Тоҷикистон бозӣ кунед. Ба шумо дар Бразилия муваффақият мехоҳам, - гуфт президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.
Футболбозони ҷавони мамлакат ба президенти ФФТ барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос карданд.
Дар Чемпионати ҷаҳон - 2019, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо мунтахабҳои Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил шудааст.
Футболбозони тоҷик 28 октябр бо Камерун, 31 октябр бо Испания ва 3 ноябр бо Аргентина зӯр меозмоянд.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2019 №: 196 Мутолиа карданд: 1305