номаҳо
ДАР РӮЗҲОИ ДУШВОРАМОН ТАНҲО НАБУДЕМ
Ман Ғиёсова Муҳаббат, модаркалони Аниса Насимзода мебошам. Аниса, набераам, духтарчаи 13 - сола дар гимназияи №2, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таҳсил мекунад. 28 августи соли ҷорӣ дар садамае, ки дар роҳи оҳан бо ӯ рух дод, ҷароҳати вазнин бардошт. Дар ҳолати хунравии зиёд ӯро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Бӯстон оварданд.
Дар ин ҷо зуд ёрӣ расонданд. Духтуроне, ки барои ҷарроҳӣ намудан аз беморхонаи клиникии №1, шаҳри Хуҷанд даъват шуда буданд, зуд расида омаданд. Гурӯҳи духтурон - мудири шуъбаи бачагонаи ин беморхона Мухтор Деҳқонов, ҷарроҳи бачагона Файз Нуров, духтури шуъбаи бемориҳои сӯхта Нуъмонҷон Дадохоҷаев, мудири шуъбаи шарёни дили беморхонаи кардиологии шаҳри Хуҷанд Ориф Пӯлодов, духтурони беморхонаи шаҳри Бӯстон - Насим Яҳёев, Абдукарим Раҳматов, Камолиддин Муллоев, Олим Карамов ва ҳамшираҳои тиб Гуландом Почоева, Волида Саримсоқова 4 соат ҷарроҳӣ гузаронда, набераамро аз марг наҷот доданд. Ҳоло ӯро духтурони беморхонаи шаҳри Бӯстон Олим Карамов, Яҳё Юнусов, Фирдавс Маликов, духтури бачагона Насим Яҳёев ва духтури беморхонаи Хуҷанд Мухтор Деҳқонов муолиҷаи интенсивӣ намуда истодаанд. Мухтор Деҳқонов ҳар рӯз аз шаҳри Хуҷанд омада, худашон малҳамбандӣ мекунанд. Табибон набераамро барои ҷарроҳии аутодермопластикаи озод (аз ҷои сиҳати бадан кӯчонида ба ҷои захм часпондани пӯст) омода карданд ва 16 сентябр боз як ҷарроҳии дигар гузаронданд. Ҳоло саломатии Аниса беҳтар шуда истодааст.
Ба ҳамаи ин табибон изҳори сипос менамоям.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода, ба сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, сардухтури беморхонаи шаҳри Бӯстон Умед Абдуллоев, ба ҳайати духтурону ҳамшираҳо, кормандони ин беморхона изҳори миннатдорӣ мекунам. Дастгирии онҳо буд, ки ба Аниса зуд, ба таври фаврӣ ҳама гуна ёрии тиббӣ расонда шуд. Ба равоншинос Муҳаррама Раҳимова ташаккур мегӯям, ки барои бардоштани рӯҳи Аниса заҳмат кашиданд.
Директори гимназияи №2, шаҳри Бӯстон Ибодулло Зубайдуллозода, ҳайати муаллимону талабагони ин гимназия дар рӯзҳои душвортарин барои оилаи мо ҳамроҳамон буданд. Аз Фонди рушди Тоҷикистон ва намояндаи он Таҳмина Бобоҷонова, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд барои кумакашон миннатдорам. Аз оилаи Иброҳимовҳо, Аминовҳо, Баротовҳо, Нигоровҳо, аз Муътабар Ваҳҳобова, Татяна Ашӯрова, Фотима Сатторова ва даҳҳо дигарон, ки ба ёриву дастгирии мо шитофтанд, сипосгузорам.
Муҳаббат ҒИЁСОВА, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2019 №: 196 Мутолиа карданд: 4857