logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ

Иқтисодиёт соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду ташаккули соҳа таваҷҷуҳи махсуси ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Иқтисодиёт, ки соҳаҳои молия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сохтмонро дар бар мегирад, хушбахтона, алҳол дар кишвари мо дар пайи талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои илман асосноки  роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар пайваста рушд мекунад.
Иқтисодчиён иқтисодиёти ҷаҳонро  ҳамчун система тавсиф медиҳанд, зеро ягон давлати ҷаҳон дар алоҳидагӣ мавҷуд буда наметавонад ва тамоми талаботи худро дар молу хизматрасониҳои зарурӣ ба воситаи муносибатҳои иқтисодии тарафайни хориҷӣ қонеъ мегардонад. Ҳамин тариқ, давлатҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ба воситаи рушди робитаҳои байналмилалии истеҳсолӣ бо ҳамдигар алоқаманд мегарданд ва дар ин асос шаклҳои зерини муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд:
тиҷорати мол ва хизмат;
ҳаракати сармоя;
ҳаракати қувваи корӣ;
мубодилаи технология;
муносибатҳои ҳисобию асъорӣ.
Заминаҳои асосии пайдоиш ва ташаккули иқтисодиёти ҷаҳон инҳоанд:
тақсимоти байналмилалии меҳнат, ки асоси моддии иқтисодиёти ҷаҳонро ташкил медиҳад; сиёсати иқтисодии давлатҳо, ки дастгирии ҳаракати байналмилалии мол ва омилҳои истеҳсолотро дар асоси муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафа пешбинӣ мекунад; бавуҷудоии иқтисодиёти типи кушода дар чаҳорчӯбаи давлатҳо ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ.
Марҳилаи якуми  ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба асрҳои ХV – ХVII рост меояд ва онро марҳилаи ҳукмронии сармояи тиҷоратӣ меноманд. Васеъшавии масоҳати тиҷорати байналмилалӣ, афзоиши номгӯи маҳсулоти тиҷоратӣ, кушодашавии аввалин биржаҳои молӣ дар ҷаҳон, болоравии аввалини нарх ва беқурбшавии пул хусусиятҳои асосии ин марҳилаанд.
Марҳилаи  дуюм,  ки  онро марҳилаи ҳукм-ронии сармояи саноатӣ меноманд, асрҳои ХVIII – ХIХ - ро дар бар мегирад. Хусусиятҳои асосии ин марҳила зиёдшавии истеҳсолоти саноатӣ ва ба вуҷуд омадани аввалин буҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон (соли 1825) мебошанд:
Марҳилаи сеюм - марҳилаи ҳукмронии сармояи молиявӣ асрҳои ХХ-ХХI - ро дар бар мегирад ва аҳамияти зиёд пайдо кардани содироти сармоя нисбат ба содироти мол, яъне кушодани корхонаҳо дар хориҷа, ба роҳ мондани фаъолияти васеи ширкатҳои фаромиллӣ - ширкатҳое, ки аз рӯи сармоя ба як мамлакат тааллуқ дошта, аз рӯи фаъолият байналмилалианд, таъсисёбӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ хусусиятҳои муҳими онанд.
Давоми 28 соли истиқлолият дар Тоҷикистон як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардиданд, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.
Бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаҳои рушди кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ қабул гардид ва амалисозии муваффақи аксари онҳо ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиард сомонӣ расонда, суръати афзоиши он нисбат ба соли пешӣ ба 21,3%, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноати истихроҷ ба 4,5 млрд. (22,5 %), саноати коркард ба 11,7 млрд. (22,7 %), истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ ба 3,7 млрд. сомонӣ (16,5 %) баробар шуд.
Соли гузашта дар сохтори маҳсулоти умумии соҳаи саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи саноати истихроҷ  22,6 % (соли гузашта 19,8 %), саноати коркард 58,8 % (62,2 %) ва истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 18,6 %(18% ) - ро ташкил дод.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар иншооти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ, хатҳои баландшиддату миёнашиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои пуриқтидор, нақбҳои «Озодӣ», “Истиқлол”, “Шаҳристон”, шоҳроҳҳои зиёди автомобилгард, аз ҷумла Душанбе - Хуҷанд- Чанак, Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум, Душанбе - Рашт - Лахш - сарҳади Қирғизистон, Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ - Панҷакент, роҳҳои оҳани Бохтар - Кӯлоб, Ёвон – Ваҳдат, сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дастовардҳои иқтисодии замони соҳибис-тиқлолии Тоҷикистонро   метавон бо сари баланд ва эҳсоси ифтихор бешумор номбар намуд, зеро онҳо хеле зиёданд, вале дар байни ин дастовардҳо  бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бунёд ёфтани неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду агрегати НБО «Роғун» ва неругоҳҳои зиёди хурду миёна барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти хосса дорад. Шумораи танҳо неругоҳҳои хурди (бо иқтидори аз 5 то 2500 кВт) дар Тоҷикистон тайи  солҳои соҳибистиқлолӣ бунёдшуда ба 235 расидааст.
Айни ҳол масъалаи рушди соҳибкорӣ, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад, дар меҳвари таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ самти афзали сиёсати иқтисодии кишвар эълон гардидааст. Ҳамин аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ пайваста тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд. Муқаррар намудани имтиёзу сабукиҳои зиёди андозию гумрукӣ, низоми содаи бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, эъломи моратория ба санҷишҳои фаъолият ва ҳавасмандсозии соҳибкорон аз ин ҷумлаанд.   
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод таъкид намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».
Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо дастури Президенти кишвар стратегияҳои миллии рушд ва барномаҳои миёнамуҳлат, ки дар комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб меёбанд, таҳия ва қабул гардида, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад.    
Фозил ОБИДОВ, профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 1462
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед