фарҳанг
СИНАМОИ МИЛЛӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ
Синамои тоҷик марҳилаҳои тӯлонии таърихиро паси сар кард. Дар ин муддат садҳо ҳунарманду коргардон ва филмноманависи касбӣ ба майдон омада, филмҳои сатҳи ҷаҳониеро, ки муаррификунандаи таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, рӯи навор оварданд.
Оғози мушкил ва шуҳрати ҷаҳонӣ
Ҳанӯз 90 сол пеш, яъне соли 1929 аввалин филми тоҷик аз ҷониби ҳаваскорони кинои тоҷик Николай Гизулин, Василий Кузин ва Артём Шевич ба навор гирифта шуд, ки оғози кинематографияи миллӣ буд. Бо ҳамин, номи ин се тан ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик дар таърих сабт гардид. Баъдан, 18 майи соли 1930, трести истеҳсоли филми “Тоҷиккино” ё ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт, ҳарчанд он таҷҳизоти зарурӣ надошт. Кормандон аз дастгоҳҳои куҳнаву фарсудаи суратгирӣ дастгоҳҳои наворгирӣ тайёр менамуданд.
Таърихи синамои тоҷик бо фаъолияти нахустин кинорежиссёри миллӣ Комил Ёрматов алоқаи ногусастанӣ дорад. Аввалин филмашро бо номи «Ҳуқуқи бошараф» соли 1932 таҳия намуд. Соли 1934 бошад, филми «Муҳоҷир» - ашро ба навор гирифт, ки коршиносон онро беҳтарин филми бадеии беовози тоҷик медонанд.
Дар филми «Муҳоҷир» нақшҳои асосиро худи Комил Ёрматов бо аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик аз шумори бонувон София Тӯйбоева бозӣ кардаанд. Маҳз аз ҳамин давра кинематографистони миллӣ – Комил Ёрматов (таҳиягар, филмноманавис, актёр), София Тӯйбоева (ҳунарпеша), Фирӯз Баҳор (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (ҳунармандон), Қ.Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М. Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон рӯи кор омаданду кинои тоҷик оҳиста – оҳиста рушд кард.
Дар нимаи дуюми асри гузашта синамои миллӣ ба таври бесобиқа густариш ёфт. Дар ин давра як зумра коргардонҳо, филмноманависон, ҳунармандон ва бастакорони ҳирфаӣ ба саҳнаи кинои тоҷик омаданд. Филмҳои сатҳи ҷаҳонии «Қисмати шоир» (барандаи Ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), «Коваи оҳангар», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Дохунда», «Ҳасани аробакаш», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Ман бо духтаре вохӯрдам», “Писар бояд зан гирад”, “Марги судхӯр”, “Муҳосира”, “Қалби ман дар кӯҳсор”, “Субҳи нахустини ҷавонӣ” ва “Марди роҳ” аз тарафи чеҳраҳои нав, аз ҷумла Борис Кимиёгаров, Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Суҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова ва дигарон рӯи навор омаданд, ки аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Инчунин, бо таҳияи филмҳои «Тоҷикистон», «Дар кӯҳҳои Помир», «Қувваи бузург», «Дар Помир», «Водии Вахш», «Сарзамини ҷавонӣ», «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, Мукофоти давлатии СССР), «Иди халқи тоҷик», «Садриддин Айнӣ» ба офаридани филмҳои мустанад бунёдгузорӣ шуд ва минбаъд ҳамчун соҳаи алоҳидаи кинематографияи миллӣ инкишоф ёфт.
Табаддулоти куллӣ дар ҷустуҷӯи сабку услуб ва мавзӯъҳо
Охири солҳои 80 – 90 - уми асри XX дар кинои тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омад. Бояд гуфт, ки дар ин марҳила кинои шӯравӣ пурра характери пропагандистӣ дошт, филмҳои мустанаду ҳунарии мо бо ҷустуҷӯи сабку услуб ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ манзури тамошобинон мегардиданд. Беҳтарин филмҳои ин давра “Айёми алафҳои зард”, “Мусофир”, “Братан”, “Ситораҳои сари танӯр”, филмҳои кӯтоҳметраи ҳунарии “Панҷара”, “Чоҳ”, “Хоби бедорӣ” ба шумор мераванд, ки аз тарафи насли нави коргардонҳо Майрам Юсуфова, Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ пешниҳод гардида буданд. Хусусияти умдаи ин филмҳо дар истифодаи забони ҷадиди кинематография ва эстетикаи нав таҷассум меёбад.
Майдони холӣ ё буҳрони кинои тоҷик
Вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ синамои тоҷик ба буҳрони эҷодӣ рӯ ба рӯ шуд. Аксари кормандони ҳирфаӣ тарки Ватан намуданд. Ғайр аз ин, дастгоҳҳои наворгирӣ куҳнаву фарсуда шуда, толорҳои кино, ба қавле, «бо чашми чор мунтазири тамошобин буданд». Яъне, фарҳанги киноофарии хубе, ки дар замони шӯравӣ доштем, мутаассифона, дар чанд соли аввали соҳибистиқлолӣ фаромӯш гашт, дар фазои кинои тоҷик холигӣ ба миён омад. Бо вуҷуди чунин мушкилиҳо, баъдан филмҳои хубу диданӣ низ рӯи навор омаданд, ки аз ҷиҳати сабку услуб ва фарогирии мавзӯъҳо бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд. Барои мисол, метавон филмҳои “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (аввалин филми касбии видеоии тоҷик), “Муҷассамаи ишқ”, “Овора”, “Тақвими интизорӣ”, филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ”, “Синамои муҳаррик” - ро ёдовар шуд.
Бо як гул баҳор намешавад! Ё чӣ бояд кард?
Имрӯз коргардонҳое, ки бо филмҳояшон тавонанд синамои моро пеш баранд, ҳастанд, вале ангуштшуморанд. Аз ин хотир, барои рушди соҳа ҷалби сармоя ва таъсиси Фонди рушди кино аз муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷониба мехоҳанд. Таъсиси мактаби миллии синамо паҳлуи дигари масъала аст. Зеро нарасидани коргардону филмномависон, наворбардорону рассомон, садобардорону равшанидиҳандагон, пиротехникону мантажкунандагон чун обу ҳаво эҳсос мешавад.
Тавре киношиносон иброз медоранд, дар саноати киносозӣ ду навъи филм: бадеӣ ва тиҷоратӣ маъмулу машҳуранд. Филмҳои тиҷоратӣ бештар барои истироҳату фароғати тамошобинон ва барои ба даст овардани маблағ ба навор гирифта мешаванд. Филмҳои ҳунарӣ бошанд, асосан, дар фестивалҳо ба намоиш гузошта шуда, фарҳанги миллиро муаррифӣ мекунанд. Имрӯз дар бозори синамои миллӣ ҳарду намуди филмҳо намерасанд. Яъне, бояд филмҳое, ба навор гирифта шаванд, ки дар бозори дохилӣ дар баробари филмҳои хориҷӣ рақобат карда тавонанд. Ва дар ҷаншвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гарданд.
Хуллас, кинои тоҷик ҳарчанд то андозае рисолати худро иҷро намуда истодааст, вале шоҳроҳи синамо ба тармиму таҷдиди пурра ниёз дорад. Дар оғози таъсисёбӣ санъати кино ҳамқадами замон буд ва пайваста синамогарон барои беҳбудии аҳли ҷомеа кӯшиш мекарданд. Дар 90 – сол садҳо чеҳраҳои нав рӯи майдон омада, образҳое, ки бозгӯкунандаи симои ҳақиқии миллати тоҷиканд офарида шуданд. Имрӯз он анъана бояд идома ёбад. Ғайр аз мавзӯъҳои хонаводагӣ синамогарон ба мавзӯъҳои таърихиву замонавӣ даст зананд ва дар зинда кардани симоҳои қаҳрамонҳои милливу ҳалли проблемаҳои замон саҳми худро гузоранд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2019 №: 197 Мутолиа карданд: 1247