ҳуқуқ
МАРЗ. ИҚДОМИ МУШТАРАКИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲО
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тасвиб расид.
Абдусаттори Шоҳиён, муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст. Дар созишнома зарурати таҳия ва ба имзо расондани ин санад, масъалаҳои ҳамкорӣ, инчунин, вазифаҳои асосии гурӯҳи муштарак пурра ва мушаххас дарҷ гардидааст.
Ба гуфтаи Абдусаттори Шоҳиён, таҳлил ва баҳогузории вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки наметавон таҳдиду хатарҳо дар ҳудуди сарҳади давлатии ҷумҳурӣ, эҳтимоли марзшиканӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористию экстремистӣ ва қочоқчиёни силоҳбадастро сарфи назар намуд. Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои Толибон ва неруҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақахои наздисарҳадӣ хати тӯлонии сарҳад аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳифз карда намешавад. Аз ин рӯ, тибқи маълумот гурӯҳҳои террористӣ бо омӯзиши дараҷаи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ бо якдигар ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд. Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри таъмини амнияти сарҳади беруна корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст.
- Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан аз қувва ва воситаҳои муосир самаранок истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз баҳри саривақт пешгирӣ намудани фаъолияти тахрибкоронаи онҳо ва таъмини амнияти минтақа зарурати амалӣ намудани созишномаи мазкур ба миён омадааст, - гуфт А. Шоҳиён.
Номбурда дар посух ба саволҳои вакилон оид ба вазъи сарҳади давлатӣ итминон дод, ки вазъ ором ва таҳти ҳимояти ҷиддии марзбонони кишвар қарор дорад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2019 №: 197 Мутолиа карданд: 936