номаҳо
ТУҲФА
Деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо доштани заминҳои зиёди киштбоб, захираи бузурги канданиҳои фоиданок ва мардуми меҳнатдӯсту меҳнатқарини хеш дар вилоят ва ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст.
Сокинони деҳоти мазкур, асосан, ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машғул буда, бо ин восита сатҳи рӯзгори хешро сол ба сол беҳтар менамоянд.
Чуноне ки ба ҳамагон аён аст, иқлими Сағирдашт нисбат ба дигар деҳоти ноҳия сардтар мебошад. Ва баъзан аз сабаби барвақт омадани фасли сармо ва набудани техникаи ғалладарав сокинон наметавонистанд, ки ғаллаи кишткардаи хешро сари вақт, беталаф ғунучин кунанд.
Боиси хушнудист, ки соли гузашта бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ба сокинони деҳоти Сағирдашт комбайни калони NIVA SK5 тақдим гардид. Ду сол мешавад, ки кишоварзони деҳоти мазкур сари вақт ва бенуқсон тамоми ҳосили ғаллаи хешро меғундоранд. Ва ба ин восита кори кишоварзони деҳоти мазкур хеле осон мегардад.
Масалан, агар пештар кишоварзон як гектар замини гандум ё ҷавро дар муддати як ҳафта даравида мекӯфтанд, пас ҳоло комбайн ин миқдор замини ғалларо дар муддати як соат медаравад, мекӯбад ва дони онро ҷудо мекунад.
Сокинони деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон баён менамоянд.
Пӯлодҷон ВАТАНОВ, ноҳияи Дарвоз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2019 №: 198 Мутолиа карданд: 4344