иқтисод
СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА АНДОЗАИ 8,9 МИЛЛИАРД СОМОНӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, бобати ба кор андохтани корхонаю коргоҳҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳо буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли равон ба 8,9 миллиард сомонӣ расид.
Ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии беш аз 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то 1 октябри соли равон 82 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 1240 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ин давра истеҳсоли семент ба 1 миллион тонна расонда, дар конҳои вилоят 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид. Корхонаҳои консервбарории вилоят 16 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2 миллион қуттӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли орд низ афзуда, ба 194 ҳазор тонна расид.
Иқдоми таъсис додани корхонаю коргоҳҳои нави дӯзандагӣ аз ҷониби роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста дастгирӣ меёбад. Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 13 коргоҳи дӯзандагӣ бо 124 ҷойи корӣ таъсис ёфт, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар корхонаю коргоҳҳои вилоят 437 ҳазору 852 либоси мактабӣ дӯхта шуд, ки 123,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2019 №: 198 Мутолиа карданд: 1970