ҳуқуқ
СУДИ ОЛӢ. БАРРАСИИ 106695 ПАРВАНДА ДАР НУҲ МОҲ
Дар нуҳ моҳи соли равон ба судҳои ҷумҳурӣ 120090 парванда ва дархосту пешниҳод ворид шуда, аз ин шумора 106695 адад моҳиятан баррасӣ гардид. Аз теъдоди парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 10130 парвандаи гражданӣ, 29324 оилавӣ, 8149 ҷиноятӣ, 39106 маъмурӣ ва боқимонда дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо мебошанд.
Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи судҳои ҷумҳурӣ иброз дошт. Гуфта шуд, ки дар ин давра 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ шудааст. Аз ҷониби судҳо вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 527 нафар баррасӣ шуда, нисбат ба 519 кас ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.
Шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад ба 12690 адад расидааст. Дар маҷмӯъ, нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 7114 кас ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъйин гардидааст.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 12966 таъйиноти хусусӣ бароварда, 471 ҷамъбасти амалияи судиро гузаронда, ба мақомоти дахлдор 567 пешниҳод ирсол намуданд.
Раиси Суди Олӣ дар охири ҷамъомад ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ бо сифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва сари вақт ба тарафҳо супурдани нусхаҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.10.2019 №: 198 Мутолиа карданд: 1622