номаҳо
ҲИФЗИ ЗАБОН ЯК РУКНИ ИМОН
Забон ҷавҳари ваҳдатофаринӣ дорад, он ба ҳар миллат истиқлол, нангу номус ва ифтихору шараф мебахшад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари қудрат омадан ҳамчун як сиёсатмадори воқиф аз таърих забонро “ёдгории маънавӣ” ва “рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат” дониста, дар бораи ҳифзи покизагиву асолати он пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамуданд.
Маҳз муҳаббату ғамхории Президенти кишвар буд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода ба сатҳи ҷаласаву маҳфилҳои ватанӣ ва анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ баромад. Номи даҳҳо шаҳру навоҳӣ ва деҳоти мамлакат тоҷикӣ номгузорӣ гардид, шаҳрвандон ному насабашонро миллӣ карданд, ҳуҷҷатгузориҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлативу ғайридавлатӣ тоҷикӣ шуд, забоншиносон садҳо вожаҳои камистеъмолу гумшудаи тоҷикиро эҳё карда, имконияту зарфиятҳои забонамонро вусъат бахшиданд, ки аз ибтикори Сарвари давлат сарчашма мегирад.
Ҳамчунин, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири забон соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод ва қабул гардид ва барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумат сохтори нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд.
Дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар дар баробари ҳурмати модару Ватан эҳтироми забонро “ифтихори давлатдории миллӣ” арзёбӣ намуда, азизу гиромӣ доштани онро “як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус” донистанд, ки, воқеан, барҳақанд.
Сафиямо ЁРАЛИЕВА, омӯзгори МТМУ № 43, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2019 №: 199 Мутолиа карданд: 5020