фарҳанг
ОСУДАГИИ ТОҶИКИСТОН ОСУДАГИИ МОСТ! БАРДОШТ АЗ СУҲБАТИ ҲАМЗАБОНОНИ САРШИНОС
Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузашт, форсизабонони дунё, дӯстону бародарони халқи тоҷик аз кишварҳои гуногун ширкат варзида, самимияту муҳаббати худро ба халқи тоҷик ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
Онҳо дар баробари он ки роҳи росту ҳамвори Пешвои миллатро дар пайкори сангини бунёдсозии давлати навини тоҷикон ситоиш карданд, ҳамчунин, шеърҳои хубу пурҳароратеро дар бораи Тоҷикистону Сарвари он қироат карданд, ки боиси хушҳолӣ буд.
Паёмҳои оташини ҳамзабонони бурунмарзии мо гувоҳ бар онанд, ки форсизабонони ҷаҳон аз пешравиҳои иқтисодиву фарҳангии Ватани мо илҳом гирифта, ояндаи ин марзу бумро дурахшон мебинанд ва Душанберо ҳамчун пойтахти навини тамаддуни ориёии ҷаҳон пазируфтаанд.
Ҳама бо як овоз тасдиқ мекунанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз миёни мардум бархоста, дар қалбҳои мардумаш ҷойи хос дорад ва шоистаи ҳар гуна таҳсину офарин ҳам ҳаст.
Меҳмонон аз Ӯзбекистон, ки он ҷо низ ҳамзабонони мо хеле зиёданд, аз пешрафтҳои кишвар шодмонии худро баён карда, изҳор доштанд, ки агар Тоҷикистон орому осуда аст, агар Тоҷикистон сулҳу субот дорад, мо низ орому осоиштаем. Сари ифтихор боло медорем, ки хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистон осуда аст ва барои пешрафт гомҳои устувор мемонад.
Ҳамзамон, дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бошандагони кишварро бо 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омодагиҳо барои таҷлили он босуръат идома доранд, шодбош гуфта, дуои нек арза доштанд.
Махсусан, ба кор даромадани ду чархаи НБО «Роғун» - ро бо хушнудӣ пазируфтанд ва дар аксари суханрониҳо зик-ри ин иншооти ояндасоз мерафт. Ҷорӣ кардани системаи давлатдории дунявӣ, густариши сиёсати баробарии занону мардон дар ҷомеа ва, беш аз ҳама, дар мавриди пойдории амният дар кишвар суханони гӯёву расо гуфтанд.
Мақсад аз ёд кардани истиқболи гарми ҳамзабононамон дар чунин рӯҳия тарбия кардани насли оянда аст. Зеро дар таҷрибаву гуфтаҳои хориҷиён асолати давлатдории мо бештар ҳувайдо мешавад.
Мебояд гуфт, ки тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамтаборону ҳамзабонони зиёд доранд ва онҳо аз ҳар комёбиву дастовардҳоямон ба ваҷд омада, мехоҳанд хушнудии худро ба забон оранд. Хушбахтона, баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои онҳо имкон медиҳад, то аз эҳсосоти неки худ моро бохабар кунанд.
Манзура РАҲМАТУЛЛОЕВА, омӯзгори МТМУ №49, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2019 №: 200 Мутолиа карданд: 1514