иқтисод
САНОАТИКУНОНӢ ДАР АШТ. ТАДБИРҲО РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо мақсади вусъати соҳаи саноат, хусусан коркарди ниҳоии ашёи хом, саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Мақсад аз ин иқдом бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёд кардани корхонаҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошад. Амалисозии ин ҳадаф роҳи асосии муваффақ гаштан дар ҷодаи содирот ва дарёфти мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонист. Бо ин роҳ таъмин кардани шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор низ имконпазир аст. Ин раванд дар ноҳияи Ашт дар кадом вазъ қарор дорад?
Барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми кишвар дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки тибқи он, сохтмони 23 корхонаи саноатӣ дар назар аст.
- Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ва гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи саноатикунонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол бунёди чор корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай аз оғози сол дар маркази Ҷамоати деҳоти Ориён коргоҳи дӯзандагӣ бо 14 ҷои кор ба истифода дода шуд. Самти фаъолияти ин корхона, асосан, дӯхтани либосҳои мактабист. Агар қаблан либоси мактабӣ ба ноҳия аксаран аз дигар ҷо ворид мешуд, ҳоло дар ҳудуди ноҳия истеҳсол мегардад. Ҳамчунин, роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ истеҳсоли чанд номгӯй масолеҳи сохтмониро ба роҳ монад. Соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Ғиёсов азм дорад, ки дар Ҷамоати деҳоти Шодоба бо иқтидори истеҳсоли 2 миллион дона хишт дар як сол ва таъсиси 35 ҷои кор корхонаи истеҳсоли хишти пухта бунёд намояд, - гуфт Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳия.
Мирзошариф Ҷӯраев, муҳандиси таҷрибадор, гуфтаҳои болоро тақвият бахшида, иброз дошт:
- Бо назардошти он ки дар ҳудуди ноҳия ашёи хоми соҳаи сохтмон фаровон аст, бо ҷалби соҳибкорон ва ворид кардани технологияи муосир имконияти дар ин ҷо бунёд намудани корхонаҳои истеҳсоли семент, хишт, гаҷтахтаҳо мавҷуд аст. Баробари ташкили корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунёди коргоҳи қаннодӣ бо таъсиси 20 ҷои кор ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони бинои корхона ба итмом расида, аз Федератсияи Россия таҷҳизот ворид шудааст. Он то охири сол ба истифода дода мешавад. Барои беҳбудии бахши содиротии ноҳия коргоҳи нави бандубасти мева - «Аштфрут» бо 16 ҷойи кор давоми соли равон ифтитоҳ мегардад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Маҳмудзода, бо фаъол шудани коргоҳу корхонаҳои нав тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 104 миллиону 471 ҳазор сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 21 миллион сомонӣ (24 дарсад) зиёд аст.
Барои расидан ба ин ҳадаф дар ноҳия чанд омили дигари заминавӣ мавҷуд аст. Аз худ кардани қариб 70 ҳазор гектар заминҳои доманфарохи солҳои сол бекорхобидаи мавзеи Ашти Калон яке аз ин омилҳост. Ин шароити табиӣ барои тавлиди маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ҳамчун ашёи хоми саноатӣ аҳамияти бағоят калон дорад. Ба фаъолият шурӯъ кардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳалли масъалаи обёрии заминҳо такон мебахшад. Барои шодоб сохтани ин дашти асрҳои аср ташналаби Ашт бо истифода аз оби фаровони дарёи Сир пойгоҳҳои неруманд бунёд хоҳанд шуд. Ба ин васила ҳазорҳо гектар боғҳои замонавии интенсивӣ бунёд мегарданд. Табиист, ки ҷиҳати коркарди ниҳоии самари боғҳо даҳҳо корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сохта мешаванд. Дар ин ҳол ҷойҳои нави кор муҳайё шуда, имконияти содироти маҳсулоти тайёри консервӣ меафзояд. Барои амалисозии ин нақшаҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати бунёди корхонаҳо ва ободсозии диёр сармоягузорон, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ даъват шудаанд. Дар доираи тадбирҳо барои рушди саноат фаъолияти корхонаи «Кони намак» низ ҷоннок гардид. Соли равон аз ин корхона ба Қирғизистон 225 тонна ва Ӯзбекистон 143 тонна намак содирот шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талош дорад, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳот бунёди коргоҳҳои хурди истеҳсоли афшураи мева ба роҳ монда шавад. Барои ин тамоми шароиту имкониятҳо муҳайёанд.
Бахши дигари саноат истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ ва нафт мебошад. Соли 2018 коркарди санги хоро роҳандозӣ шуд. Дар ин ҷо сангҳои гуногуни минтақаи Ровакон коркард мешаванд. Барои истифодаи босамари имкониятҳои мавзеи мазкур солҳои наздик боз ду корхонаи дигари коркарди санг таъсис меёбад.
Пахтакорӣ, ки рӯ ба рушд аст, барои бахши саноати ноҳия ашёи фаровони гаронбаҳо фароҳам оварда метавонад. ҶДММ «Рахшона», ширкати муваффақи кишоварзӣ, тасмим гирифтааст, ки дар оянда чанд коргоҳи коркарди нахи пахта ва маҳсулоти тайёри онро бунёд намояд, аз ҷумла то соли 2021 сохта ба истифода додани коргоҳи ресандагӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Дар сурати амалисозии босамари нақшаҳо дар самти саноатикунонӣ давоми 3 – 4 соли оянда Ашт метавонад ба яке аз ноҳияҳои рушдёфтаи саноатӣ мубаддал гардад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2019 №: 200 Мутолиа карданд: 1345