logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чайнворди «Ноҳияи Айнӣ»
1. Рӯзномае, ки тағйири ном кардааст.
2. Раиси ноҳия.
3. Шоир ва рӯзноманигор.
4. Яке аз сарватҳои маъданӣ.
5. Шоира.
6. Маркази ноҳия.
7. Номи овозхони шинохта.
8. Номи деҳа.
9. Мавзеи сайёҳӣ.
10. Гиёҳшинос, табиби халқӣ.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ҚАТОРА БАРОИ ЯК МУСОФИР
Моҳи марти соли 2016 як мактаббачаи ҷопонӣ  дабистонро хатм кард ва баробари ин, равуо дар хатсайри қатора низ аз истгоҳи Ками  Сиратакии ҷазираи Хоккайдои Ҷопон қатъ гардид.
Боре  кормандони роҳи оҳани Ҷопон тасмим гирифтанд, ки ҳаракатро аз истгоҳи мазкур қатъ созанд. Вале, маълум шуд, ки дар ин макон хонандае иқомат дорад ва дубора ҳаракати қатораро  дар хатсайри мазкур барқарор карданд. Ҳамин тавр, қатора дар як рӯз ду маротиба, аз рӯи ҷадвали  дарсии мактаббача, дар ин макон ҳозир мешуд. Ин ягона қаторае буд, ки танҳо ба хотири як мусофир дар як хатсайр чанд сол фаъолият кард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО  


БУЗУРГТАРИН ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ҶАҲОН
Ҳайят
Бунёдгузорони шабакаи меҳмонхонаҳои «Ҳайят» бародарон Ҷей ва Доналд Притскёрҳо буданд. Онҳо ҳамроҳи дӯсташон Шон Ҳайят, ки исми шабака ба номи ӯст, соли 1957 дар шаҳри Лос - Анҷелес меҳмонхонаи аввалини худро мекушоянд. Баъдтар Шон Ҳайят ҳиссаи худро ба бародарон мефурӯшад ва онҳо соҳиби пурраи меҳмонхона мегарданд. Соли 1967 меҳмонхонаҳои «Ҳайят» дар Атланта, баъдан дар Аврупо ва Шарқи Наздик кушода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки меҳмонхонаи «Гранд Ҳайят» дар шаҳри Шанхай, ки аз 90 ошёна иборат аст, баландтарин меҳмонхонаи ҷаҳон дониста мешавад.
Идеяи бародарон, ки бояд намои дохилии меҳмонхона бо тарҳи миллии ҳар як кишвар мувофиқ бунёд гардад, то ҳол истифода мешавад. Ҳамин аст, ки меҳмонхонаҳои «Ҳайят» дар байни сайёҳон машҳур буда, беҳамто дониста мешаванд. Бояд зикр намуд, ки қариб дар тамоми кишварҳои олам 200 меҳмонхона зери бренди «Ҳайят» фаъолият мекунад, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.
Таҳияи Комрон САФАР


ШЕРЛОК ҲОЛМС
ҚАҲРАМОНИ ХАЁЛИИ ТАБИБЕ БУД
Артур Конан Дойл. Ин шахс табиби чашм буду дар як гӯшаи дурдасти шаҳри Эдинбурги Бритониёи Кабир ба сар мебурд. Ба дармонгоҳи ӯ дар як рӯз 2 ё 3 бемор муроҷиат мекарду бас.
Он замон бозори асарҳои детективӣ гарм буд. Артур Конан низ аз набудани мизоҷон дилгир шуда, детектив мехонд. Рӯзе бар сараш ғояи асаре омаду аввалин қисмати қиссаи Шерлок Ҳолмсро навишт. Онро тавассути почта ба нашрияе фиристод.
Баъди чанде ҳаққи қалам ба ӯ расид. Лифофаро кушода, ҳуш аз сари табиб парид. Музди қисса аз моҳонаи ӯ як баробар зиёд буд. Баъди навиштани қисми дуюми саргузашт аз нашрия паём расид, ки 8 қисми дигари онро базудӣ бинависад. Зеро онро дар шакли китоб чоп карданӣ буданд.
Ҳамин тавр, китоби «Саргузаштҳои Шерлок Ҳолмс» ҳазорон нусха чоп шуда, ба ӯ шуҳрат ва сарвати беҳисоб овард.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
«Эмма» ва Ҷоан Роулинг
Баробари мутолиаи романи «Эмма» - и Ҷейн Остин хонанда, бешубҳа, нависанда шудан мехоҳад. Остин писандидатарин нависандаи адиби барҷастаи бритониёӣ   Ҷоан  Роулинг маҳсуб мегардад. Маҳорати баланди суханварӣ ва тасвири олии романи мазкур Роулингро мутаассир намуда, ӯро ба эҷоди асар дар услуби хоси ин адиб водор намудааст. Ҷоан тамоми  умр кӯшид, то асаре  нависад, ки шабеҳи романи «Эмма» бошад, аммо ба он то ҳол муяссар нагаштааст. Ӯ бо эҷоди асари «Ҷойҳои холии тасодуфӣ» тавонист қисман ба муродаш расад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ДАР КАТАФАЛК ҲАМ ОРОМӢ НАБУДААСТ
Ин воқеаи ғариб дар Венгрия ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз гӯрковҳои мазори марказӣ аз ҳад зиёд нӯшида, масти аласт шуду хост, ки каме дам гирад. Аз ин рӯ, ба катафалк – мошини тобуткашонӣ даромада ба хоб рафт. Бахт ба бечора ду бор омад накард. Дар оғоз кадом бесаре катафалкро дуздида дар роҳҳои қабристон девонавор бо суръати баланд ронд. Аз ин ҷони гӯрков ба ҳалқаш омад. Баъд дузд аз идораи нақлиёт набаромад ва мошин ба гӯри навкандашуда тараққасзанон сарозер афтод. Бечора гӯрков ба ҳуш оварда шуд ва бо ҷароҳатҳои вазнини сершумор дар наздиктарин беморхона бистарӣ гардид.
 Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ЧИНИҲО БОЗ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДАНД
8 октябри соли ҷорӣ дар  музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин болои рӯди  Янтсзи пули аз лиҳози муҳандисӣ нодир ба фаъолият шурӯъ намуд, ки 16 миллиард доллар арзиш дошта, сохтмонаш қариб панҷ сол идома ёфтааст. 
Пул дуқабата буда, ҳар қабати он дорои 6 хати роҳрав аст. Ҳамчунин, барои дучархасаворон ва пиёдагардҳо низ минтақаҳои махсус ҷудо карда шудаанд.
Дарозии умумии пул зиёда аз 16 километрро ташкил дода, суръати нақлиёт бояд аз 60 км/соат то 80 км/соатро дар бар гирад. 
Шояд боварнокарданист, вале дар маросими ифтитоҳ  витсе - президенти ширкати «Wuhan Consstruction Investment» Лин Чи иброз дошт, ки рӯзҳои наздик дар пули нодир хати метро низ гузаронда мешавад.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА


ГОЛ БО САР АЗ НИМАИ МАЙДОНИ ХУДӢ
Лаҳзаи ниҳоят аҷиб дар дидори бошгоҳҳои «Босфорд Юнайтед» ва «Юнайтед оф Манчестер» дар Премйер лигаи шимолӣ (дивизиони ҳафтуми Англия) ба вуҷуд омад. Дар дақиқаи 62 - юм бозигари хати мудофиаи манкунианҳо тӯбро аз майдони худ дур кард. Ба партоби тӯб ба хати марказ ҳимоятгари «Босфорд» Стефан Галински шитофт. Ӯ аз ҳариф гузашта, бо сар тӯбро ба самти дарвозаи рақиб равон кард. Тӯб ба майдончаи ҷаримавии «Манчестер» расида, аз болои сари дарвозабон гузашт ва сипас, дохили тӯри дарвоза гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
6. Пули Гленфиннан Виадук, Шотландия
Дар кӯҳҳои Шотландия, дар назди кӯли Лох -  Шил, яке аз ҷойҳои афсонавию дидании Бритониёи Кабир - пули роҳи оҳани Гленфиннан ба ҳисоб меравад. Пул охири асри XIX бунёд ёфта, дар ҷаҳон бемислу монанд эътироф гаштааст. Ба ақидаи  муаллиф ва коргардони филми бадеӣ - фантастикии "Кӯҳистонӣ», маҳз дар ин макон қасри авлодии Маклауд ҷойгир будааст. Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


ЧАНД АМАЛИ АҶИБИ ДУЧАРХАСАВОРОНИ ДАНИЯГӢ
Стифенс ва Кэрол, ҷуфти ҷавони португалӣ, ки ҳоло дар Дания зиндагӣ мекунанд, дар блоги хеш бо номи «Хушбахт» роҷеъ ба паҳлуҳои аз ҳама аҷиби зиндагии даниягиҳо пайваста қисса мекунанд, аз ҷумла, дар бораи хусусияти дучархаронии сокинони ин кишвар ҳам.  Даниягиҳои навзод аз таваллудгоҳ то хона бо дучарха оварда  мешаванд ва аз он тамоми умр ҷудо намегарданд. Дар  ин кишвар ба сари ҳар нафар аҳолӣ теъдоди рекордии велосипедҳо рост меояд. Сокинони маҳаллӣ дар ҳама ҳолат, ҳатто сарфи назар аз барфу борон ва бод  дучархасаворӣ менамоянд.
Фикр мекунам донистани чанд амали аҷиби велосипедсавории  даниягӣ барои алоқамандони «Шоми шанбе» аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

1. Савори дучарха фиристодани паёмак
Даниягиҳо савори дучарха бо телефон суҳбат мекунанд, ки ин борояшон амали муқаррарӣ маҳсуб мешавад. Бисёриҳо дар ин ҳолат аз гӯшӣ (наушник) - и симдор истифода мебаранд ва телефонро аз ҷайбашон набароварда, метавонанд суҳбат намоянд. Аммо, нафароне ҳам вомехӯранд, ки телефонро рӯи даст мегиранд.
Баъзеҳо, ҳатто, доногию уҳдабароии худро нишон дода, савори дучарха паёмак мефиристанд, ки инро санъати олии велосипедронӣ медонанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,  тарҷума аз русӣ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН  ОИД БА ШОҲМОТ
Михаил ТАЛ
Чемпиони ҳаштуми ҷаҳон
(солҳои 1960 – 1961). Намояндаи CCCР.
Тал бар Михаил Ботвинник дар мусобиқа барои унвони чемпиони ҷаҳон дар синни 23 - солагиаш ғалаба кард. То чемпион шудани Гарри Каспаров ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.
Тал ҷонибдори бозии комбинатсионӣ буд. Ба ҳангоми ҳуҷуми барқосо аз қурбон намудани пиёдаву савораҳо рӯй намегардонд. Чунин тарзи донаронӣ ба тамошобинон хеле писанд меомад. Бемуҳобот, Михаил Тал дӯстдори омма буд. 
Парвардигор ба Тал истеъдоди фавқулода бахшид, аммо тани сиҳат надод. Беморӣ ҳамсафари якумрии Михаил Нехемевич буд. Ҳамчунин, вай ба реҷаи варзишӣ низ он қадар таваҷҷуҳ намекард. Ба ҳар ҳол, истеъдоди бузург ва таҷрибаи андухтааш ба Тал шароит фароҳам оварданд, ки то охирин рӯзи ҳаёташ яке аз зӯртарин шоҳмотбозони ҷаҳон бимонад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ПУТК КОФТ, ХАЗИНА ЁФТ
Ҷустуҷӯи путки хурди гумшуда ба фермери бритониёӣ Питер Уотлинг боигарии калон овард. Барои ёфтани путк аз дӯсташ Эрик Лоусс хоҳиш кард, ки ба вай як детектори металлӣ диҳад.
Дар вақти кофтуков ӯ қуттии чӯбинеро пур аз тангаҳои қадимӣ ва ҷавоҳирот ёфт. Арзиши онҳо ба 15 миллион доллар баробар буд. Ин бозёфт бо номи «Ганҷи Хоксни» машҳур шуд. Онро ба осорхонаи Бритониё супурданд. Питер Уотлинг бошад, сазовори 2,3 миллион доллар мукофот гардид. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ЧАШМИ БУЛӮРРЕЗ
Чандест дар расонаҳои даврӣ навори аҷибе мечархад, ки қаҳрамони он арманидухтари 22 – сола аст. Ҳар бор аз чашмони Сатеник Казарян ба ҷои ашк булӯр (хрустал) мерезад.
Дар баёни ин ҳолат табибон ангушти ҳайрат мегазанд. Ҳангоми берун шудани ашк (булӯр) аз чашмон, вай дарди ҷонкоҳеро эҳсос менамояд.
Ин ҳолат вақте бори нахуст рух дод, Сатеник назди дандонпизишк рафта буд. Ҳине ки ба чашмони ӯ андаке чанг ворид шуду ба табиби чашм муроҷиат кард, духтур аз дохили чашмонаш чанд адад булӯр берун кашид.
Сатеник ба ҳар ҷое муроҷиат кард. Аммо, табибе то ҳол сабаби «беморӣ» ва роҳи табобати онро пайдо накардааст.
Таҳияи УМАР АЛӢ


АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
* Мири мушон ҳангоми дарк кардани хатар то масофаи 10 метр аз худ бӯйи махсус паҳн мекунад.
* Наҳанг калонтарин моҳӣ аст, ки дарозиаш зиёда аз 12 метр ва вазнаш беш аз 14 тоннаро ташкил медиҳад.
* Шиндлерия хурдтарин моҳӣ буда, вазнаш 2,2 мг ва дарозиаш ба 11 мм мерасад.
* Ғуки шишанамо ончунон шаффоф аст, ки раг, меъда ва дилзаниашро дидан мумкин аст.
* Лошахӯр яке аз он парандаҳоест, ки ҳангоми шикор олотро истифода мебарад. Масалан барои шикастани тухми страус аз санг истифода мебарад.
* Қисми зиёди ҳаёти достаки сиёҳ дар парвоз мегузарад. Он суръати тези парвози горизонталиро низ доро мебошад, ки ба 160 км/соат мерасад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ХОББИ
Бардоштҳои аҷиб аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфи олам
Нависанда ва шоири машҳури Фаронса Франсуа Волтер дар вақтҳои холӣ ба таъмири соатҳои вайрона машғул мешуд. Ӯ, ҳатто, корхонаи махсус оид ба таъмири соатҳои вайронаро ташкил дода, дар  дунё маъруф гардид.
Александр Ширвиндт коллексияи чилимҳои гуногун дошт. Ин муҳаббат то ҳадде буд, ки худаш аз онҳо истифода намебурд.
Ҳёте парвариши гулҳои гуногунро меписандид. Ҳангоми сайругашт дар атрофи шаҳри Ваймар ба шинондани гулҳо машғул мешуд. Ин амали ӯ сабаб гашт, ки атрофи шаҳр пур аз гул шавад. То ҳол ин гулҳо бо номҳои «Гулҳои Ҳёте», «Доктор Фауст» ва «Маргарита» машҳуранд.
Чарлз Дарвин  бештар ба номанависӣ шуғл меварзид. Тӯли ҳаёташ ба суроғаи 2 ҳазор кас 15 ҳазор нома навиштааст.
Композитор Иоганнес Брамс шуғли аҷибе дошт. Ӯ дар кӯча ба кӯдакон тақсим кардани шириниро меписандид. Ҳатто, барои ин ҳар гуна мусобиқаҳо ташкил мекард. Масалан, баъзан  шириниҳоро дар даст гирифта, боло мебардошт ва кӯдаке, ки болотар мепарид, ширинии зиёдтар ба ӯ тақдим мешуд ва аз ин шавқ мебурд. 
Николай Гогол дӯзандагиро бо шавқ анҷом медод. Нависанда барои хоҳараш курта ва рӯймолу гарданбанд медӯхт. Ӯ, инчунин, ба пухтани таомҳои гуногун шавқ дошт ва чанд намуди хӯрокҳои миллии украиниро хуб омода мекард. Ин буд, ки ҳангоми сафар ба Аврупо рӯйхати таркиби маҳсулоти хӯрокҳои писандидаашро навишта, дар ҷайбаш мегузошт, то дар он ҷо низ барои худ хӯрок омода кунад.
Музофоти Абердиншини Англия қароргоҳи дӯстдоштании Елизаветаи II буд. Ӯ дар ин шаҳр хонаи махсусеро барои равуо намудани кӯршабпаракҳояш сохта, ҳар сол дар фасли тобистон ба ин ҷо меомад ва аз тамошои парвози  онҳо завқ мебурд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


МАРДИ МӮЙДАРОЗТАРИНИ САЙЁРА
Сакал Дев Тудду, шаҳрванди 63 - солаи иёлати Бахари Ҳиндустон, ҳамчун марди мӯйдарозтарини сайёра эътироф гардид. Ӯ тӯли  40 сол боре ҳам  мӯяшро на қайчӣ задаву на шустааст. Ба гуфтаи Тудду 22 сол  қабл дар хобаш Кришна ба назди ӯ омада, буридани мӯяшро манъ мекунад.  Вай  аз нӯшидану кашидани  сигор  ҳамон замон  даст мекашад.
Ҳамин тариқ, ӯ мӯяшро ба «ҳоли» худ монда, ҳатто шона ҳам намезадааст. Ҳангоми берун баромадан мӯйҳоро даври ҳам карда, бо матои сафед мепӯшонад.  Ба ҷуз аз 31 соли кор дар хадамоти хоҷагии ҷангал, боз ӯ чун табиби халқӣ ниёзмандонро табобат менамояд. Тудду бо ҳамсараш соҳиби 6 фарзанд ва набера мебошад.  
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2019    №: 201    Мутолиа карданд: 1301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед