logo

фарҳанг

"НИГОҲЕ БА ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ". АСАРЕ, КИ ТАҲҚИҚАН БУНЁДИСТ

Таърих ин рушду такомули рӯҳи миллат аст. Ҳар касе, ки самараҳои рӯҳи миллатро дар замон надонад ва нашиносад, таърихи он миллат дар назараш як мушти ҳаводиси парешон ва рухдодҳои беназм ҷилва мекунад. Таърих санади боэътимоди дарки  ташаккул ва рушди ҳар миллат дар  шебу фарози рӯзгорон шинохта  шуда, он миллате тавонгар аст, ки қодир бошад гузаштаи пурифтихорашро дар хидмати  имрӯз қарор бидиҳад. Китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» аз шумори он осори таҳқиқии бунёдист, ки таърихи миллати бостонии моро бо муҳаббат дар хеш гунҷондааст.  Асар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон бо расмулхати ниёгон ба табъ расид. Он 22 октябри соли равон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб ба ифтихори бузургдошти тамаддуни ориёӣ соли 2006 дар Душанбе бо расмулхати имрӯз тоҷикӣ дар ҳаҷми 449 саҳифа бо теъдоди 4000 нусха ба табъ расида буд. Аз нашри китоби Пешвои миллат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»  сездаҳ сол сипарӣ мешавад. Бо гузашти замон мубрам будани масоили таърихии баррасигардида дар ин китоб бештар мегарданд ва нашри дуюми он бо расмулхати ниёгон, ки қишрҳои васеи хонандагонро дар Аврупо, Эрон ва Афғонистон фаро хоҳанд гирифт, далели ин ҳарфҳост.
Пешвои миллат дар китоби ёдшуда чандин масъаларо баррасӣ ва таҳлил кардаанд. Аз ҷумла, таърихи Саразмро. Сарвари давлат роҷеъ ба Саразм ва тамаддуни он ибрози назар карда, осори бостонии аз он ёфтшударо далели боэътимоди робитаи бевосита доштани ин мавзеъ бо марказҳои мадании он замон, чун Намозгоҳу Олтинтеппа (Марви авестоӣ), Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Ҳисору Туронтеппа ва ғайра медонанд ва тамаддуни Саразмро аз тамаддуни пешрафтаи шаҳрии он замон меҳисобанд, ки бо тамоми марказҳои маскунии Шарқи Наздику Миёна робитаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор карда буд. Аммо ба далели дар ибтидои ҳазораи дувум, мисли дигар манотиқи Осиёи Марказӣ гирифтори хушксолӣ гардидан, мардум Саразмро тарк гуфта, ба доманакӯҳҳо ва маҳалҳои ба об наздик кӯч бастанд.
Осори бостонии ёфтшуда дар ин авохир аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш  гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Саразм, воқеан, вижагиҳои шаҳри он замонро дорост. Аз охири ҳазорсолаи 4 то милод сар карда, шаҳри Саразм  яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли филизот ҳисоб мешуд. Оташдони дуқабатаи  сафолпазӣ дар ин ҷо аз рушди ҳунари кулолӣ шаҳодат медиҳад. Ин оташдон, ки кулолони саразмӣ дар аввали ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод сохтаанд, то кунун дар қаламрави Осиёи Марказии ҳамон давра  пайдо нашудааст. Чунин сохти оташдон дар дигар ҷойҳо фақат баъди ду ҳазор сол пайдо мешавад. Услуби нақшу нигори рӯи сафоли зарфҳои Саразм бо услуби ҷанубу шарқии Туркманистон ва Балуҷистону Систон алоқамандӣ дорад.
Дар боби дувум «Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо», ки аз ҳафт зербоб иборат аст, Пешвои миллат роҷеъ ба давлатҳои устуравӣ ва воқеии ориёӣ, мисли Пешдодиён, Каёниён, Митониён ва давлати бостонии Мод, шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, давлатҳои Порт (Ашкониён), Кӯшониён, Ҳайтолиён, Сосониён ва ташаккули тамаддуни онҳо сухан ронда, ин замони тӯлониро бар пояи манобеи таърихӣ ва осори илмӣ ба баррасӣ мегиранд.
Пешвои миллат роҷеъ ба баҳсҳои пайдоиши аввалин давлат дар қаламрави Осиёи Миёна ишораҳо карда, аз назари олими шинохта И. В. Пянков, ки давлати Бохтарро аз давлати Хоразм шуҳратмандтар ва нерумандтар медонист, ҷонибдорӣ намуда, аз давлати ориёии Каёниёни Бохтар ёд мекунанд, ки дар нимаи дуюми ҳазораи дуюм ва аввали ҳазораи якуми то милод дар ташаккул ва рушди тамаддуни ориёӣ нақши бориз доштааст. Дар идомаи ин матлаб менигоранд, ки «тибқи шавоҳиди зиёд сулолаи Каёниён давлати Бохтарро асос гузоштанд. Онҳо поягузорони тамаддуни пешрафта ва асили ориёиҳо мебошанд. Маҳз дар замони ҳукмронии ҳамин сулола номи Ориёну ориёиҳо ва забони онҳо машҳуру маъмул гардид. Шояд дар аҳди Каёниён нахустин дини яктопарастиро Зардушт ба ориёиён ва ҳатто ба оламиён пешниҳод намудааст».
Дар бораи давлатҳои бостонии ориёии хориҷ аз ҳудуди имрӯзи Тоҷикистон Пешвои миллат ин нуктаи бисёр омӯзанда ва муҳимеро баён мекунанд, ки на танҳо барои алоқамандони таърихи гузаштаи миллатамон, инчунин, барои муҳаққиқон ва пажӯҳандагони таърихи ватанӣ дастури ҳидояткунанда ва раҳнамо ба ҳисоб меравад: «Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави паҳновари зиндагӣ ва амалиёти низомӣ ва бархӯрдҳои нахустини давлатҳои ориёӣ, динҳо ва фарҳангҳои онҳоро омӯхтан зарур аст. Зеро миллати мо то имрӯз чӣ гуна масири пурпечу тоби таърихро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, бояд мавриди алоқамандии мардуми мо, бавижа ҷавонон қарор гирад. Ба ҳамин манзур ман дар бораи нахустин давлатҳои ориёие, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ воқеъ буда, вале ба рукни арзишманди давлатдории умумии ориёиҳо саҳми сазовор гузоштаанд ва донистани онҳо шарти ватандорию миллатдӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои бебаҳои муштараки мо мебошад, мехоҳам андеша ронам».
Сарвари давлат аз нақши шахсиятҳо дар таърихи ҳар миллат ёдовар шуда, аз ҷойгоҳи Куруши Кабир на танҳо дар таърихи давлати Ҳахоманишиён, инчунин дар дарозои давлатдории ориёиён мегӯянд: «Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки  сарнавишти онро ба куллӣ тағйир дода, неруҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддӣ ва маънавии онро ба сатҳи тоза ва баланди рушд мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ ворид месозанд. Барои Порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Бузург буд».
Ҷуғрофиёи давлати таъсиснамудаи Куруш ҳудуди Эрон аз ғарб то гарданаи Дарданел, аз шарқ рӯди Синд, аз шимол то Қафқоз ва дарёи Хазар ва рӯди Сайҳун, аз ҷануб то баҳри Уммон ва халиҷи Форс ва ҷазираҳои Арабистонро фаро мегирифт ва ба далели ин густурдагии марзҳо таърихнигорон Курушро нахустин шоҳаншоҳи (императори) таърихи ҷаҳон шинохтаанд. Куруш бо таъсиси чунин шоҳаншоҳии бекарона кӯшид сокинони ин сарзаминҳоро дар як ҷомеаи инсонӣ гирдиҳам оварад. Бо эҷоди чунин низоми давлатдории Куруш дар саросари қаламрави шоҳаншоҳияш насими тозае, ки инсонҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекард, вазидан гирифт. Ӯ кишварҳоро аз қурбониҳо ва қатлҳои ноҳақ наҷот дод, оташи шаҳрҳои ғоратшударо хомӯш намуда, қавмҳои мухталифро аз асорати бардагӣ озод кард, ки мисоли равшани он аз бардагии шоҳи Бобул Бухтуннаср озод кардани бани Исроил аст. Куруш яҳудиёнро бо эҳтироми зиёд ба ватанашон бозгардонд ва ин амали неки Куруш буд, ки номи ӯ дар китоби муқаддаси яҳудиён чун озодкунандаи ин қавм зикр шудааст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аз миёни ин ҳама кишваркушойҳои ҷаҳон иддаи маҳдуде ҳастанд, ки монанди Куруши Кабир пас аз худ шуҳрату номи нек боқӣ гузоштаанд. Бо омадани ӯ ба арсаи кишваркушоӣ ва сиёсатдорӣ як давраи дарози таърихӣ ба поён расид, даврае, ки саршор аз ҳокимони табоҳкор, вайронгар, хунхору сангиндил буд, даврае, ки ҷони инсон ва мақоми ӯ арзише надошт. Бо Куруш давраи наве оғоз шуд, давраи сулҳу созиш, ҳамдостонӣ ва ҳамроҳӣ, давраи арзиш ниҳодан ба ҳуқуқи инсон, даврае, ки қонуну додгариро пойдор кард, арзишҳои шахсию иҷтимоии мардумро намоён сохт, даврае, ки назм, оромиш ва риояти қонун маънӣ пайдо кард. Пешвои миллат дар натиҷагирии матолиб роҷеъ ба Куруши Кабир менависанд, ки ӯ сиёсатшиноси нуктасанҷ ва одамшиносу инсондӯст буд, «рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд».
Тавзеҳ ва натиҷагириҳои илмии Пешвои миллат дар бораи давлати Портҳо сарчашмаи муҳими илмӣ ва роҳнамои муҳаққиқони таърихи бостон барои омӯзиши ҳар чи бештари таърихи давлати ориёии Ашкониён маҳсуб мегардад.
Бояд гуфт, ки то кунун, мутаассифона, дар таърихнигории тоҷик ҳангоми таҳқиқ давлати Мод, Ҳаҳоманишиён, Портҳо (Ашкониён) ва Сосониён ба гурӯҳи давлатҳое, ки таърихашон шомили таърихи умумиянд, ворид гаштаанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар заминаи омӯзиши таърихи бостон муаррихони Тоҷикистонро водор мекунад, ки роҷеъ ба давлатҳои Мод, Ҳаҳоманишиён, Портҳо (Ашкониён) ва Сосониён, ки аҷдоди ориёии мо ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар кунанд ва ба ҳангоми анҷоми таҳқиқот таърихи ин давлатҳоро шомили таърихи ватанӣ намоянд.
Ҳамин тавр, бо риояи қолаби замонӣ Пешвои миллат роҷеъ ба давлатҳои Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Сосониён, инчунин, дар бораи эътиқоду боварҳои ориёиҳо, мисли меҳрпарастӣ, зурвония, пиромуни замон ва макони Зардушт, Авасто ва бахшҳои он, дар бораи монавиҳову маздакия ибрози назар карда, дастоварду мушкилоти умури давлатдории халқҳои ориёнажодро баён намуда, дар хулосаи китоби хеш давлати имрӯзи тоҷиконро давоми мантиқии ҳамон давлатдории суннатии аҳди бостон ва давраҳои миёна бо назардошти пешрафти давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қаламдод намуда, ба омӯзиши ҳар чи бештар ва беҳтари таърих ва тамаддуни ниёгон таъкид мекунанд.

Ҳамза КАМОЛ, доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 3292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед