logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАЗОИ РАСОНАӢ

Аз он рӯзе, ки телевизиони Тоҷикистон аз Қасри Арбоб воқеияти ҷанги ҳамватан ва омилҳои онро ба аҳолии Тоҷикистон мустақиман нишон дод, 27 сол сипарӣ шуд. Аз суханронии намояндагони мардум ба дурустӣ пай бурда мешуд, ки неруҳои гуногун барои манфиат ва  сари қудрат омадан, чӣ гуна воситаҳои ахбори умумро ба манфиати худ истифода бурдаанд; матбуот ба василаи дашному таҳқир, радио манбаи  тарсу ваҳм ва телевизион ба маркази даҳшатафканӣ бадал шуда буд. Радио ва телевизиони давлат дар муқобили давлат қарор гирифт, тавассути маблағҳои ҳангуфти «хоҷагони хориҷӣ»  матбуот матолиби фармоиширо бар зидди ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ интишор мекард ва ба бозичаи дасти гурӯҳе бадал гардид.
Хулласи калом, метавон гуфт, ки низои дохилии Тоҷикистон аз носолим будани фазои расонаӣ ва тасарруфи он аз ҷониби гурӯҳҳои муайян сар зад. Ба ҳамин сабаб, аз давраҳои нахусти интихоб ба маснади Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти воситаҳои ахбори умум, бахусус радио ва телевизион, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳо дар баробари вазъи иқтисодии ноҳияҳо ва иҷтимоии шаҳрвандон ҳамвора ба савияи дониши сиёсии онҳо, фарогирии мавҷҳои радио ва телевизион, таъмини фазои расонаӣ бо маводи ватанӣ таваҷҷуҳ зуҳур мекунанд.
Ба андешаи ин ҷониб, нигаронии Пешвои миллат аз вазъи фазои расонаӣ ба чанд омили муҳим бастагӣ дорад;
Аввалан, фазои расонаии солим афкори ҷомеаро нисбат ба ин ё он масъалаи сиёсиву иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад, онро ташаккул медиҳад, зеҳни мардумро атрофи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҳамбаста месозад ва фазои расонаии носолим баръакс мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд, байни онҳо тухми низоъ мекорад, кинаву кудуратро миёни қишрҳои ҷомеа афзун менамояд.
Дувум, қарни ХХI асри мубориза барои тасарруфи фазои иттилоотист. Дар шароити кунунӣ аксари назарсанҷиҳо, муборизаҳо, ҷангҳои равониву лафзӣ тавассути намудҳои гуногуни ВАО - матбуот, радио, телевизион ва интернет роҳандозӣ мешаванд. Аз ин рӯ, қудратҳои ҳоким бо ҳар роҳу восита ВАО - ро зери нуфузи худ нигоҳ медоранд, барои мавҷудият ва фаъолияти босамари онҳо маблағҳои калон ҷудо мекунанд ва дар лаҳзаҳои муайян онҳоро чун силоҳи идеологӣ истифода мебаранд.
Сеюм, бино ба назари коршиносони соҳа дар солҳои охир тавассути  тадқиқу мубоҳисаҳо оид ба ВАО истилоҳи «империализми иттилоотӣ» ба миён омад. Онро ҳамчун системаи муайяни ВАО - и давлатҳои бузурги сармоядори инҳисоршуда ва шакли таъмини тарғиби сиёсати дохилию берунаи онҳо маънидод кардан мумкин аст. 
 Чаҳорум, дар шароити ҷаҳонишавӣ радио, телевизион ва интернет хусусияти глобалӣ касб мекунанд, барои онҳо ҳадду ҳудуд, марз, фазову вақт баста нест, онҳо тамоми марзҳоро мешикананд, ба «гӯши ҳамашунав» ва «чашми ҳамабин» табдил меёбанд.
Панҷум, имрӯз намуди нави ВАО - и электронӣ - интернет ҷаҳонро ҳамбаста кардааст. Воқеан, имрӯз интернет ёвари хуби мост, вале он бар замми хубиҳо як қатор камбудию норасоӣ ва зарари беандоза ҳам дорад. 
Мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004 - 2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 дарсади онҳо фақат аз туҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошанд.
Бо назардошти ҳамин омилҳо ташаккулу рушд ва аз ҳамагуна амалҳои номатлуб эмин нигоҳ доштани фазои расонаии мамлакат пайваста зери назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат дар замони истиқлолият бозори иттилоотӣ ташаккул ёфт, дар соҳаи матбуот ва ВАО - и электронӣ тағйироти миқдориву сифатӣ ва мавзӯиву жанрӣ ба вуҷуд омад. Нақши ВАО - и электронӣ дар рушди равандҳои таърихиву глобалӣ рӯз то рӯз меафзояд ва имкониятҳои онҳо дар баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа истифода мегардад.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2016, таҳти №586, «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2016, таҳти №744, «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» шабакаҳои нави «Варзиш» ва «Сина-мо» ба фаъолият оғоз намуданд.
Аз рӯи нишондоди мутахассисони соҳа барои пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиои марказӣ дар моҳвора, яъне барои 4 шабакаи телевизионӣ дар формати SD (сифати стандартӣ), 2 шабакаи телевизионӣ дар формати пахши дақиқияташ баланд (HD) ва шабакаҳои радиоии марказӣ дар пахши стандартии DVB-S2 8PSK ва MPEG4 захира дар ҳаҷми 28 Мбит/с ё худ 18 МГс лозим буд.
Бо ин мақсад, мутахассисони кумита ба якчанд ширкатҳои хизматрасонии моҳворавӣ муроҷиат намуданд. Онҳо тарзи хизматрасонӣ ва дараҷаи қудратнокии дастгоҳҳои мавҷфиристонандаи худро ба мутахассисон пешниҳод карданд. Баъд аз омӯзиш, ташхис ва баррасии мутахассисони соҳа пешниҳоди ширкатҳои «Yahlive» ва «Intelsat» қобили қабул шуморида шуданд. Дар маҷмӯъ, хизматрасонии ин 2 моҳвора қариб 30 давлати дунёро пурра ва 17 давлати дигарро қисман фаро гирифтаанд.
Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият низоми нави расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Дар баробари шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин, шабакаҳои ғайриҳукумативу хусусии «Симои мустақили Тоҷикистон», «Мавҷи озод», «Азия», «Ҷаҳоноро», «Ғулакандоз», «Симо ТВ», «Гули бодом», «Азия плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Азия FM», «Тироз», «Авис» ва ғайра амал намуда, дар комилсозии фазои расонаии кишвар саҳм мегиранд.
Ҳамин тавр, истиқлолият марҳилаи наверо дар ташаккули расонаҳои электронии ахбори Тоҷикистон фароҳам овард. Расонаҳо аз лиҳози мавзӯъ, муҳтаво, шакли моликият, формат тағйир ёфтанд. Масъалаҳои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мақоми меҳварӣ касб карданд, ВАО - и электронӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати Пешвои миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон шиносонид. Маҳз тавассути фаъолияти босамари ВАО - и электронӣ дар Тоҷикистон насли нави ҷавонони дорои аирибутҳои миллӣ - худшиносу худогоҳ аз забон, фарҳанг ва асолати миллӣ ба саҳна омад, ки дар тарғиби кишвари соҳибистиқлол ҳиссаи арзанда доранд.
Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи радио ва телевизион сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсатест, ки бар мабнои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона,  тарвиҷи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии кишвар, тарғиби дастовардҳои истиқлол, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ, кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи  чунин сиёсати дурбинонаву созанда пайваста ҷаҳд меварзанд.

Саидмуроди ХОҶАЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед