иқтисод
СММ. ОМОДАГӢ БА КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид - Ню - Йорк бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Венгрия дар СММ мулоқоти аъзои кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» баргузор гардид.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, зимни суханронӣ корҳои анҷомдодаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланди байналмилалиро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба аъзои гурӯҳи «Дӯстони об» манзур карда, онҳоро барои иштирок дар ин конфронси байналмилалӣ даъват намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, инчунин, оид ба натиҷаҳои ҷаласаи якуми Кумитаи машваратии байналмилалӣ (25 августи 2019, Стокҳолм) ва чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим» (25 сентябри 2019, Ню - Йорк) маълумот дод.
Ба Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» 16 кишвари узви СММ - Бразилия, Канада, Миср, Ҳабашистон, Финляндия, Венгрия, Эрон, Япония, Урдун, Лубнон, Мексика, Федератсияи Россия, Сингапур, Швейтсария, Тоҷикистон ва Таиланд дохиланд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2019 №: 203 Мутолиа карданд: 1954