logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. СУХАН САРҲАД НАДОРАД

Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди мардуми шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҳарчанд дар аввали соҳибихтиёрӣ шаҳрвандон шаҳди озодиро ҳанӯз начашида мубталои найранги аҷнабиён гаштанд ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронданд.
Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷуз аз ғоратгарӣ дигар ҳосиле наовард. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби сиёсӣ касе зимоми давлатдориро ба даст гирифтан намехост. Замоне, ки сохтори давлатдорӣ пурра шикаста, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ давлатро фаро гирифт, ин масъулияти душвору сангин ва ҷиддиро ҷавонмарди асил, ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Барои аз байн нарафтани давлати соҳибистиқлоли навин ба бахти миллати тоҷик шахсияте сари қудрат омад, ки бунёди сиришташ аз некию самимият, адолату садоқат, ҷасорату шуҷоат ва худшиносию ватандӯстӣ буд.
Бо гузашти замон вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Бо талошҳои Пешвои миллат кишвари маҳбубамон Тоҷикистон рӯ ба рушди ҳамаҷониба ниҳод, дар ҳама соҳаҳо пешравии куллӣ ба вуҷуд омад, хусусан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар ба пешравиҳои камназир даст ёфта, имрӯз баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бо неруи бузург омодаанд.
Дастоварди аз ҳама муҳим дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мадди аввал хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Дар баробари дигар дастовардҳои шоён сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз комёбиҳои асосии мо мебошад, ки тӯли чандин солҳо мардуми шарафманди тоҷик онро интизорӣ мекашиданд.
Пас аз соҳибистиқлолӣ кишвари моро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф кард ва ба расмият шинохт. Яъне, дар васфи истиқлолият ва дастовардҳои он сухан зиёд асту имкони баёнаш дар як матлаб маҳдуд. Вале зикри як ҷумла кофист, ки нақши Истиқлолияти давлатиро дар ҳаёти мардум ва мамлакати азизамон дар маҷмӯъ бозгӯ созем: соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ имкон фароҳам овард, ки мо ба тамоми орзуву армони деринаамон расем, соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо маҳз дар ҳамин давра рушду таҳким ёфта, Тоҷикистон – Ватани азизи мо ба як кишвари пешрафта табдил ёфт.

Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори раёсати таъмини ташкили судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва
арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 1314
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед