logo

фарҳанг

"ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ" АСАРИ АРЗИШМАНДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тоҷикистон бо гузар аз фарозу шебҳои фаровон кишвари озод ва дар ҷаҳон шинохта мешавад. Табори аҳолии ин кишварро тоҷик меноманд ва тоҷикон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва бавижа Чину Афғонистон низ маскунанд. Тоҷикони бурунмарзӣ дар ин кишварҳо беш аз чаҳор баробари ҷамъияти кишвари Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Рӯдҳои Сирдарё (Сайҳун) дар шимол ва Амударё (Ҷайҳун) дар ҷануб, дараи Фарғона дар шимолу кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон аз вижагиҳои ҷуғрофии ин кишвар маҳсуб мегарданд.
Бархе аз таърихнигорону бостоншиносон сарзамини Тоҷикистони имрӯзаро масири фуруд омадани муҳоҷирони ориёӣ аз шимол медонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 - ро Соли тамаддуни ориёӣ эълом кард. Ҳамон сол ҳамроҳ бо Ҷашни понздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ва шашумин Ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ баргузор шуданд. Бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон низ ба ҳамин муносибат ва барои ошно кардани тоҷикон бо ҳувияти миллӣ ва таърихии худ будааст. Ба ҳамин манзур, китобҳои зиёде дар риштаҳои гуногун барои ошноии бештари мардуми тоҷик бо фарҳанги ниёгонашон мунташир шуданд, ки аз он миён метавон ба китоби Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ишора кард. Дар он муаллиф ба тамаддуни ориёӣ аз оғоз то даврони зимомдории Сомониён мепардозад.
Дар ин китоб, ки дар ду ҷилд мунташир шудааст, ба пурсишҳои: Мо кистем? Аз куҷо омадаем? Нахустаҷдодамон чӣ касон буданд? Аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштаанд? Забону расму оини ниёгонамон чӣ гуна будааст? Мероси таърихӣ ва фарҳангии мо чист? ... ва дигар пурсишҳо посух додааст. Аз ҳамин замон таъсири ин фарҳанг дар меъморӣ ва корҳои дигари ҳунарӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш намудор гардид.
Таърихи сиёсии шинохташуда дар Осиёи Миёна тақрибан аз 1700 то 900 сол пеш аз милоди Масеҳ оғоз шудааст. Ба ин ҳама пеш аз ин таърих низ тамаддуни пешрафтае дар ин сарзамин вуҷуд доштааст. Ёфтаҳои бостоншиносон дар ҳафриёти Саразм дар дараи Зарафшон, дараи Фарғона дар шимол ва Тахти Сангин, тамаддуни Ҳисор ва Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон, ҳафриёт перомуни шаҳрҳои Самарканду Бухоро ва Тошканду Хива дар Ӯзбекистон, Нисо дар пиромони Ашқобод, Доро ва Марв дар Туркманистон ва бисёре аз дигар маконҳо дар Осиёи Миёна, дар Шуш, Ҷирафт, Гургон, Кошон ва бисёре аз осори монда дар канори қавми Лут ва Намак, монанди теппаи Ҳисор, теппаи Сила Морлик дар Гелон, Ҳасанлу дар Озарбойҷон, шаҳри Суҳта дар Балуҷистон ва деҳаҳои минтақаҳои дигар дар Эрон ва Афғонистону Покистон ҳама гувоҳ бар ин ҳастанд, ки метавон таърихи ин сарзаминро то ҳазораи ҷаҳорум - панҷуми пеш аз милод баррасӣ намуд. Бозёфтҳо дар ин маконҳо нишондиҳанда ва гувоҳи пайванди таърихӣ ва ҳамешагии бошандагони ин сарзаминҳо бо ҳам будааст. Бисёре аз бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ин густураи фарҳангӣ, бавижа дар Осиёи Миёна бо он чи дар китобҳои муқаддаси мазҳабиёни он давра, монанди Авесто ва Ригведо оварда шудааст, мутобиқат мекунад. Бошандагони ин диёр роҳу расм, боварҳо ва дидгоҳҳои вижае барои зиндагӣ доштаанд, ки фарҳанги муштараки онҳоро ташкил додааст. Фарҳанге, ки дар гузари чандин ҳазор сол бовар шуда ва таъсири муҳиме дар ҷаҳонбинӣ ва дигар боварҳои роиҷ дар ҷаҳони гузашта аст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин китоб ба баррасии ин дидгоҳҳо пардохта, кӯшиш кардааст, ки пас аз табақабандии онҳо охирин назари дониши пажӯҳишгарон, он чиро назди шарқшиносони ғарбӣ ва донишмандони эронӣ ва ҷаҳони Шарқ дар бораи эроншиносӣ мавҷуд будааст, гирдоварӣ ва дар китобе дар дастрасии алоқамандон қарор диҳад. Аз дидгоҳи дигар, ин китоби таърихӣ, ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи чандинҳазорсолаи бошандагони ин сарзамин мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи дигар хостааст нишон диҳад, ки бунёди миллати тоҷик бар асоси як дидгоҳ - фарҳанги устувори бисёр куҳани чандинҳазорсола гузошта шудааст. Ин ҳамон фарҳангест, ки дар густураи фарҳангиёни муштараки кишварҳои Эрон, Осиёи Миёна ва Қафқоз сохтори боварҳои миллиро сохтааст ва ба ҳамин ҷиҳат бошандагони ин кишварҳо бо ҳам пайванду хешии чандинҳазорсола доранд. Дар ин миён агар бо кишварҳои форсӣ ва тоҷикзабони Эрон, Афғонистону Ӯзбекистон бигузарем, ба осонӣ дармеёбем, ки танҳо дар кишвари Тоҷикистон аст, ки ормонҳои сиёсӣ бо фарҳанги чандинҳазорсолаи ниёгон шадидан бо ҳам омехтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон муътақид аст, ки барои гурез аз тангноҳо раҳоӣ танҳо бо такя ба фарҳанги пурарзиши ниёгон аст, ки метавон пирӯз шуд. Бо ошно шудан ба фарҳанги ниёгон ва бо бозсозиву шукуфоии фарҳангӣ фарри эзадӣ, ки садаҳо аст аз ин густураи фарҳангӣ ва ин сарзамин гурехтааст, дубора боз ояд.

Масъуди МИРШОҲӢ, пажӯҳишгар, Фаронса


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 1321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед