logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқу миллати соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон, санади муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил меcозанд, зеро давлати соҳибистиқлол бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад.
Зарурати таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат мебошад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти халқамон истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва волоияти қонунро дар худ сабт ва мустаҳкам кардааст. Ин санади олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Он бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии миллати сарбаланди тоҷик дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар Конститутсия давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст.
Агар ба заминаҳои таҳия ва қабули Конститутсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, ҳамоно нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бисёр ҳассосу печидаи мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барҷастатар мешавад. Зеро маҳз ҳамин анҷумани саодатофар барои таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат заминаи устувор гузошт.
Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд… ”. Яъне фаъолияти ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ба роҳ монда шуда, мустақиман қонуният будани адолатро ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, дар назди мо - кормандони мақомоти судӣ вазифаи басо муҳим ва пурмасъулият истодааст, ки ҳамеша волоияти қонунро авлотар дониста, дар баровардани ҳар як қарор одилона рафтор намоем ва адолатро устувор созем. Ҳар як қарори мо ҷомеаи шаҳрвандиро метавонад бовар намояд, ки қонун дар давлатдории имрӯз болотар аз ҳар гуна манофеи шахсиву гурӯҳӣ меистад.

Зафар САИДШОЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 2807
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед