иқтисод
ВМКБ. ЧАРО ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁДИ СОДИРОТ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД?
Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, афзун гардондани ҳаҷми содирот, коҳиш додани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз ҳадафҳои асосии қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» арзёбӣ мегардад. Анваршо Имматшозода, муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа, зикр кард, ки барои татбиқи барнома корҳои муайян ба иҷро расида, айни ҳол ба рушди соҳаҳои саноату энергетика ва истеҳсоли маҳсулоти бозоргир бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ҳамин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба андозаи 95,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда барои ВМКБ бесобиқа аст.
Аммо бояд эътироф кард, ки бештар аз 90 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсол ва ба хориҷи кишвар содиршуда ба фаъолияти ширкати «Помир энержи» рабт дорад. Инчунин, ҶДММ «Нури умед» ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ва «Тути Помир» ба маблағи қариб 33 ҳазор сомонӣ меваи хушкро банду баст карда, асосан ба хориҷи кишвар содир намуданд. Аз ноҳияи Дарвоз рустаниҳои ситрусӣ, аз қабили анору анҷир ва лимӯ, аз ноҳияи Ванҷ тут, себ ва зардолуи хушку тар ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Маҳсулоти аз мӯинаи тибит истеҳсолнамудаи корхонаҳои хурди ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа низ ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Ба рушди савдои хориҷӣ ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мусоидат мекунад.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят, аз ҷараёни иҷрои барномаи мазкур изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки то даври ниҳоии иҷрои барнома камтар аз якуним сол монда бошад ҳам, то ҳол бештари бандҳои он иҷро нашудаанд. Барои зиёд кардани номгӯи молҳои воридотивазкунанда дар вилоят захираю имкониятҳо зиёд бошанд ҳам, ин захираҳо мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Зикр гардид, ки Бадахшон дорои захираи фаровони обҳои минералӣ аст. Мутаассифона, соҳибкорони мо ин ганҷи қиматбаҳои дари хонаро истифода набурда, ҳамасола бо хароҷоти зиёд аз минтақаҳои дигари кишвар ва хориҷа ба вилоят обҳои гуногуни ташнагишикан ворид мекунанд ва бо нархҳои гарон ба фурӯш мегузоранд. Ҳарчанд дар вилоят барои истеҳсоли бисёре аз намудҳои масолеҳи сохтмонӣ имкониятҳо фаровонанд, 100 фоизи масолеҳи сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ворид мегардад, ки ин ба харҷномаи бунёди иншоот таъсири манфӣ мерасонад. Барои коркарди сангҳои ороишӣ имкониятҳо зиёданд, аммо касе ба ин кор даст намезанад. Сифати маҳсулоти дар коргоҳҳои вилоят истеҳсолшуда ба талаботи бозор ҷавобгӯ нест. Вақте ки оби нӯшокиро ба Бадахшон - сарчашмаи ҳамаи обҳои ширин ва минералӣ аз Батуми ва минтақаҳои дигари хориҷи кишвар меоранд, чӣ тавр иҷрои барномаи мазкурро метавон қонеъкунанда арзёбӣ кард?
Раиси вилоят барои ривоҷи савдо дар бозорҳои наздисарҳадӣ таҷдиди рӯйхати анвои маҳсулотро муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, тамоми маҳсулоте, ки имконияти истеҳсол ва содироташонро шаҳру ноҳияҳои вилоят доранд, бояд барои содирот иҷозат дошта бошанд. Дар он сурат ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба маротиб меафзояд. Дар робита ба ин Ёдгор Файзов мисол овард, ки дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли меваҷот сол ба сол афзуда, сифати баландро дорост, вале меваи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба рӯйхати маҳсулоти содиротшаванда дохил нагардидааст.
Раиси вилоят гуфт, ки татбиқи барномаи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор гирифта, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва мусоидат ба пешрафти кор дар ин самт чораҳои муассир андешида шаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2019 №: 204 Мутолиа карданд: 1003