номаҳо
ШУКРИ ПЕШВОРО МЕКУНЕМ
Рӯзи ҷашни мубораку муқаддаси миллат – Иди Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу манзалати тозае дошт: агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Чун тамоми аҳли мамлакат шодию нишоти моро ҳадду каноре набуд. Зеро тавре шоири шаҳиру зиндаёди миллат устод Аминҷон Шукӯҳӣ фармудаанд:
Баски хеле тирашабҳо дидаем,
Аз ҳамин рӯ, рӯшноӣ шуд азиз.
«Роғун» иншооти бузургу пуриқтидортарини гидроэнергетикии кишвар ва минтақа маҳсуб гардида, сармеъмори он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он рӯз дар назди "оинаи нилгун" нишаста, аз ифтихор ва хурсандии пиру барно – иштирокдорони маросими бакорандозии чархаи дуюми неругоҳ огоҳ гашта, шукри сулҳу амонӣ, ободию осудагӣ ва Пешвои муаззами миллат мекардем. Тамошои саҳнаи корнамоиҳои диловарони Ватан – бунёдкорони забардасти неругоҳи азим ва суханрониҳои ҳидояткунандаи Сарвари давлат ҳисси ифтихори миллии моро дучанд намуда, бовариамонро ба ояндаи дурахшони кишвар қавӣ мегардонд.
Тайи чанд соати пахши мустақими ин воқеаи муҳими ҳаёти кишвар эҳсос гардид, ки ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба майдони корзор рӯҳияи коргарони ин кохи нурофарро болида мекард ва баръало мушоҳида мегардид, ки онҳо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳамаи корҳо сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд.
Мавлуда ҲОҶИБОЕВА, омӯзгор, сокини деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.10.2019 №: 204 Мутолиа карданд: 6694