фарҳанг
АСРОРИ ФАЛАК
Таърихи мусиқии халқи тоҷик, аз ҷумла равияҳои дирӯзаву имрӯзаи он, аз санъати мусиқии суннатӣ сарчашма мегиранд. Мусиқии суннатии тоҷик, ки мусиқии асили фалак яке аз падидаҳои нодири он аст, таърихи куҳан дорад. Донишманди охири асри Х ва ибтидои асри XI Фахруддини Марвӣ дар асари худ "Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ” овардааст: “Суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои “Фироқномаи Юсуф”, “Ҳаҷри Яъқуби Канъон”, “Нолаи малакут”, “Нидои хокиён”, “Фарёди ҷудоиҳо” ва “Розҳои ногуфта” дар забони мардум бимонд".
“Фалак” мақоми қадимии мусиқии мардумӣ буда, то замони мо расидааст. Азбаски фалак реша дар оину расми мо дорад, 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати фарҳанг ансамбли "Фалак" таъсис дода шуд ва он ҳоло дар назди шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон фаъол аст. 16 ноябри соли 2001 бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд.
Пас аз ин, ба омӯзиш ва тарғиби фалак аҳамияти махсус медоданд. Аз ҷумла, дар китобҳои таълимӣ асарҳои асили мусиқии фалакро рӯи адвор ва таҳлил оварданд, ки ҳамаи онҳо иҷро шудаанд. Барои пурра фаҳмо будан ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа китобро дар шакли электронӣ (СD диск) низ ҷой карданд. Дар ин СD иҷроҳо дар шакли асил сабт ёфтаанд, ҳарчанд то ҳанӯз дар кишвар ягон меъёр дар бораи адворбардории мусиқии асили фалак қабул нашудааст.
Дар китоб фарқияти мусиқии асили фалак аз мусиқии ҳозиразамон, қаторовозхонии фалак барои навишт дар дафтари нотабардорӣ таҳлил шудааст. Қаторовозхониҳои (гаммаҳои) мусиқии қадимиву асили фалак аз қаторовозхониҳои мусиқии ҳозиразамон, ки дар мо қабул шудаанд (асосан такя ба мусиқии аврупоӣ) фарқияти зиёд доранд. Ҳангоми иҷро мебинем, ки дар оҳангҳои фалак ба ҷуз нотаи аввалин ё худ ҷӯри озод, дигар ягон нотаи он ва фосилаҳо ба қаторовозхонии меъёрҳои имрӯзаи қабулшуда баробар ё худ ҷӯр нестанд. Дар китобҳое, ки оянда роҷеъ ба фалак навишта мешаванд, шояд як - як ҳамаи ин номгузориҳо дар шакли дақиқ дарҷ ёбанд.
Бисёр хуб аст, ки дар донишкадаҳои олии касбии мусиқӣ, коллеҷҳои мусиқӣ, мактабҳои мусиқӣ ва ансамблҳою театрҳо ин мусиқии суннатӣ таълим дода мешавад. Ин воридшавии аломатҳои фавқулишоравӣ, фосилаҳои мусиқии фалак ва вазну зинаҳои онҳо, инчунин, қаторовозхонӣ ва номгузории онҳо ба фанҳои дарсии назарияи мусиқӣ, қаторовозхонӣ ва фосилашиносӣ (солфеджио) ва ба фанни омӯзиши мусиқӣ ва гармоникии он тааллуқ доранд. Илова бар гуфтаҳои боло ҳисобҳои андозавии тактӣ ҳам ба қатори ин навигариҳо дохил мешаванд. Албатта, ҳамаи ин ҳисобҳо ҳам номҳои қадимии худро доранд.
Бовари комил дорам, ки мусиқишиносону муаррихону донандагони мусиқии асили суннатии тоҷик гурӯҳи салоҳиятдор ташкил карда, доир ба қонунҳои ин жанр андешаҳояшонро баён медоранд.
Тафовут байни иҷрокуниҳои тасодуфӣ ва иҷроҳои таҳлилӣ дар саҳнаҳои толорҳо ва радиою нишастҳои мардумӣ зиёд ба гӯш мерасад. Бинобар ин, иҷрокунандаи мусиқии фалак (овозхон, навозанда) бояд ҳатман дарки баланди мусиқишиносӣ (шунавоии қавӣ) дошта бошад. Онҳо бояд чорчӯбаи қонуни қаторовозхонию фосилашиносии аврупоиро нағз бифаҳманд ва ҳам қаторовозхонию фосилашиносии ғайримуқаррариро, яъне мусиқии асили суннатии фалакро. Омӯзгор, донишҷӯ ва овозхону навозанда агар шунавоии мутлақ, ё ин ки наздик ба он надошта бошад, беҳтараш барои омӯзишу дарки асили ин жанр вақти худро беҳуда нагузаронад. Чунки дунёи мусиқӣ ниҳоят дақиқ ва самимӣ мебошад. Дар баробари ин, онҳо бояд донишу фаҳмиши зотии адабиётфаҳмӣ дошта бошанд, то ин ки вазншиносии ҳисобӣ (ритм, арӯз ва ғайра) - ро беҳтару бештар фаро бигиранд.
Давлатманд ХОЛОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2019 №: 205 Мутолиа карданд: 1520