logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

БАХТИЁРИ 10 – СОЛА. ТОҶИКБАЧАИ ҚАҲРАМОН
Бахтиёр Усмонов, шаҳрванди 10 - солаи Тоҷикистон, ба қатори 20 кӯдаки қаҳрамони Россия шомил шуд. Бахтиёр аз як ҳодисаи нохуш пешгирӣ кард, ки дар он дӯсташ қариб ба ҳалокат мерасид.
Ҳодиса дар кӯчаи Дежнёви шаҳри Хабаровск рух дод. Слава, дӯсти Бахтиёр, ҳангоми бозӣ ба чоҳи оби гарм афтид. Бахтиёр худро гум накарда, ӯро ба берун кашид ва наҷот дод. Славаро, ки 40 дарсади баданаш сӯхта буд, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд.
Ба гуфтаи Бахтиёр, Слава хост аз болои чоҳи оби ҷӯшида, ки бо тахта пӯшида шуда буд, биҷаҳад, аммо пешпо хӯрду ба даруни он афтид. Слава бо ёрдами табибон ба по хест ва ҳоло таҳсилашро идома дода истодааст.
Дар назар аст, ки Бахтиёр Усмоновро раиси Думаи давлатии Россия  Валентина Матвиенко ва сардори «Росгвардия» генерал Виктор Золотов расман қадр мекунанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Масъалаҳои шавқовар барои ҳозирҷавобон
1. Ҳосили ҷамъи кадом ду адади бутун аз ҳосили  зарбашон калон аст?
2. Адади серақамаи рақамҳояш гуногунеро нависед, ки дар вақти ба 180 градус ба тарафи чап ва ё рост гардондан, боз ҳамон адад хонда шавад.
3. Дар атрофи дастархон ду падар, ду модар, ду писар ва ду духтар нишастаанд. Гӯед, ки ҳамагӣ дар атрофи дастархон чанд кас ҷамъ омадаанд?
4. Расул 600 грамм мурабборо дар 6 дақиқа мехӯрад. Дӯсташ Акрам бошад, ҳамин миқдорро ду маротиба тезтар. Чӣ қадар вақт лозим, то онҳо дар якҷоягӣ ин миқдор мурабборо бихӯранд?
5. Суммаи кадом ду ҷамъшаванда ба фарқашон баробар аст?
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


БУЗУРГТАРИН ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ҶАҲОН
Шератон (Sheraton)
Аввалин меҳмонхона зери бренди «Шератон» солҳои 30 - юми асри гузашта дар иёлати Массачусетси ИМА ба фаъолият оғоз кард. Бунёдгузори он дӯстони ҷавон Эрнест Ҳендерсон ва Роберт Мур мебошанд. Онҳо орзуи бунёди шабакаи меҳмонхонаҳои худро доштанд. Ҷавонони болаёқатро муваффақият ҳамроҳӣ кард ва дар як муддати кӯтоҳ на танҳо дар зодгоҳашон – Массачусетс, балки дар тамоми ИМА меҳмонхонаҳои худро бунёд намуданд.
Соли 1960 дари меҳмонхонаҳои «Шератон» дар Амрикои Ҷанубӣ, Шарқи наздик ва Чин кушода шуданд. Дар он солҳо, аллакай, шумораи меҳмонхонаҳои «Шератон» наздик ба 100 мерасид.
Дӯстон ба мувафақиятҳои пайдарпаяшон қаноат накарда, брендҳои «W Hotels», «Le Meridien» ва «Theluxury Collection» - ро таъсис доданд. Айни ҳол ширкати «Шератон» соҳиби беш аз 850 меҳмонхона дар ҷаҳон мебошад.
Таҳияи Комрон САФАР


ГЕНДЕЛ
Вақте операи оҳангсози машҳури олмонӣ Георг Фридрих Гендел «Риналдо» -ро як коммерсанти корчаллон нашр кард, аз ҳисоби фурӯш фоидаи хеле зиёд дид. Тибқи шартномае, ки доштанд, ба муаллиф аз тамоми даромад як қисми ночиз насиб гашту халос.
- Гӯш кунед, барои он ки минбаъд байни мо хафагӣ нашавад, ин дафъа шумо опера менависеду ман чоп мекунам,- хашмашро фӯру бурда, мегӯяд оҳангсоз ба коммерсант.  
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Эйнштейн ва «Пажӯҳиши табиати одамизод»
Китоби «Пажӯҳиши табиати одамизод» - и Дэвид Юм , ки аз се боб «Доир ба шинохти олам», «Доир ба ҷунун» ва «Доир ба ахлоқ» иборат мебошад, тақдири олими шинохтаи ҷаҳониро ба куллӣ тағйир дод. Дар боби аввали китоби мазкур файласуфи машҳури англис Юм доир ба мутаносибии мафҳумҳои вақт, фазо, хирад ва сабабу нақши онҳо дар табиати инсон сухан кардааст. Олими шинохта Эйнштейн гуфта буд, ки ин рисола дар ҳаёти ӯ нақши бориз дошта, қоидаҳои асосии кори ӯро ба низом даровард. «Бе мутолиаи ин асар фалсафаи ман ҳаргиз пеш намерафт ва ман ба хулосае омада наметавонистам», - гуфта буд Алберт Эйнштейн.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
7. Пул дар шаҳри Ронда, Испания   
Шаҳри хурдакаки куҳансоли Рондаи Испания дар баландии 750 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он дар байни харсангҳои қуллаи кӯҳ тавре сохта шудааст, ки  ҳатман барои аз як қисми шаҳр ба дигараш рафтан пул  сохтан зарур буд. Агар аз дур ба ин офаридаҳо бингарем, ба назар чунин мерасад, ки шаҳр ва пул намои як мусаввараанд. Онҳо ба мисли акси зиндаи кадом як афсонае  пеши чашм намудор мегарданд. 
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


КАДУ ҲАМ ЯК ТОННА МЕШУДААСТ
Дар ИМА кадуи вазнаш 1040 килограммаро парвариданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар додааст.
Кадуи калонтарин дар фестивали «Topsfield Fair», ки дар иёлати Коннектикут гузашт, ба маъраз гузошта шуд. Онро сокини маҳаллӣ Алекс Ноэл парвариш намудааст.
Ноэл бо ин каду рекорди маҳаллӣ гузошта, ба сифати ғолиби озмун соҳиби 8,5 ҳазор доллар гардид.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ДУГОНИКҲО
ҚИССАЕ, КИ БОЯД ШУНИД
Сарнавишти дугоникҳо аз Огайо бисёр аҷиб аст. Замоне, ки онҳо ширхора буданд, падару модарашон фавтиданд ва писаракҳоро ду оилаи гуногун фарзандхонд кард. Аз ҳамон лаҳза муштаракоти рӯзгори онҳо оғоз ёфт.
Аъзои ҳар ду оила ноогоҳ онҳоро Ҷеймс номиданд. Ҳар ду маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифтанд. Баъдан ба ду духтаре, ки Линда ном дошт, хонадор шуданд. Пешу пас соҳиби писарчаҳо гаштанд. Яке писарашро Алан, дигаре Аллан номид. Баъди чанде бо  амри тақдир дубора бо духтарҳое хонадор шуданд, ки ҳар дуро ном Бетти буд. Ҳатто лақаби сагҳояшонро Той  гузоштанд. Замоне ки бо амри тақдир ба ҳам вохӯрданд, 40  сол доштанд. Вақте таърихи зиндагии ҳамдигарро шуниданд, шигифтзада шуданд, вале минбаъд зиндагии осуда ёфтанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


"ШУЪЛАИ МИНАҶӮ"
ҶАРИДАЕ, КИ ДАР 4 СОЛ 1 БОР ЧОП МЕШАВАД
Ҳоло дар Фаронса барои нашри шумораи нави ҷаридаи «Шуълаи минаҷӯ» барои соли 2020 омодагӣ мебинанд. Аҷоибии «Шуълаи минаҷӯ» ин аст, ки он шурӯъ аз соли 1980 дар ҳар чор сол як маротиба рӯзи 29 феврал интишор меёбад. Шумораи охирини он соли 2016 нашр шуда буд. Муштарӣ ба он бояд барои 100 сол обуна шавад, ки нархаш 100 еврост.
Маблағи аз фурӯш бадастомада, барои табобати гирифторони аутизм сарф мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Екатеринаи Бузург
Вақте графиня Браниская мушоҳида мекунад, ки Екатерина ғайриодат тамокуро бо дасти чап дошта, мебӯяд, аз ӯ сабаб мепурсад.
- Ҳамчун Шоҳбону одамони зиёд ҳангоми зиёрат дасти маро мебӯсанд. Агар дасти ростам бӯи тамоку кунад, шарм медорам,- мегӯяд Екатеринаи Бузург.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
1. Киштии атомии зериобӣ - К- 2221
Киштии мазкур сохти шӯравӣ буда, тибқи нақшаи 661 «Анчар» сохта шудааст, ки аввалин киштии дорои бадани титанӣ мебошад. Он бо суръати 80 километр - соат тезсуръаттарин киштии зериобӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бори нахуст  соли 1969 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва соли 2010 истеҳсолаш қатъ гардид.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН  ОИД БА ШОҲМОТ
Тигран ПЕТРОСЯН
Чемпиони нуҳуми ҷаҳон (1963 – 1969).
Намояндаи СССР.
Тигран Вартанович Петросян баъди ғолиб омадан дар мусобиқаи довталабон дар соли 1962 ҳуқуқ пайдо намуд, ки барои унвони чемпиони ҷаҳон қувва озмояд. Муборизаи тан ба тан бо М. Ботвинник, ки соли 1963 ба вуқӯъ пайваст, ба Петросян ғалаба овард. Баъди гузашти се сол, соли 1966, унвони чемпиониашро дар қувваозмоӣ бо Борис Спасский нигоҳ дошт, вале ба ҳар ҳол пас аз се соли дигар, яъне соли 1969 ба вай бозиро бохт ва аз унвон маҳрум гашт.
Тигран Петросян «муҳофизатгар» - и беҳамто ва устоди бозии мавқеӣ буд ва муҳраҳои шатранҷро дар вазъи хуб нигоҳ медошт. Дар ҳолатҳои хеле душвор устокорона ба ҳимоя мегузашт ва ҳамин ки имконият пайдо шуд, филфавр ба ҳуҷуми барқвор мегузашту ҳарифро ғафлатгир мекард. Ҳушёрии тактикии Петросян низ ниҳоят дар сатҳи баланд буд.
Петросян – назариётчии мумтоз, номзади илмҳои фалсафа, шахси хеле сахӣ буд, таҷрибаву маҳораташро аз ҷавонон дареғ намедошт. Ба корҳои ҷамъиятӣ низ даст мезад, сармуҳарририи маҷаллаи «64» - ро ба уҳда дошт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


72 СОЛ  БО «НУРИ РАҲНАМО»
Шояд барои аксарият боварнокарданист, вале силсилафилми амрикоӣ бо номи «Нури раҳнамо» 72 сол бетанаффус  рӯи экран омадааст. Филми мазкур аз соли 1952 то 18 сентябри соли 2009 ба намоиш рафт.  Бори нахуст ин филм соли 1937 тариқи радио шунавонда шуда, баъдан тариқи телевизион ба намоиш гузошта шуд. Он ҳамчун дарозтарин силсилафилм дар таърихи киноматаграфияи ҷаҳонӣ дар «Китоби рекордҳои Гиннес» ҷо гирифт.  Филми мазкур  98 маротиба сазовори мукофот гаштааст.  Тӯли 57 сол 18262 қисми он намоиш дода шуд, ки давомнокиашон ба 164 рӯзу 4 соату 30 дақиқа  баробар хоҳад буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЯК ФИНҶОН ҚАҲВА АЗ 62 СЕНТ ТО 6,4 ДОЛЛАР
«Шоми шанбе» ба хабарнигори худ супориш дод, ки арзиши як финҷон қаҳваро дар кишварҳои ҷаҳон аниқ созад. Ин кор дар ҳамдастӣ бо коршиноси ширкати UBS қариб як моҳ идома ёфт.
Мо барои муқоисаи нарх дар қаҳвахонаҳои муқаррарии шаҳрҳои дунё аз анвои сершумори қаҳва машҳуртарини он - американоро интихоб намудем.
Агар як финҷон американо дар Женева $4,21, Москва $4,31, Пекин $4,42, Шанхай $4,60, Манамаи пойтахти Баҳрайн $4,79 ва Сюрих $4,98 бошад, дар Дубай ва Копенгаген аз ин ҳам гаронтар аст, мутаносибан $5,70 ва $6,24. Рекорди нарх дар пойтахти Қатар ба қайд гирифта шуд: қаҳваи аз ҳама қиматро дар Давҳа менӯшидаанд. Як финҷонаш $6,40 арзиш дорад.
Вақте дар шаҳри Рим нархи қаҳваро $0,99 мегӯянд, гумон мекунед, арзонтарин аст. Аммо дар Лиссабони Португалия аз он ҳам камтар арзиш доштааст – $0,74. Бо вуҷуди ин, қаҳваи аз ҳама арзонро аз Ҳабашистон меёбед. Дар пойтахти он шаҳри Лагос ба ивази ҳамагӣ 62 сент як финҷон қаҳваи олиҷаноб нӯши ҷон метавон кард.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ЧАНД АМАЛИ АҶИБИ ДУЧАРХАСАВОРОНИ ДАНИЯГӢ
2. Интиқоли борхалтаи хӯрок бо дучарха
Агар шумо дучархаро барои сафари рӯзмарраатон истифода баред, хоҳ - нохоҳ, зуд ё дер савори он барои харидани хӯрокворӣ ба мағоза меравед. Даниягиҳо дар ин маврид аз дигарҳо пешдастанд. Онҳо аз мағоза, одатан, нон, шир, сабзавот, мева, гӯшт, хӯрок барои саг ва ғайра мехаранд. Вале савол ин аст, ки онҳо ҳамаи инро чӣ тавр ба хона меоранд? Албатта, бо велосипед! Бештари дучархаҳои даниягиҳо барои интиқоли борҳои вазнин аз пешу ақиб сабад доранд. Бар замми ин, болои чамбарак, аксаран борхалтаро низ изофа мекунанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,  тарҷума аз русӣ


"ОДАММОР" 
Дар тасаввури ҳама нақш бастааст, ки аз заҳри мор инсон мемирад. Аммо дар баъзе аз рустоҳои Ҳиндустон одамоне ба сар мебаранд, ки аз газидани мор заррае зарар намебинанд. Ба табобату захмбандии оҷил ҳам намекӯшанд. Онҳоро «одаммор» мегӯянд. Чунин шахсонро барои филмҳое, ки дар бешаҳо ба навор гирифта мешавад, истифода мебаранд. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳис накардани заҳр аз авлод ба авлод мегузаштааст.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
БА ҶОЙИ ГИРЯ ХАНДА
Дар шаҳри Дербишири Англия ба ҳангоми таркиши газ дар бинои бисёрошёна падари оила Ҷон Кларк ба ҳалокат расид.  Баъди якчанд ҳафта Сию - завҷаи шодравон номае гирифт, ки ба номи шавҳари биҳиштиаш аз ширкати шаҳрии таъминоти газ ирсол гашта буд. Роҳбари ширкат аз Кларк талаб мекард, ки вай «барои аз меъёр зиёд истифода бурдани газ» ҷарима пардозад. Ҳамчунин, дар мактуб ба Кларк номгӯи тавсияҳо замима шуда буд, ки чӣ тавр дар оянда аз ҳодисаҳои хатарнок, яъне таркиши газ худро ҳифз намояд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


НОДИРТАРИН  ҲАЙВОНҲОИ  ДУНЁ
Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат маълум кард, ки 40 дарсади намуди гуногуни ҳайвонот то соли 2006 дар саргаҳи нобудшавӣ қарор дорад. Ҳатто шумораи баъзе аз ҷонварон ба даҳто мерасад, ки ҷои таассуф аст. Тасмим гирифтем, ки дар бораи чанде аз онҳо маълумот диҳем.
1. ЗАРОФА РОТШИЛД
Зарофа Ротшилд қадбаландтарин ҳайвон миёни ширмакҳо ба шумор меравад. Баландии қади зарофаи нарина   5,5 метр, вазнаш то ду тонна  ва қади модинааш  4,5 метру вазнаш зиёда аз як тоннаро ташкил медиҳад. Маҳали зисти зарофаҳо Кения ва Уганда буда, дар ҷаҳон ҳамагӣ 700 сар боқӣ мондаанд.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


СВАМИ 
МАРДЕ АЗ АСРИ XIX
Роҳиби ҳиндӣ Свами Шивананда тибқи шиноснома 8 августи соли 1896 дар шаҳри Калкутта таваллуд шудааст.
Агар маълумоти шиносномаи Шивананда дақиқ бошад, пас ӯ ҳоло 123 - сола буда, фарди куҳансолтарини рӯи Замин маҳсуб мегардад.
Дар панҷсолагӣ ӯ аз падару модар маҳрум мешавад. Хешовандонаш ӯро барои тарбия ба гурӯҳи рӯҳониёни мусофир месупоранд, ки тариқи он тамоми Ҳиндустонро саёҳат кардааст.
Шивананда замоне тасмим гирифт, ки ҳаёти хешро ба роҳибӣ бахшад. Ӯ худ иқрор шудааст, ки зиндагии хеле хоксорона дорад. Масалан, дар рӯи фарш мехобад ва зери сараш ғӯлачӯб мегузорад. Аз хӯрдани хӯрокҳои дорои маводи гуногун, маҳсулоти ширӣ ва меваҷот худдорӣ менамояд.
Шогирдони роҳиб борҳо ба ӯ машварат додаанд, ки барои шомил шудан ба китоби рекордҳои Гиннес дархост пешниҳод намуда, унвони куҳансолтарин марди сайёраро дарёфт бикунад. Аммо, ӯ дар ин масъала хомӯш аст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 1496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед