logo

фарҳанг

ЗАБОНДОНӢ. МИЛЛАТРО ДУРУСТ МУАРРИФӢ КУНЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар маросими ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро муҳим арзёбӣ карда, равона намудани таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур меҳисобанд.
Воқеан ҳам, дар самти татбиқи «Барномаи  давлатии  такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, камбудиҳо мушоҳида мешаванд.
Чанде пеш дар рафти сафарашон ба шаҳри Кӯлоб низ ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, бори дигар маорифчиёнро ба масъулиятшиносӣ хонданд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем.  Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароитҳои мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки се солро ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст, забондонӣ боз ҳам ба масъалаи муҳимтар табдил меёбад. Зеро барои дуруст муаррифӣ кардани имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ мебозанд. Коршиносони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои туристии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз проблемаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.
Набудани маълумоти пурраи илмиву оммавӣ бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм аст. Бештари ширкатҳои туристии мамлакат маводи рекламавии худро танҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон сайёҳони зиёда аз 80 мамлакати олам аз ҷумҳурӣ дидан мекунанд.
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд.  Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи ВАО дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро, аз рӯи мушоҳидаҳо, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар кишварамон пайваста сафоратхонаву консулгариҳо, созмонҳои байналмилаливу байнидавлатӣ, бонкҳою муассисаҳои гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ҳамаи онҳо ба заҳмати тарҷумон эҳтиёҷ доранд. Ҷомеаи имрӯзаи моро бидуни фаъолияти тарҷумонҳои соҳаҳои гуногун тасаввур кардан мушкил аст. Бо ин мақсад, барои соҳаи тарҷума ҳар чи бештар адабиёт ва маводи зурурии таълимиву илмӣ интишор додан мувофиқи мақсад аст.

Сабоҳат ХУДОЁРБЕКОВА, омӯзгори забони англисӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 1223
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед