logo

фарҳанг

НОҲИЯИ АЙНӢ. ҶУМҲУРИЯТ" БА НАЗДИ ХАЛҚ РАФТ

Вохӯрии кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо хонандагони худ, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гашт, ба тантанаи сухан табдил ёфт. Ҳанӯз пеш аз оғози чорабинӣ дар толор ҷойи холӣ намонд. Ба ҳам омадани доираи васеи илмию адабӣ, аҳли зиёву рӯзноманигорон ва сокинони фарҳангпарвари ноҳия шаҳодати он буд, ки мардум посдори сухану ташнаи каломи нобанд.

Нахуст раиси ноҳия Муқим Муродзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз рисолати таърихии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ёдовар шуд:
- Нахустшумораи «Ҷумҳурият» - и кунунӣ 15 - уми марти соли 1925 бо номи хушсадову умедбахши «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор мерафт. Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дувум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик» - ро гирифт, мушаххасу равшантар гашт. Дар он солҳо, ҳақиқатан ҳам, миллат ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт. Гарчанде вобаста ба шароити давру замон рӯзнома чандин маротиба тағйири ҳуруфу ном кард, мавқеъву ҳадафаш дигар нашуд ва пуштибони манфиатҳои миллӣ боқӣ монд.
Ба таъкиди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло “Ҷумҳурият” аз замони таъсисёбӣ тарғибкунандаи ғояҳои пешқадам буду ҳаст. Ғайр аз ин, он мактаби бузургест, ки дар камолоти маънавии бузургоне чун устод Садриддин Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода ва садҳо нафар нухбагони илму адаби кишвар нақши бориз дорад. “Ҷумҳурият” аз рӯзномаҳои маҳбуби халқ аст, ки ормонҳои мардумро дар саҳифаҳояш инъикос намудааст. Тайи солҳои охир ташкили озмунҳову  баргузории чунин чорабиниҳо рӯзномаро бо мардум боз ҳам наздиктар намуданд. Ба ибораи дигар гӯем, рӯзнома ба назди халқ рафт, ки дар иҷрои ин амр аҳли эҷоди он муваффақ гаштанд.
Профессор Мурод Муродӣ ба бартарияту афзалияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар низоми матбуоти имрӯзаи кишвар ишора карда, инро ба  мундариҷаю ороиш, тарзи таҳияву гуногунжанрии мавод ва қобилияти нигорандагии журналистонаш нисбат дод: “Худ таъсиси саҳифаи “Шоми шанбе” дар журналистикаи мо падидаи нав аст. Матолиби он на танҳо инъикоскунандаи ҳаёти дохилианд, балки рӯйдодҳои аҳамияти башаридоштаро низ фаро мегиранд. Зеро дар маркази таваҷҷуҳ мақоми инсон меистад, на халқияту миллат. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки матолиби ин саҳифа дар тарбияи зебоипарастӣ, бедории маънавӣ, шинохт ва ҷаҳонбинии хонандаи тоҷик нақши муҳим мебозад. Гуногунжанрии мавод низ саҳифаро ҷолиб гардондааст.  Ғайр аз ин, рӯзнома бо ташкили бозиҳои ҷолиб тавонист, робитаашро бо муштариён боз ҳам қавитар гардонад, ки таъсиси рубрикаи “Интеллект” далели гуфтаҳост”.
Мавриди зикр аст, ки тайи 2 соли охир дар рубрикаи “Интеллект” зиёда аз 1000 муаммо бо дарназардошти бозиҳои шавқовари математикӣ, кроссворду чайнворди шахсиятҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун, кӯлу дарёҳо ва шаҳру деҳоти Тоҷикистон нашр шуданд. Он дар муддати кӯтоҳ ҳаводорони зиёд пайдо карда, ба яке аз рубрикаҳои ҷолиби саҳифаи “Шоми шанбе” табдил ёфт. Садҳо нафар хонанда дар он фаъолона иштирок намуданд, ки ғолибон охири ҳар моҳ муайян шуда, бо мукофоти пулӣ қадр шуданд.
Ахиран, “Ҷумҳурият” якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тасмим гирифт иштирокчиёни фаъолро қадр кунад. Ҳайати доварон баъд аз омӯзиш яке аз иштирокчиёни фаъол Абдукабир Зубайдуллоевро ғолиб донистанд. Ба мақоми дуюму сеюм Субҳия Шоева ва Туҳфа Туйғунова мушарраф гардиданд.
Иштирокчии фаъоли дигар Сомон Ниёзов бо ҷоизаи махсус сарфароз шуда, Зокир Зокиров, Имомиддин Зуҳуров, Қобилҷон Одинаев, Маҳкамбой Ҷумъаев бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд. Шоҳҷоиза насиби фаъолтарин иштирокчии рубрика Суруш Ғаффоров  шуд.
Ғолибон, аз ҷумла Суруш Ғаффоров, бо изҳори сипос аз барпокунандагони чорабинӣ иброз дошт:
- 2 сол мешавад, ки пайваста дар ёфтани муаммоҳо ширкат меварзам ва чандин маротиба ғолиб ҳам омадам. Аммо ҳадаф танҳо ғолиб омадану соҳиби мукофот гаштан нест, балки баланд бардоштани савияи дониши худ мебошад. Бо ин роҳ, шавқи мо – ҷавонон ба хондану омӯхтан низ бештар мегардад.
Ғолиби дигари рубрика Абдукабир Зубайдуллоев дар тақвияти фикрҳои боло иброз дошт:
“Ман яке аз хонандагони доимии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳастам. Бахусус, саҳифаи “Шоми шанбе” - ро бесаброна интизорӣ мекашам. Ду сол пеш ба дастам шуморае расид, ки дар ин саҳифа рубрикаи “Интеллект” ҷой дода шуда буд. Ман дӯстдори чунин бозиҳоям, беихтиёр қаламу қоғаз ба даст гирифтаму ба ҳаллашон пардохтам. Ҳамкории мо бо идораи рӯзнома оғоз шуд. Баъдан аз редаксия занг зада гуфтанд, ки пирӯз омадааму бояд мукофотпулиамро гирам. Ҳамин тариқ, муаммоҳои ҷолиби “Интеллект” маро чунон ба чанги худ гирифтанд, ки дигар ҳеҷ аз онҳо раҳо шуда натавонистам. Дар ҳалли онҳо, ки донишу зиракиро талаб мекунанд,  ба сарчашмаҳои гуногун рӯй оварда, на танҳо муаммоҳалкун, балки тартибдиҳандаи он шудам. Ин иқдом шахсан барои ман хеле ҷолиби диққат аст. Ин гуна гӯшаҳо, барҳақ, пуле миёни мо - хонандагон ва нашрияи дӯстдоштаамон аст”.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 1463
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед