сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ
5 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.
Маросими истиқболи расмӣ дар Қасри федеролӣ баргузор гардида, парчамҳои давлатӣ афрохта шуданд.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар ҳамин ҷо маросими аксгирии сарони давлатҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир гардид.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намуд: “Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем”.
“Шуморо ҷаноби Президент барои сиёсати муваффақона ва татбиқ кардани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии кишваратон табрик менамоям,” – изҳор дошт Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Швейтсария барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муколамаи пайвастаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд омили муҳими пешбурди самарабахши ҳамкории ҷонибҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад. Истифодаи фаъолонаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария ва таҳкиму такмили пояи шартномавию ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ аз тадбирҳои дигар ва муҳими рушду тавсеаи ҳамкории ҷонибҳо маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад. Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”-ро мавриди татбиқ қарор додааст. Дар ин санад ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат дарҷ гардидаанд.
Зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкории беш аз пеш бо Швейтсария дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид. Барои татбиқи ин ҳадафҳо рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика, соҳаҳои саноат, аз ҷумла металлургияи ранга, саноати маъданҳои кӯҳӣ , сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва, умуман, дар бахши аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин рушди зерсохтори сайёҳӣ, зарур шумурда шуданд.
Тоҷикистону Швейтсария, аллакай, таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли равон 132 миллион долларро ташкил дод, ки аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии “ТАЛКО” ва швейтсариягии “Гленкор” бошад, давоми 12 соли ҳамкорӣ маблағи 4,7 миллиард доллари ИМА - ро ташкил дод.
Дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ дар чаҳорчӯби ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоявии Тоҷикистон, омили муҳим номида шуд.
Самтҳои дигари ҷолиб барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва инноватсионӣ, соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, илму маориф ва бахши гуманитариву фарҳангӣ мебошанд.
Тавре маълум аст, байни кишварҳо ҳамкории сермаҳсул дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, мавҷуд аст.
Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ин ташкилоту созмонҳо аз ташаббусҳо ва ҷонибдории мавқеи созандаи ҳамдигар, аз ҷумла дастгирии ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 - 2028”, оғози амалии ташаббуси Швейтсария зери унвони “Об сулҳ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ду ҷониб дар доираи “Бунёди ҷаҳонии муҳитзистӣ”, ёдовар шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ули Маурер ин санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расонданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониба ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати “Гленкор” - и Швейтсария бо “ТАЛКО” - и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир «ТАЛКО» ва «Гленкор», дар маҷмӯъ, ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари ИМА амалиётҳои тиҷоратиро ба анҷом расонданд. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, ба маблағи яку ним миллиард доллари дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори “Гленкор” ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати “Гленкор”, дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.
Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар, зарур шумурда шуд.
5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот карданд.
Дар ҷараёни он масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимии шаҳрдорӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Таъкид гардид, ки айни замон Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бародаршаҳр мебошад.
Бинобар ин, изҳори итминон шуд, ки барқарории робитаҳои бародаршаҳрии Берн бо пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷиҳати густариши робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ, илмӣ, зиёиён, ҷавонони ду кишвар, ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Берн ва шаҳри Душанбе, мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда, аз сатҳу муҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кумакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд.
Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ баррасӣ ёфтанд.
6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯби стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва, умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошанд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шавад ва соли оянда ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария суҳбати судманд баргузор шуд.
Дар форум ҷонибҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни ширкати “Гленкор” - и Конфедератсияи Швейтсария ва ширкати “Талко” - и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.11.2019 №: 209 Мутолиа карданд: 1706