logo

фарҳанг

“ҶУМҲУРИЯТ” ТАЪРИХИ ЗИНДАИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Намояндагони васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии руйдодҳоро расонанд. Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумат саҳмгузор бошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН 

Маҳз бо ҳамин мақсад, бо ташаббуси идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” –  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти аҳли эҷоди ин рӯзномаи бонуфуз бо хонандагони сершумораш дар ноҳия баргузор шуд.
Воқеан, дар асри навин, ки асри иттилооташ меноманд, тарғиби рӯзномахонӣ аз рисолати ҳар як шахси миллатдӯсту фарҳангпарвар бояд бошад. Бахусус, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати ояндасози муассисони худ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат пештоз аст. Воқеан, агар ба гузаштаи матбуоти тоҷик назар андозем, «Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳатто, гуфтан мумкин аст, ки ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд.
Нахустшумораи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ 15-уми марти соли 1925 бо номи хушсадову умедбахши «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёгонамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дувум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт, мушаххасу равшантар гашт. Тоҷик, воқеан ҳам, беш аз ҳама, ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт.
Вобаста ба шароити давру сиёсати замон, рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеи давлату миллати тоҷик қарор дорад.
Аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш, фарзандони баруманди тоҷик бо ҳисси баланди миллӣ дар равнақи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм мегирифтанд. Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада, адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд.
Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров низ солҳои сиюми асри гузашта аз муаллифони фаъоли рӯзнома буд ва бисёр мақолаҳои ҷолиби худро, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида шудаанд, маҳз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расонда аст.
Қаҳрамони дигари Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳам дар мақолаи худ «Аввалин газета, аввалин муъҷиза», ки ба ифтихори 50-солагии «Ҷумҳурият» навишта буд, аз эътиқоди самимии хеш ба ин рӯзнома ва нақши он дар муборизаҳо бо муҳаббати гарм ҳарф задааст.
Солҳои гуногун чеҳраҳои шинохта, ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»  будаанд. Аксари журналистони номдори кишварамон дар  «Ҷумҳурият» кор кардаанд. Бисёр адибон, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов ва Абдулҳамид Самадов, дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи сухангӯиро ихтиёр намудаанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар муборизаҳо барои манофеи миллӣ пешгому парчамбардор буд. Маҳз бо часпу талошҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Саҳми рӯзнома дар боло бурдани дараҷаи худшиносии миллӣ ҳам шоистаи таҳсин аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва кормандони он болу пар бахшид. Марҳилаи наву муҳимтаре барои кору эҷод оғоз ёфт. Вале низои шаҳрвандӣ, ки кишварро гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ намуд, ба фаъолияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам таъсири манфӣ расонд. Рӯзнома агарчи ба ормонҳои давлату миллат ҳамчунон содиқ ва дар дифои манофеи онҳо устувор боқӣ монд, вале, акнун, дар тарғибу пешбурди сиёсати давлат торафт нотавон мешуд. Вазъи моддиву маънавии он бадтар мегашт. Ва, ҳатто, кор ба дараҷае расид, ки «Ҷумҳурият» дар миёнаҳои солҳои 90-ум ҳафтаҳо, балки моҳҳо рӯи чопро надид. Аксари рӯзноманигорони соҳибқаламу моҳир, ба хотири таъмини рӯзгор, ноилоҷ «Ҷумҳурият»-ро тарк гуфтанд. Мактаби бузурги эҷодӣ ҳам, ки наслҳои гуногун дар ин рӯзнома ба вуҷуд оварда буданд, аз байн рафт.
Соли 1995 «Ҷумҳурият» мақоми Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд: аввалҳо ҳафтае як шумора, баъдтар – ду шумора. Вале, ҳатто, бо ҳамин миқдор шумора ва адади нашри хеле кам ҳам «Ҷумҳурият» зарурати хешро дар таблиғу татбиқу пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат собит сохт ва, ҳамзамон, маҳбубияти қаблиашро дар ҷомеаи кишвар пойбарҷо намуд.
Баъд, 14-уми марти соли 2000-ум бо Фармони Президенти мамлакат «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд ва он боз ба рӯзномаи рақами яки Тоҷикистон табдил ёфт.
«Ҷумҳурият», дар ҳақиқат ҳам, минбари воқеии Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва, бар илова, сухангӯи ҳақиқии ин ду ба шумор меояд. Вале сухангӯе, ки на ба як овоз, балки бо ҳазорон овоз аз ин сиёсати созандаи миллӣ ҳимоят мекунад. Нақшу саҳми «Ҷумҳурият» дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол бебаҳс мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки соли гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” даври ҷамъбастии  озмуни ҷумҳуриявӣ, бахшида ба гиромидошти 150-солагии устод Садриддин Айниро, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат  ба роҳ монда шуда буд, бо муваффақият баргузор намуд.
Хушбахтона,  имрӯз ҷамъбасти рубрикаи навбатии “ИНТЕЛЛЕКТ” – и саҳифаи “Шоми шанбе”, ки ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат меварзанд, низ  дар ноҳияи мо баргузор гардида, иштирокчиёни фаъол қадр карда шуданд.
Бовар дорам, ки минбаъд низ дар ноҳия муштариёни рӯзномаи “Ҷумҳурият”  бо вусъат зиёд хоҳанд гашт ва ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ тавассути ин нашрия ба таври зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Муқим МУРОДЗОДА, раиси ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед