иқтисод
ҒАЛЛА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
Кишоварзон то имрӯз қариб 290 ҳазор гектар ғаллазорро даравида, зироати 280 ҳазор гектари онро барои истеҳсол омода намудаанд. Имсол дар ҷумҳурӣ 291 ҳазору 510 гектар зироати ғалла кишт шуд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла аз кишти такрорӣ дар арафаи анҷомёбист. Ҳосили умумии зироати ҷамъоваришуда 824 ҳазору 828 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла беш аз 1100 комбайн сафарбар гаштааст. Зироати ғалла, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд.
Дар баъзе минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили ғалла, аз ҷумла шолӣ, идома дошта, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба итмом хоҳад расид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.11.2019 №: 209 Мутолиа карданд: 1319