иқтисод
ДУШАНБЕ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии пойтахти кишвар бо гӯшти баландсифату арзон ва муътадил нигоҳ доштани нархи он Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия” - и шаҳри Душанбе бо ширкатҳои Ҷумҳурии Беларус ҶСК “Комбинати гӯшти Слонимск” ба маблағи як миллион доллари ИМА ва ҶСК “Комбинати гӯшти Слутск” панҷсад ҳазор доллари ИМА ҷиҳати хариди гӯшти гов шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Бино ба иттилои Фаррух Хушвақтзода, директори корхона, дар доираи шартномаи басташуда бо ширкатҳои номбурда ба ҷумҳурӣ воридоти 300 тонна гӯшти чорвои калон дар назар аст. Айни замон 20 тонна гӯшти гов оварда шуд. Шароити забҳ, интиқол, воридот ва то ба дасти истеъмолкунанда расондани маҳсулот зери назорати қатъист. Ҳар килои он бо нархи 45 сомонӣ ба мизоҷон пешкаш мешавад. Бо назардошти талаботи сокинон ва дархости харидорон воридоти гӯшт бештар мегардад.
Тавре Бобошо Кармишев, сардори раёсати бехатарии озуқавории шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иброз дошт, воридоти маҳсулот танҳо ба он ширкатҳое иҷозат дода мешаванд, ки дорои сертификати “Ҳалол” буда, тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо амал менамоянд. Барои вазъи эпизоотикии ин кишварҳоро омӯхтан, аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мутахассисон ва коршиносони давлатӣ ба он ҷумҳуриҳо фиристода мешаванд. Тибқи санҷиши мутахассисони соҳа имрӯзҳо бо дастури роҳбарияти шаҳри Душанбе барои сокинони пойтахт гӯшти босифату ҷавобгӯи талабот ворид мешавад.
Баробари ба роҳ мондани воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар, ҳамчунин, дар пойтахти мамлакат шароитҳои нигоҳдорӣ ва интиқол низ ба андозаи зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҳсулоти гӯштӣ дар яхдонҳо нигоҳ дошта шуда, бо техникаҳои махсус ба маконҳои даркорӣ интиқол меёбад.
Бино ба иттилои Фаррух Хушвақтзода, дар самти истеҳсол ва фурӯши гӯшт сифати маҳсулот, бехатарии он ва риояи қоидаҳои забҳи чорво аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мутахассисон - кормандони соҳа барои забҳи чорво ба ин давлатҳо сафарбар карда шудаанд. Ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудани мағозаи фурӯши гӯшт дар маҳаллаи 33 - и ноҳияи Сино низ, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, яке аз иқдомҳо дар ин самт мебошад.
Барои афзун намудани маҳсулоти гӯштӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани арзиши он дар фурӯшгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат 792 сар чорвои зинда оварда шуд. Дар оянда боз марҳила ба марҳила ба кишвар чорвои зиёд ворид мегардад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2019 №: 210 Мутолиа карданд: 2143