иқтисод
КӮШОНИЁН. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 40 ДАРСАДИ ММД
Дар ноҳияи Кӯшониён давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ беш аз 127 миллионро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 145 ҳазору 500 сомонӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда 40,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияро ташкил медиҳад.
Ноҳия дорои 36 корхонаи саноатӣ ва 2 корхонаи хизматрасонӣ аст. Давоми нуҳ моҳ 6 корхонаи саноатӣ фаъолият накардааст. Аз он се адад мавсимӣ мебошад. Корхонаи «Ф. Саидов» бо сабаби фарсуда будани таҷҳизот, инчунин, аз тарафи «Агроинвестбонк» зери ҳабс қарор доштан аз фаъолият боз мондааст. Роҳбари ҶДММ «Қутайба» дар маҳбас қарор дошта, ҶДММ «Виён 2014» ба иллати фарсуда шудани таҷҳизот ба мақомоти оморӣ маълумот пешниҳод накардааст.
Амриддин Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия, гуфт, ки таъмини пешрафти соҳаи саноат вазифаи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз саноат иқтисодиёти ноҳияро баланд бардошта, барои таъмини дигар соҳаҳои иҷтимоӣ кумак мерасонад.
Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 18 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз коргоҳу корхонаҳои қаннодӣ се адад, дӯзандагӣ ду, равғанбарорӣ се адад ва коркарди сангу шағал сохта ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз корхонаи истеҳсолии «Ганҷ», ки ба истеҳсоли равғани офтобпараст машғул аст, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, корхонаҳои «Рушди иқтисоди водии Вахш» ва «Абдумалики Камолиддин» ифтитоҳ ёфтанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2019 №: 212 Мутолиа карданд: 966