фарҳанг
ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ ТАҲКИМ МЕЁБАНД
Дар доираи таҳкими робитаҳои дуҷониба байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯзҳо (аз 11 то 15 ноябри соли равон) «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.
Ҳайати расмӣ ва ҳунарии кишвари ба мо дӯсту ҳамсояро вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати ҳунарӣ ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ҳамчунин, ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Ӯзбекистон, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» шомиланд.
Дар доира рӯзҳои фарҳанг 12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар Шамсиддин Орумбекзода ва Бахтиёр Сайфуллоев бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Баъди нисфирӯзӣ ҳайати расмӣ Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро тамошо карданд.
Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат гирифт. Тамошобинон қабл аз ифтитоҳи расмӣ дар даромадгоҳи театр аз тамошои намоиши аксҳо ва мусаввараҳо дар мавзӯи «Ӯзбекистони муосир» баҳра бардоштанд.
Дар вохӯриву ҳамоиш ва ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон васфи дӯстӣ буду арзи сипос ба сарварони ҳар ду кишвар барои истиқрору таҳкими робитаҳои тарафайн ва фароҳам овардани имконоти равуои озоди ду халқи бо ҳам дӯсту бародар, ки қариб ду даҳсола байни ҳам фосила доштанд. Ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл Устод Рӯдакӣ ҳеҷ шодиро бартар аз дидори дӯст ва ҳеҷ талхиро талхтар аз фироқ надонистааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.
Шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштарак таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек баргузор мегардад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2019 №: 214 Мутолиа карданд: 844