logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – ПАЙВАНДГАРИ РИШТАҲОИ ДӮСТӢ

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи мушкилот, ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагон аз кишварҳои узви ИДМ суҳбати гирди миз доир гардид, ки идомабахши чорабиниҳои Фестивали байналмилалии «Шарқ - Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии АвруОсиё дар фазои  фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» буд.

Дар оғоз раиси шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ  Қурбонов аз тақвияти муносибатҳо байни кишварҳои ИДМ изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки барои густариши анъанаҳои азбайнрафта ва пайванд сохтани риштаҳои дӯстӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳим ба шумор меравад. Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки баргузор намудани фестивали байналмилалӣ муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистонро бо кишварҳои олам, хусусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, қавӣ мегардонад.
- Ҳунарҳои мардумӣ, ин, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин шудани мардум аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гурӯҳи мардум имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда, имконоти фаровонро барояшон муҳайё намуданд. Мо дар ин солҳо бунёди ҳунар созмон додем. Инчунин, дар Осиёи Марказӣ ҳамкориро рӯз ба рӯз тақвият мебахшем. Аз ҷумла, бо ҳамкорони қирғизамон дар ин ҷода робитаи хуб дорем, – иброз намуд тарроҳи тоҷик Мукаррама Қаюмова.
Намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидназар  Худойназаров аз муносибатҳои нави байни ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон, изҳори хушнудӣ намуд ва ҳавасмандии ҷониби кишварашро барои ривоҷи бештари муносибатҳо таъкид кард: “Имкон аст, ки донишҷӯёни тоҷик дар устохонаи Консерваторияи Тошкант ҳунари созтароширо омӯзанд. Мо устоҳоеро тайёр мекунем, ки силсилаи асбобҳои мусиқӣ – дутор, ғижак, рубоб ва ғайраро омода мекунанд. Мо асбобҳоро дастӣ  месозем, сохти фабрикавиро қабул надорем, зеро онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Омодаем, дар назди донишкадаи шумо низ як устохонаи созтарошӣ бунёд созем. Бовар дорам, дар ин самт низ  муносибатҳоямон вусъат меёбанд”, - афзуд мавсуф.
Дар анҷом Сафаралӣ  Қурбонов  фестивалро муҳим, саривақтӣ ва ба манфиати тарафҳо номида, ҷиҳати саҳмгирӣ дар инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва густариши дӯстиву  робитаҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба меҳмонон сипосгузорӣ кард.

А. ҒОИБЗОДА, устоди кафедраи филологияи ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 845
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед