logo

фарҳанг

МУСИҚӢ САРҲАД НАДОРАД

Консерти калони  мусиқии анъанавӣ, ки дар доираи Фестивали байналмилалии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» таҳия гардида буд, дар толори «Арғунун» - и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Дар навбати аввал  бо  иҷрои сурудҳои «Дугоҳ», «Танавор», «Омонёр» ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Замира Суюнова бо ансамбли давлатии «Шашмақом» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба номи Фазлиддин Шаҳобов ҳунарнамоӣ намуд. Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Бабижан Баглан бо сурудҳои халқии «Келқайнарға», «Аккум» ва суруди Кенен Азербаев «Басты олен» рӯи саҳна омад. Намоянда аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Рисбек Жунушев бо сози қомус оҳангҳои А. Огонбаев «Ак тамак кук тамак», «Маш ботой»,  оҳанги И. Туманов «Кенеш» - ро ба иҷро расонд.
Ғолиби  озмунҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия Александр Прасолов оҳангҳои «Вы послушайте ребята», «Ай  все кумушки домой»,  суруди  шӯхи «Заиграй моя волынка» ва сурудҳои қадимаи «Я встретил Вас», «Ехал казак за Дунай», «Ах ты, берёза» - ро манзури ҳозирон гардонд.
 Абдувалӣ Абдурашидов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, бо навозиши «Навои танбӯр», Озода Ашӯрова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бо «Сарахбори ороми ҷон» бар ғазали Ҳофиз, Хушбахт Ниёзов бо навозиши «Навои рубоб», Шоҳин Абдуллоев «Фалак» дар оҳанги халқ, «Чӣ ёд дорам» шеъри Ҷалолуддини Балхӣ дар иҷрои Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо (дар рақс ансамбли «Бунафша» - и ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода) мусиқии анъанавии тоҷикиро ба иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ пешниҳод намуданд.
Аҳли толор суруду оҳангҳои баиҷрорасондаи ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои самимии бардавом қабул карданд. Ин гувоҳи он аст, ки «Мусиқӣ сарҳад надорад».

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед