сиёсат
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14 ноябр таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини вазир - сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 ироа гардид. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои қонуни зикргардида дар сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбат ба зиёда аз даҳ ҳазор нафар маҳкумшуда татбиқ гардид. Аз ҷумла, беш аз шаш ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо менамуд, аз адои ҷазо озод карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиронро ҷиҳати сари вақт таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он дастурҳо доданд.
Дар ҷаласа, инчунин, масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод», ки 6 ноябри соли 2019 ба амал омада буд ва чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳокима гардиданд. Оид ба ин масъалаҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот доданд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.11.2019 №: 215 Мутолиа карданд: 1432