logo

сиёсат

ШАХСИЯТ

Саҳмгузориҳои намоёни таърихӣ, заҳматҳои шоёну фидокорона ва  бузурги Пешвои муаззами миллатамон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар ҳама арсаҳои ҳаёти ҷомеа намоён ва  назаррас буда, далели ин гуфтаҳо моддаи якуми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»  мебошад, ки дар он чунин зикр шудааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда,  дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.»
Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолият барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзи он аз тамоюлҳои пурхатар самараи сарварии иродатмандона ва ғайрату шуҷоати Пешвои миллат аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори Истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд. Бақои миллат, пойдории Истиқлолияти давлатӣ, инчунин,  ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули  хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомоти таърихсозонаи Қаҳрамони  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мебошад.
Таҷлили  Рӯзи Президент ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда,  қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» зарурати таърихие  буд, ки  амалӣ  гардид, зеро аз нигоҳи  талаби  вақт, тақозои замон ва ҳақиқати ҳаёт  татбиқи он амри зарурӣ ва айни муддао буд. Дар марҳилаи таҳия ва муҳокимаи  лоиҳаи ин санади қонунӣ низ ҳамовозии сартосарии қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа, афкори созандаеро  ташаккул дод, ки баёнгари ҷонибдории густурда аз ин иқдоми мантиқӣ, ҳадафманд ва саривақтӣ ба шумор мерафт.
Дар ҳамин зимн, қобили эътирофи барҳақ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровард ва, муҳимтар аз ҳама, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд.
Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатпарвар  ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби  доираҳои муътамади  байналмилалӣ  маҳсули  хираду  талоши қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор мераванд.
Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷанбаи амиқу пурвусъати ватанхоҳию ватанпарастӣ дошта, аз таҳлили пурраи раванди рушди миллӣ ва мушаххас намудани самтҳои стратегии дурнамои пешрафту тараққиёти  давлати соҳибихтиёрамон иборат аст.
Дар маҷмӯъ, метавон далелмандона ва асосноку бобунёд хулоса намуд, ки ҳама азму талош ва кӯшишу ҳиссагузории беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ,  эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳбудии сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон  ба навъи худ шоҳкории азими  қаҳрамонона  буда, арзиш, мақому моҳияти барҷаста ва абадии таърихӣ дорад.

Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри  Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2019    №: 215    Мутолиа карданд: 1506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед