logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ба саодати мардуми тоҷик дар асри имрӯз тавассути сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои нав ба нав аз мақом ва ҷойгоҳи махсусе бархӯрдор гардид. Истиқболи ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ва шурӯи муваффақонаи он бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон тавассути тадбирҳои умумиинсонии хеш дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хоса пайдо намудааст.
Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ, дар барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиме қарор гирифтанд, ки онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд. Танҳо давоми ду соли охир мо шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” будем, ки бо ҳузури Пешвои миллат ҷараён гирифтанд. Гузашта аз ин, давоми Барномаи давлатии бунёди неругоҳҳои хурду бузург то соли 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он чандин неругоҳи бузург ҳам мавриди баҳрабардорӣ ва таҷдиду тармим қарор гирифтанд. Татбиқи ин барномаи давлатӣ мусоидат кард, ки Тоҷикистон дурнамои расидан ба истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намуда, кишвари моро ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли неруи барқи тоза муаррифӣ намояд. Ҳамакнун, ба истифода дода шудани чунин иқтидорҳои истеҳсолии кишвар метавонанд аҳамияти бунёди ин неругоҳи бузургро барои минтақа  бозгӯӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун сарчашмаи манбаи нур ва кишвари таъминкунандаи минтақа ба неруи барқ муаррифӣ созад. Аз ин нигоҳ, аҳамияти байналмилалии барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат такя мекунанд, бегумон, дар болоравии мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва афзудани нуфузу эътибори Сарвари хирадсолори тоҷикон ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри имрӯз саҳми муносиб мегузоранд.
Соли 2018 дар сарзамини мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҷамъбаст ва натиҷагириҳои муассир аз ин сол нишон дод, ки, воқеан, дар давоми як сол имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ муаррифӣ гардида, доираи васеи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба имкониятҳои ҳамаҷонибаи кишвари мо баҳои баланд доданд. Дар натиҷа, барои боз ҳам бештар муаррифӣ намудани ин имкониятҳо, эҳёи обидаҳои таърихӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва падидаҳои он солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои миллӣ ва сайёҳӣ эълон гардид.
Мардуми шаҳри Хуҷанд сарфароз аз он ҳастанд, ки тавассути дастгириҳои Пешвои миллат дар фосилаи кӯтоҳ имкониятҳои бузурги ин шаҳри таърихӣ барои рушди сайёҳӣ босамар истифода шуда, дар натиҷа чандин макони шоиста барои ҷалби сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бунёди Маҷмааи таърихии қалъаи Хуҷанд, мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, хона ва боғи шоир, роҳи танобӣ, киштии рамзии “Темурмалик” ва меҳмонхонаи замонавии “Суғдиён”, бунёди Маҷмааи таърихии 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон имкониятҳои ҷалби сайёҳонро ба шаҳри Хуҷанд тавсеа бахшиданд. Дар натиҷа, давоми ду соли охир наздик ба ним миллион саёҳи хориҷӣ, меҳмонони кишварҳои ҳамҷавор аз ин макони таърихии шаҳр боздид ба амал оварда, имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимаро дар кишвар ва давлатҳои хеш муаррифӣ намуданд.
Тадбирҳои инсонсолоронаи Пешвои миллат дар амри тақвияти дӯстии халқҳои минтақа, аз ҷумла бо ҷумҳурии ҳамсояи мо, самараҳои матлуб доранд. Баъд аз муддати тӯлонӣ, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон  тавассути корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв натиҷаҳои шоён ҳосил намуданд. Дар натиҷаи таҳкими робитаҳои дӯстӣ, муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо рӯ ба рушд оварда, мубодилоти молу ашё ва сафари шаҳрвандони ҳар ду кишвар бамаротиб афзун гардиданд.
Маҷмӯи чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, маърифативу фарҳангӣ аз он дарак медиҳанд, ки, воқеан, мақоми Тоҷикистон тавассути ибтикороти сиёсии Пешвои миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бамаротиб боло меравад. Истиқболи самимонаи  чеҳраҳои барҷастаи сиёсии олам ва давлатҳои ҷаҳон аз иқдомоти инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки симои сиёсии Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри бисту як эътироф гардида, имрӯз таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсати берунаи маъруф ба “сиёсати дарҳои кушода” мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дорад. Ин дастоварди бузург маҳз ба таҷрибаҳои бузурги Пешвои миллат ва ғояву ормонҳои умумиинсонии эшон такя мекунад, ки сарчашмаи омӯзанда, мояи ифтихор ва намунаи ормонӣ дар низоми давлатдории миллии мо ба шумор меравад ва моро бовар мекунонад, ки ин сиёсати дурбинона раҳнамо ва раҳкушои мардуми мо то ба дуриҳои дур, то ба қуллаи мурод ва расидан ба ҳадафҳои бузург хоҳанд буд.

Маъруф МУҲАММАДЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед