сиёсат
МАҲБУБИ ВАТАН
Имрӯз мо фаъолияти нусратбахшу зафармандонаи Президенти мамлакатро дар ин вазифаи пурмасъул дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа бо натиҷаи ҳайратангезу беназираш мебинем, эҳсос мекунем ва бо тамоми вуҷуд дарк менамоем, ки Сарвари давлати мо ҳақиқатан Президенти маҳбуби халқ ҳастанд, ки мардуми сайёра орзуи доштани чунин роҳбару раҳнаморо доранд.
Самараи фаъолияти нусратбори Президенти мардумӣ дар табассуми тифлони ин сарзамин, шодии пирону ватандории ҷавонон, хандаи модарону виқори падарон, неруи бузурги бунёдкорони чароғистони «Роғун», гулистону бӯстон ва боғистон гардидани шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, бузургдошту гиромидошти номи неки гузаштагон, қадршиносии аҳли илму фарҳанг, эътироф ва амалӣ гардидани ташаббусҳои байналмилалии «Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», «Соли байналхалқии дипломатия барои об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», таҳкими худшиносии миллӣ, тақвияти мақому манзалати волои забони оламгири тоҷикӣ, ҳифозату поку беолоиш нигаҳ доштани номи дини мубини Ислом, бунёди ҳазорҳо мактабу даҳҳо донишгоҳ, садҳо муассисаи тандурустӣ таҷассум меёбад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ташвишу талоши бесобиқаи давлатдорию ватансозӣ, боз бо муҳаббат, бо садоқат ва бо иродати азими маънавӣ асарҳои пурмазмуни илмию тадқиқотӣ эҷод мекунанд, то хурду калон, пиру ҷавон, махсусан хонандагону донишҷӯёни кишвар таърихи пуршарафи худро донанд, худшинос шаванд, аз ҳаёти бузургони миллат баҳраманд гардида, фирефтаи таблиғ ва мағзшӯии душманони халқу Ватани худ нагарданд. Махсусан, асарҳои пурмазмуну ҳикматбори «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» - се гавҳари пурфурӯғи маърифату худшиносии миллӣ мебошанд. Имсол бо иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду тадбири бузурги маънавӣ – озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон гардид, ки барои рушди минбаъдаи маданияту санъат, кашфи ҷавонону наврасони соҳибистеъдод ва ҷалби онҳо ба китобу китобхонӣ такони бузург бахшид. Дар замони муосир то кунун ба мисли Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорони китобофару дӯстдори китоб зуҳур накардаанд, ки танҳо барои ҷалби шаҳрвандон ба мутолиаи китоб ҷоизаҳои пулӣ инъом намоянд.
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳо, аз самтҳои муҳими сиёсати ватандӯстонаи Президенти мамлакат мебошад, ки самараҳои пурфайз ба бор овардааст. Чунончӣ, дар ин замина, дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Президенти хирадсолори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Мастчоҳ низ рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, мардуми заҳматқарини он бо баҳрамандӣ аз чунин ғамхорӣ баҳри боз ҳам хурраму дилработар гардидани зодгоҳи худ бо меҳнати садоқатмандона машғул мебошанд. Шоистаи ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор маротиба - солҳои 1996, 2007, 2011 ва 2016, ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом дода, ба заҳмату фидокориҳои мардуми он баҳои баланд доданд. Ба андешаи Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мардуми шарафманди ноҳияи Мастчоҳ бо иродаву матонат, фарҳанги ободонии хосса тавонистанд, ки мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, дар муҳлати кӯтоҳ даштҳои ташналаби Дилварзинро ба гулистони сарсабзу хуррам ва диёри ободу ороста табдил диҳанд». Бо илҳому сарфарозӣ аз чунин арҷгузорӣ ва баҳои баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия аҳлона заҳмат кашида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерую ғайрати худро равона карда истодаанд. Нақшаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия ба истиқболи ин ҷашни муқаддаси таърихӣ тасдиқ гардида, дар асоси он бунёд, таъмир ва азнавсозии 535 иншоот, бо маблағи умумии 477 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ин замина давоми соли 2018 - ум 79 иншоот ва даҳ моҳи соли 2019 - ум 133 иншоот ба маблағи зиёда аз 66 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Сокинони ноҳия боз аз он ифтихор менамоянд, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 тантанаҳои умумиҷумҳуриявии Ҷашни 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар зодгоҳи онҳо баргузор мегардад. Ба ин муносибат, сохтмони иншооти бошукӯҳи замонавӣ, ба монанди қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, варзишгоҳи муосир бо фарогирии 10000 ҷой, мактаби замонавӣ дар шаҳраки навбунёди Ганҷобод, майдони Парчами давлатӣ, биноҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, бинои маркази адлия, се меҳмонхонаи замонавӣ, даҳҳо маркази хизматрасонӣ ва дигар иншоот бомаром идома доранд. Ҳамаи ин аз файзи лутфу меҳрубониҳои Пешвои маҳбуби миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинобар ин, тамоми сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз сиёсати ватандӯстонаи ин абармарди бузург комилан ҷонибдорӣ намуда, оёти шукрона ва таманниёти неки худро бо мисраъҳои зебои Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ки дар ситоиши Сарвари азизи халқу Ватан сурудааст, чунин баён менамоянд:
Маҳбуби ҷаҳонию ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан
мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ!
Ғайрат АЗИЗЗОДА,
раиси ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2019 №: 217 Мутолиа карданд: 1746