logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. БОҒИ ДАШТИ МАРЗО МАҲВ МЕШАВАД?

Ноҳияи Файзобод бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои бунёду инкишоф додани соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб шинохта шудааст. Меваҳои ноҳия таъму лаззати дигар дораду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳур аст. Вале, мутаассифона, имрӯзҳо баъзе боғҳои ноҳия дар ҳолати ҳузнангез қарор доранд...
Аз ҷумла, боғи Дашти Марзои деҳоти Қалъаи Дашт имрӯз як ҳолати ногувор дошта, соли шашум аст, ки мардум аз меваи он ком ширин карда наметавонад.
Боғи Дашти Марзо ҳанӯз 10 апрели соли 2014 дар масоҳати 120 гектар бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ниҳоли себи навъҳои “Стар кримсон”, “Семиренко”, “Голден делишес” ва нок шинонда шуд. Барои нигоҳубини он 60 хоҷагӣ сафарбар гардида, беш аз 250 нафар бо кор таъмин шуд. Итминон буд, ки боғ дар 3 – 4 соли оянда ба манбаи иловагии даромади мардуми ноҳия ва майдони таҷрибавии ташкили боғу токзор барои кишоварзони минтақаҳои дигари кишвар табдил меёбад. Инчунин, тибқи нақша дар заминаи боғи навбунёд бояд корхонаҳои коркарди мева ташкил ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ ба роҳ монда мешуд. Вале, мутаассифона, имрӯзҳо қисме аз дарахтони ин боғи замоне сабзу хуррам рӯ ба нестшавӣ дорад. Ташкили корхонаҳои коркарди мева бошад, ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст.
Хоҷагидорон иброз медоранд, ки дарахтҳои себу нок ду сол боз ба ҳосил даромадааст, аммо дар ин муддат аз 120 гектар боғ ҳамагӣ 5 - 6  тонна мева ба даст омадаасту халос.
Тавре мо аз боғи мазкур дидан намудем, дар ин ҷо хоҷагидороне низ ҳастанд, ки меҳнат карда, аллакай аз боғашон самар гирифтаанд, аммо ангуштшуморанд. 
Роҳбарияти ноҳия аз вазъи боғ ва дигар мушкилоти хоҷагидорони он огаҳ аст. Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ (ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон) сабаби ба чунин ҳол расидани боғро ба номусоидии иқлими мавзеъ марбут донист. Ҳарчанд вақти бунёди боғ (соли 2014)  иттилоъ дода буданд, ки “обу хок ва иқлими ин мавзеъ барои парвариши боғи себу нок басо мусоид аст”.
Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт Ҳусейн Зиёев низ андешаи раиси ноҳияро тасдиқ намуд: “Сабаби рушд накардани қисме аз дарахтон ва хушк шудани баъзеи онҳо ҳавои сард ва номувофиқ будани иқлими мавзеъ аст. Яке аз омилҳои дигар зиёд будани обҳои зеризаминист. Ҳангоми бунёди боғ мебоист инро ба инобат мегирифтанд. Инчунин, барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта бояд ду чоҳи амудӣ канда мешуд, вале масъулон набудани шароитро баҳона карда, ба ҷойи чоҳҳои амудӣ дар як қисмати боғ барои нест шудани обҳои зеризаминӣ танҳо чанд заҳкаш канданду тамом”.
- Сабаби нобудшавии баъзе аз минтақаҳои боғ, беаҳамиятии худи хоҷагидорон мебошад. 30 дарсади боғ аз ҷониби хоҷагидорон коркард намешавад. Хоҷагидороне ҳастанд, ки замини боғро на барои нигоҳубини ниҳолҳо, балки бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд, -  гуфт муовини якуми раиси ноҳия Мансур Достзода. - Мо нисбат ба хоҷагидороне, ки қитъаҳои худро хуб нигоҳубин намекунанд, чораҳои зарурӣ андешида истодаем. Имсол барои беаҳамиятӣ нисбат ба тақдири ниҳолҳо хоҷагидорони беш аз 37 гектари боғотро огоҳ намудем. Дар сурати такрор шудани чунин муносибат заминҳояшонро гирифта ба дигарон медиҳем”. 
Аммо хоҷагидор ва обмони боғ Теша Холов бар ин назар аст, ки  мушкили асосӣ норасоии оби полизист. “Солҳои аввал об фаровон буд, аммо бо аз кор баромадани қубурҳо аз об маҳрум шудем. Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин мавзеъ супориш дода буданд, ки чоҳҳои амудӣ кофта шаванд, вале ин супориш ноиҷро монд. Аз ноилоҷӣ баъзе хоҷагидорон дар назди боғашон чоҳи амудӣ бунёд карданд, вале чунин шароитро на ҳама дорад, - мегӯяд ҳамсуҳбатамон. - Соли сипаришуда танҳо як қисми боғро аз нав барқарор карда тавонистем. Чунки фасли зимистон сербориш омаду кӯрмушҳо пӯсти ниҳолҳоро хоида, онро хушк карданд”.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки ҳангоми сафари кориашон ба ноҳия моҳи апрели соли 2014 ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, хусусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур дода буданд, барои васеъ намудани майдони боғу токзор ва нигоҳубини онҳо бояд тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ шуда, ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сифати маҳсулот ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешуд. Вале вазъи нохуби имрӯзаи боғи Дашти Марзо гувоҳи он аст, ки масъулони ноҳия барои васеътар намудани майдони боғзор дасту дил гарм накардаанд.

Зикрулло РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”

РS: Соли 2014 зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо назардошти мавҷуд будани имконият ҷиҳати дар чор - панҷ соли оянда бунёд намудани боз чор ҳазор гектар боғи нави меваи содиротӣ дар мавзеъҳои Шулашак, Офтобрӯя, Яккабеду Меҳробод, Саричашма ва Мискинободу Қалъаи Дашт, инчунин, парваришу нигоҳубини навъҳои хушсифату серҳосили ниҳолҳои меваю ангур ва ноил гардидан ба истеҳсоли ҳарчи бештари мева, барқарор намудани боғу токзорҳои мавҷуда, шабакаҳои таъминкунандаи оби кишоварзӣ ва иншооти фарсудаи заҳкашии ноҳия, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ҷиҳати барвақт ба ҳосил даромадани боғҳои навбунёд,  ташкили корхонаҳои коркарди мева ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия, роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карда буданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт масъулони соҳа дар ноҳия саҳланкорӣ менамоянд. Ин мавзӯъҳо дар шумораҳои минбаъдаи рӯзнома пайгирӣ хоҳанд шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед