logo

сиёсат

ПАЙВАНДИ ГУЗАШТА БА ИМРӮЗ

(Сухане чанд пиромуни китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», Лондон, 2019, 560 с.)
Дар охири садаи бист худшиносии миллӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, боло рафт. Инро аз осори адабӣ, забонӣ, таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангии тоҷикон, ки дар нимаи дуюми садаи бист таълиф шудаанд, хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Бахусус, пас аз бозсозии охири солҳои 80-и садаи ХХ, равшанфикрони тоҷик яке аз аввалинҳо буданд, ки барои пойдории ояндаи забони хеш ва нигоҳ доштани ҷойгоҳи он дар ҷомеа мубориза бурданд ва натиҷаи дилхоҳе ба даст оварданд, ки ин ҳам қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар он солҳо дар навиштаҳои фарзандони фарзонаи миллат ошиқона дар бораи таърихи ниёгон баҳсҳо мешуд, бавижа дар ашъори шоирон бо эҳсосоти баланди миллӣ, на нажодпарастӣ, ба таърихи деринаи давраи бостонӣ ва исломӣ ишоратҳо мешуд. Наслҳои ҷавон бо муҳаббат ва меҳри махсус ба ҳар шеъре, ки марбут ба худшиносӣ буд, рӯ меоварданд ва онро дар ёдҳо супурда, дар маҳфилҳо, ҷашнҳо баён менамуданд ва месароиданд.
Ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн нарафта, оғози солҳои навади садаи бист дар он кишвари абарқудрат созмонҳои гуногуни миллӣ, иҷтимоӣ, ҳизбӣ, нажодпарастӣ ба вуҷуд омадан гирифтанд, ки таъсири он ба кишвари мо низ расид. Дар Тоҷикистон ҳам вазъи буҳронии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ шиддат гирифт. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ зуд аз пайи шикори он шуданд, ки падидаҳои номатлубро ба ғаразҳои сиёсии худ бикашанд.
Дар оғози солҳои навади садаи бист дар канори ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ созмоне ба вуҷуд омад, ки номи он дар аввал «Куруши Кабир» буд ва баъдан ба номи «Ориёнои Бузург» ба фаъолият шурӯъ кард. Тибқи барномаи худ ҳадафи аслии ин созмон ваҳдати миллат, омӯзиши таърихи ниёгон, пайванди фарҳанги тоҷикон бо ҳамзабонон буд. Ҳамчунин, ошкоро гуфта шуда буд, ки дар фаъолияти ин созмон унсурҳои нажодпарастӣ комилан вуҷуд надорад. Ишорат шуда буд, ки агар миллате ба забон ва фарҳанги худ муҳаббат дорад ба забон ва фарҳанги миллатҳои дигар низ ҳамон андоза бо самимият менигарад. Ҳадафи аслии ин созмон мардуми хешро бо фарҳанги арзандаи гузаштаи дуру наздикаш ошно намудан ва миллатро дар ин мавҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, чун яке аз поягузорони фарҳанги башарӣ, дар канори миллатҳои дигари олам нигаҳ доштан буд.
Дар солҳои 1991-1992 дар кишвар даҳҳо созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам қонунӣ ва ҳам ғайриқонунӣ арзи вуҷуд карданд. Аз фурсати буҳронӣ истифода бурда, миллат ва кишварро ба доми бало кашиданд ва барои аз байн рафтани он хатари ҷиддӣ ворид намуданд. Дар он солҳо оқилон роҳҳои аз ин бало наҷот ёфтанро меҷустанд. Аъзои созмони «Ориёнои Бузург» низ ангушти ҳайрат газида буданд, ки чӣ бояд кард? Намояндагони он дар орзуи он буданд, ки эй кош як шахсияти миллатдӯст, башардӯст ва мантиқӣ дар Тоҷикистон пайдо шуда, ҳамаи андешаҳои мутараққии созмонҳои гуногуни ба миллат ва кишвар муфидро дар як ҷо муттаҳид созад.
Соли 1992 рӯзгор талх шуд. Буҳронҳои шадид кишварро фаро гирифтанд. Кор ба ҷое расид, ки яке ба ҷони дигаре дарафтод. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсоз дар охири ҳамон сол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Бархе аз намояндагони созмони «Ориёнои Бузург» иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) баргузор шуд, аз телевизион дида, ашки шодӣ рехтанд ва дар симои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии худро диданд ва тасмим гирифтанд, ки барои амалӣ намудани барномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, дар канори ӯ  бошанд.
Аз нахустин лаҳзаҳои ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон тамоми умеду ормонҳои равшанфикрони солимақл дар барномаи эшон ворид шудан гирифт. Он касоне, ки воқеан ошиқу дилсӯзи миллат ва фарҳанги мардуми ориёитабор буданд, бо пиндори худ, гуфтори худ, рафтори худ ва бо қаламу амали худ бо эшон шарик шуданд.
Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, ҷашнҳои Фирдавсӣ, Ваҳдати миллӣ, 1100 - солагии Сомониён ва чандин ҷашну корҳои нек, бахусус эъломи бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ (2006) ва Соли забони тоҷикӣ ва 1150 - солагии устод Рӯдакӣ ва даҳҳо ҳамоишҳои пайвандсозу фарҳангдӯстона ҳар фарди ошиқи миллатро ба ваҷд меоварданд. Ҳамаи ин барномаҳоро на фақат дар гуфтори Пешвои миллат мебинем, балки дар навиштаҳои таърихии Ҷаноби Олӣ низ метавон дид, ки яке аз онҳо «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006) аст.
Инак, ин асари арзишманд имсол (соли 2019) ба алифбои форсӣ дар Париж омода шуда, дар Лондон чоп шуд, ки дар пешгуфтори он донишманди фарҳангдӯст доктор Масъуди Миршоҳӣ чунин навиштааст: «Ин китоб дар ростои ҳадафҳо ва ормонҳои анҷумани Рӯдакӣ дар Париж, ки ба кӯшиши фарҳехтагон ва ҳамвандони он барои шукуфоии фарҳанг дар густураи фарҳанги эронӣ дар саросари ҷаҳон бунёдгузорӣ шудааст, фароҳам гашта, бо кумаки фарҳангсарои ориёӣ Обтин Сосонфар ва Меҳрафзун Фирӯзгар, шаҳрҳои Душанбе - Истаравшан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расида, ба Пешвои миллати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳама форсизабонони ҷаҳон, ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ин кишвар тақдим мешавад».
Дарвоқеъ, баъди китобҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» («Аз Ориён то Сомониён»), дар се ҷилд таълиф гардид, китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бори дигар равшанфикрони ҷомеа ва созандагони ояндаи кишварро бар он дилгарм намуд, ки тоҷикон бояд решаҳои ниёгони худро хубтар бидонанд ва, ҳамчунин, дар канори миллатҳои дигари олам барои сохтани ояндаи хеш бо ҷиддият машғул шаванд.
Ҳадафи аслии рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгон, ба даст қалам гирифта, гузаштаро бо имрӯз пайванд кардан чист? Худи муаллиф ба ин савол дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ҷавоби мантиқӣ додаанд: «Ҳангоми навиштани китоби «Аз Ориён то Сомониён» дар бораи сулолаҳои бузург, ки давлатҳои муқтадири аҷдодии моро таъсис дода, дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳм гузошта буданд, андеша намуда, аз як тараф ифтихор мекардам. Ифтихор аз ин ки мо, тоҷикон ниёкони бузург дорем, таъриху суннати давлатдории беҳтарин насибамон шуда буд, воқеан ҳам, нақши намоён дар таърих доштаем. Аз сӯи дигар, эҳсоси таассуф ва посух гуфтан ба саволҳои мутааддид азият медоданд. Чаро давлатҳои миллии бостонии халқи мо ва ё халқҳои эронӣ дучори таназзул ва шикаст шуданд? Чаро ба тасодуфҳо ва буҳронҳои таърихӣ натавонистанд муқовимат намоянд? Ва чаро муддати беш аз ҳазор сол тоҷикон давлатдории миллии худро аз даст доданд? Ба ҳамаи ин суолҳо ман хостам, ки аз таърих ҷавоб ҷӯям».
Ин чароҳо буданд, ки сиёсатмадорона дурандеши тоҷик ба таърих рӯ меоранд, онро варақ мезананд, моҷароҳои онро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор медиҳанд ва корҳоеро, ки барои ободии кишвар ва миллат заруранд, барномарезӣ мекунанд. Бале, эшон гаштаву баргашта ба таърих рӯ меоранд, аз он сабақ мегиранд ва ба зиёиён мефаҳмонанд, ки ҷиддитар гузаштаро биомӯзанд, то имрӯзу ояндаро бо андешаи нек бипайвандем.
Китоби мазкур аз муқаддима ва панҷ ҷустор иборат аст. Дар муқаддима муаллиф ёдовар мешаванд: «Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад, ки миллати тоҷик низ дар он ҳиссаи сазовори худро дорад». Баъдан нависандаи китоб бо далелҳои мантиқӣ аз баҳсу мунозираҳои осори илмии пажӯҳандагони ориёшиносии кишварҳои Ғарбу Шарқ ва ҳиссаи арзандаи онҳо дар пажӯҳиши он ёдовар шуда, сабаби ба ин масъала даст задани хешро ин гуна баён мекунанд: «Ман вориди ҷузъиёти масъала нашуда, фақат чунин нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки агар мо ҳарчи бештар мероси пурғановати маънавии гузаштаи худро биомӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ хоҳем бахшид. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд.
Барои он иддае, ки аз асли масъала огоҳӣ надоранд ва ё ғаразолуд қазоват мекунанд, иқдоми мо шояд қобили дарк набошад. Вале ман ин асарро ба хотири аз гузаштаи пурифтихор ва маданияти гаронбаҳои ниёгонамон ҷудо нашудани насли оянда иншо кардам. Дар ин ҷо ҳеҷ кӯшиши муқобили халқҳои дигар қарор додани миллати ман нест, мояи ғурур ҳам нест, балки ифтихор аст. Ифтихор аз созандагӣ, аз истиқлол. Ин фарзест барои наслҳои оянда ва ҷавонони имрӯзаи мо!».
Ҳамин суханони Пешвои миллат ҳар фарди солимақли тоҷикро ба андеша водор месозад ва ӯро ба роҳи дурусту муфид роҳнамоӣ менамояд. Бале, мо дар ҳамон марҳилаи фикр кардан, роҳи ҷомеаро муайян намудан, насли имрӯзро аз тамоми бурду бохти ниёгон огоҳ намудан ҳастем, то ояндаи хешро бо хонишу донишу биниши баланд бисозем.
Қавму қабила ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар тӯли таърих дар натиҷаи муҳоҷират аз як минтақа ба минтақаи дигар, бо доду гирифт, тиҷорат, ҷанг ва монанди ин, бидуни ҳеҷ шубҳа аз ҳар ҷиҳат ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд, ки дар ин бора пажӯҳандагони илмҳои гуногун бо далелҳо изҳори назар намудаанд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, фарҳангиёни ҳар як қабила, қавм, миллат, ки дар замони имрӯз умр ба сар мебаранд, мехоҳанд таърихи ниёгони худро бидонанд, бо кадом миллатҳо дар канори ҳам зиндагӣ кардаанд, бифаҳманд, аз таърих сабақ бигиранд ва рӯзгори имрӯзи хешро ба таври мантиқӣ бисозанд.
Дирафшбардорони фарҳангу сиёсати садаи бисти тоҷикон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва даҳҳо дигарон аз дилу ҷон барои пойдории миллати тоҷик дар канори миллатҳои дигари дунё талош варзиданд, ҳамеша барои омӯзиш ва пажӯҳиши решаҳои гузаштаи наздик ва дури ориёии ниёгони худ таваҷҷуҳи махсус додаанд.
Банда соли 2001 дар кишвари Олмон будам ва роҷеъ ба «фарҳанги мардум», «расму оин», «адабиёти гуфторӣ» ва дигар суннатҳои тоҷикон суҳбатҳо карда, зимни суханронии худ дар бораи тамаддуни ориёӣ низ ишоратҳое доштам, ки дар аввал барояшон хушоянд набуд, вале баъди фаҳмидани ҳадафи фарҳангии масъала он барояшон ҷолиб намуд, ки дар Тоҷикистон оид ба омӯхтани фарҳанги бостонӣ нияти нек доранд.
Дар охири соли 2005 ва аввали соли 2006 боз ба муддати чор моҳ ба Олмон ва ба муддати кӯтоҳ ба Шведсия, Франсия, Юнон, Италия, Австрия ва кишварҳои дигар сафар кардам ва боз ҳам дар бораи фарҳанги суннатии тоҷикони Осиёи Миёна гузоришҳое доштам ва зимни ҳар гузориш ёдовар мешудам, ки соли 2006-ро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ» эълом кардаанд. Ин ишорати банда барояшон хеле ҷолиб буд, ки Сарвари як кишвари тозаистиқлол ин қадар ба фарҳанги ниёгони худ робита дорад. Бархе аз онон ба ин амал бо шубҳа менигаристанд, вале пас аз саволу ҷавоб ба Тоҷикистон дилбастагӣ пайдо мекарданд ва барои дидани мардум ва кишвари тоҷикон ба ин диёр ташриф меоварданд. Ёдам аст, ки дар ҷашнҳои 15 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 2700 - солагии Кӯлоб аз кишварҳои аврупоӣ бархе ҳамзабонон ширкат варзида, бо ашки шодӣ баргаштанд. Онҳо мегуфтанд, ки ин шахси озода – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба монанди ниёгони дури ориёии худ пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек доранд ва барои дар амал татбиқ намудани он талош менамоянд.
Бале, эшон аз нахустин лаҳзаҳои ба сари қудрат омадан ба фарҳанги ориёӣ на фақат дар гуфтор, балки дар кирдор корҳоеро анҷом дода, ба ин васила тоҷиконро ҳушдор доданд, ки решаҳои аслии ниёгони худро бидонанд, аз он дарси ибрат бигиранд ва барои сохтмони ҷомеаи навин истифода намоянд.
Хонандаи ҷӯё ва пӯё ба саҳифаҳои баъдии китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чашм медавонаду эҳсос мекунад, ки ин асар барои баррасии ориёшиносӣ дар садаи бисту як такони ҷиддӣ бахшида, ба бисёр масъалаҳои пайванди мардумони хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ баҳсҳои илмии мантиқиро роҳкушо хоҳад буд.
Ҷустори нахусти китоб «Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо» ном дошта, аз се бахш иборат аст. Унвони бахши аввали он «Ҳиндуурупоиҳо» аст. Дар ин бахш муаллиф аз аввал ёдовар мешаванд, ки «фарҳанги басо рангин ва нотакрори ҷаҳони муосир маҳсулу офаридаи халқ ё миллати ҷудогона, мамлакат ё кишвари мушаххас набуда, дастранҷи муборизаҳо ва кӯшишҳои хастагинопазири тамоми мардуми ҷаҳон аст». Сипас, тадриҷан дар бораи забонҳои дунё, нақши забонҳо барои шинохти тамаддунҳо, маншаи аслии модарзабони ҳиндуурупоиҳо, нишонаҳои онҳо, умумият ва пайвастагии ин забонҳо бар асоси манобеи илмӣ сухан ронда, гуфтаанд: «Мутахассисон чунин ақида доранд, ки дар ҳудуди ҳазораи панҷум ва чоруми қабл аз милод забони ҳиндуурупоӣ қабл аз тақсим шудани он ба шохаҳои гуногун, забони воҳиде будааст. Дар асрҳои 18-19 милодӣ аксар бар он ақида буданд, ки Осиё на танҳо ватани хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ аст, балки бештари мардуми ҷаҳон низ аз ин минтақа бархоста, решаи тамаддуни ҷаҳонӣ низ дар ҳамин минтақа қарор дорад».
Барои такмили ин гуфтаи хеш пажӯҳанда ба манобеи илмии забоншиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, таърихнигории кишварҳои гуногуни олам ишорат мекунанд. Андешаи пажӯҳандагонро роҷеъ ба ҷойгоҳи аслии модарзабони ҳиндуурупоиҳо донистани Бохтар, Осиё, Гансуи Чин, Ҳиндустон, даштҳои Осиёи Миёна, Олмон, даштҳои ҷанубу ғарбии Россия, шимолу шарқии Аврупо, каронаҳои баҳри Сиёҳ, даштҳои соҳилҳои Волга, Шарқи Наздик, нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Қафқози ҷанубӣ, Байнаннаҳрайни шимолӣ ва амсоли он меоранд. Идома доштани мубоҳисаҳои илмиро дар атрофи ин масъала ба таври мантиқӣ таъкид менамоянд. Баъдан ба хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ мансуб будани гурӯҳи забонҳои ҳиндуэрониро ба таври зерин ёдовар мешаванд: «Дар замина забонҳои эронии миёна (форсии миёна, портӣ, суғдӣ, бохтарӣ, сакоӣ, хоразмӣ, олонӣ) ва забонҳои ҳиндуи миёна (пракритӣ, палӣ, апабранша) забонҳои ҳиндуэронии муосир ба вуҷуд омаданд, ки ба гурӯҳи эронии он забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, афғонӣ (пашту), осетинӣ, курдӣ, тотӣ, талишӣ, балуҷӣ, гурӯҳи забонҳои помирӣ ва ба гурӯҳи ҳиндии он забонҳои ҳиндӣ, банғолӣ, панҷобӣ, синдӣ, урду, гуҷаротӣ, маратхӣ, асомӣ, ория, непалӣ, сингалӣ, сиганӣ ва ғайра шомил мешаванд».
Сипас, ишорат бар он менамоянд, ки роҷеъ ба забонҳои эронӣ аз мероси хаттии авестоӣ, мехии подшоҳони ҳахоманишӣ, модӣ, сангнавиштаҳо, сарчашмаҳои юнонӣ ва ғайра метавон иттилоъ пайдо кард. Дар охири ин бахш нависандаи китоб ба гурӯҳҳои забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ тақсим шудани забонҳои эронии нав ишорат намуда, башардӯстона бо миллатҳои дигари ҷаҳони муосир хешовандии тоҷиконро таъкид мекунанд: «Мо роҷеъ ба забонҳои дигари хонаводаи ҳиндуурупоӣ чизе намегӯем, танҳо ёдовар мешавем, ки забонҳои арманӣ, юнонӣ, албанӣ, келтӣ, балтӣ, славянӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, булғорӣ, сербӣ ва ғайра ба забонҳои ҳиндуэронӣ хешовандӣ дошта, аз як реша сабз гардидаанд».
Бахши дуюми ҷустори аввали китоб «Ҳиндуориёҳо» ном дорад. Барои дарки бештар ва амиқтари мафҳуми «ҳиндуурупоиҳо» бояд роҷеъ ба хешовандии «ҳиндуориёиҳо» иттилоъ дошт. Муаллиф барои шарҳи илмии ин масъала ҳамоно ба манобеи илмӣ ва назарии пажӯҳандагони гуногуни ҷаҳон, ба монанди В. В. Гиригорев, Г. Н. Шендаков, Антуан Мейе, Б. Я. Ставиский, Э. А. Грантовский, Г. М. Бонгард-Левин, И. М. Дияконов, Э. Бенвенист, Т. В. Гамкрелидзе, И. М. Оранский, Ж. Дюмезил ва дигарон такя намуда, баҳсҳои дар атрофи вожаи «ориёӣ» буд ва муносибати ин қавмро бо қавмҳои ба ин мардум наздик бо далелҳои илмӣ шарҳ медиҳанд. Ҳамчунин, ҳар гуфтаи худро ба тарозуи мантиқ баркашида аз осори забоншиносӣ, устурашиносӣ, таронаҳои бостонӣ, бахусус Ригведа, Авесто далелҳо меоранд ва ба ин васила пайванд доштани забони тоҷикиро бо решаҳои ниёгони худ нишон дода, ишорат мекунанд: «Имрӯз аз баракати Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ равнақи тоза касб намуда, равобити мо бо ҳамзабонони худ густурда ва амиқтар мешавад. Ба сабаби истифодаи забонҳои бостонӣ дар Тоҷикистон, кишвари мо ба осорхонаи забонҳо мемонад. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва забони яғнобӣ (суғдӣ) дар водии улёи рӯдхонаи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо ҳамчун озмоишгоҳи беназири таҳқиқи таърихи забон мебошанд, ки онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, бавижа забоншиносӣ ва мардумшиносӣ таҳқиқ намудан зарур аст».
Дар асл мафҳуми «забоншиносӣ ва мардумшиносӣ» густурда аст. Ҳамаи мероси мардумони олам тавассути забон инъикос меёбад. Пас мо бояд тамоми сарвати моддӣ ва маънавии дар миёни мардумбударо, ки то имрӯз ҳамчун мероси суннатии расму оин, ҷашн, фолклор, ҳунар, касб мавҷуд аст, сабт намоем ва онро чун санади илмӣ дар мавридҳои муносиб барои омӯхтани решаҳои гузашта ва имрӯзии башар ба кор бубарем. «Таҳқиқ намудан зарур аст» гуфтани муаллифи китоб суханони зерини академики машҳури рус Д.С.Лихачёвро ба ёд меоварад, ки гуфта буд: «Фонде бояд таъсис дод, ки дар касетҳо ба ҳар тарзе забон, фолклор, маишат, расму оин, анъана ва ҳунари қавмҳои хурд сабт гардида, нигаҳдорӣ шавад. Барои ин гуна сабтҳо махзани боэътимод таъсис додан лозим аст. Мо дар бораи нигаҳдории генфонди ҳайвонот талош меварзем ва ҳол он ки роҷеъ ба генфонди башарият бояд таваҷҷуҳи бештари дилсӯзона дошта бошем».
Бахши сеюми ҷустори аввали китоб «Ориёиҳо дар Осиёи Миёна» номгузорӣ шудааст. Дар ин бахш пажӯҳанда, пеш аз ҳама, оид ба макони зист, ки «ориёиҳо ҳадди ақал дар охири ҳазораи 3-2 қабл аз милод аз шибҳи ҷазираи Балкан то дарёи Байкал, аз ҳавзаҳои рӯдҳои Дон, Волга, Урал ва Об то Ҳиндустони Марказӣ ва аз сарҳадоти Муғулистон аз Тибет то дарёи Мадитрона сукунат доштанд», ёдоварӣ намудаанд. Баъдан муаллифи китоб бар асоси маводи бостоншиносӣ дар бораи рӯзгор, тарзи зист, маишат, касбу кор, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, хонасозии ориёиҳои Осиёи Миёна ба таври муфассал бо далелҳо сухан меронанд. Мисолҳои оварда тамоми минтақаи Осиёи Миёнаро дар бар мегиранд, ки ба гуфтаи эшон барҷастатарин намунаҳои он аз водии Суғд, Саразм, Намозгоҳ, Олтинтеппа, Мундигак, Шаҳри Сӯхта, Миргар, Пирак, Хараппа, Ҳисор ба даст омада, яке бо дигаре робита дорад, ки навиштаанд: «Яке аз дастовардҳои фаннии давраи биринҷии миёна бо кайфияти матлуб дар чархи сафолсозӣ сареъ сохтани зарфҳои гуногун мебошад. Нақшу нигор дар зарфҳои пешин аз байн рафта, наққошии тоза ҷои онро мегирад. Сафолсозон ба нозукӣ, нафосат, танаввӯъ ва таъйиноти зарфҳои сафолӣ таваҷҷуҳи вижа медоданд. Тавлиди васоили буранда, кордҳои дудам, якдама, доспоркол, ханҷар, пайконҳои сетеғ, табар, найза, дос ва ғайра афзоиш ёфт. Дар ин давра аз биринҷӣ, нуқра ва тилло сохтани ашёи ороиши занона ва мардона ривоҷу равнақ ёфт…».
Тамоми пешрафти зиндагии моддӣ ва маънавии ниёгони тоҷикон, ки дар Осиёи Миёна зиндагонӣ мекарданд, дар асоси санадҳои муътамади илмӣ ва тасвири бозёфтҳои бостоншиносӣ тавзеҳ шудааст. Дар баробари ин, дар китоб роҷеъ ба таъсири фарҳанги мардуми ориёӣ ба қавмҳои дигар низ ишоратҳо рафтааст. Ҳамчунин, муаллиф такя бар гуфтаи пажӯҳандагон, дар асоси мисолҳои аз Ҳисор, Кангурт, Кӯлоб, Данғара, Бохтар бадастомада, ба тамаддуни ориёӣ тааллуқ доштани бисёре аз онҳоро, ки мероси ҳазораи 2-1 пеш аз милод аст, ёдовар мешаванд.
Ҷустори дуюми китоб «Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо» ном дошта, аз ҳафт бахш иборат аст. Дар бахши аввал, ки «Давлатҳои қадимаи ориёӣ ва ташаккули тамаддуни онҳо» ном дорад, муаллиф ба пажӯҳандагон Е.Е.Кузмин, Ю.Ёқубов такя намуда, ёдовар мешаванд, ки «ба ривояте номи қитъаи Осиё аз Ориё реша гирифта шудааст».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари дилсӯзи кишвар, сиёсатмадори беҳамтои миллат ва чун шахсияти фарҳангпарвару сулҳпарвари хирадманд дар ҳар ҷои китоб гоҳ-гоҳе оқилона бар он ишорат мекунанд, ки аз дарсҳои таърих бояд ибрат гирифта, донистани гузаштаи дуру наздики миллати азизро амри воҷиб мешуморанд. Аз ин рӯ, барои худшиносии миллӣ, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, мардуми тоҷикро ба як масири дуруст равон карданро вазифаи худ медонанд.
Сипас, муаллиф дар асоси бозёфтҳои забонӣ, бостоншиносӣ ва мутолиаи мероси асотирӣ ва таърихӣ дар бораи он давлатҳое, ки марбут ба фарҳанги ориёӣ буданд, изҳори назар менамоянд. Эшон аз давлатҳои бостонии хеле дур - Пешдодиён, Каёниён, Митониён шурӯъ намуда, роҷеъ ба вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, иқтисодии ин ҳукуматҳо сухан меронанд, ба таври муфассал ҳар кадомеро аз назар мегузаронанд, ки барои рушди тамаддуни ориёӣ чӣ хидмате кардаанд. Муаллиф на фақат ба санадҳои илмӣ, балки ба мероси гаронбаҳои асотирӣ, динӣ, адабӣ, таърихӣ, ахлоқӣ, ба монанди «Авесто», «Бундиҳишн», «Динкард», «Минуи хирад», «Худойнома», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ» ва ғайра диққати махсус додаанд.
Ногуфта намонад, ки пажӯҳанда ҳангоми тавсифи «Давлатҳои қадимаи ориёӣ ва ташаккули тамаддуни онҳо» дар баъзе мавридҳо ба устураҳо, афсонаҳо, ривоятҳое, ки тавассути осори хаттӣ то замони мо расидаанд, ишора намуда, ба ҳашамати фарҳанги ориёӣ боз ҳам бештар равшанӣ меандозанд. Зимнан, дар ин ҷо ёдовар шуданро муносиб медонем, ки яке аз сарчашмаҳои муҳими илмӣ, ин фарҳанги гуфтории суннатии мардумӣ, яъне осори фолклорӣ ва этнографӣ мебошад. Агар мо дар канори маводи гирдоварда ба мисли кишварҳои дигар ҳамеша ба ин суннати гуфторӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва аз ҳофизаи мардум нишонаҳои бостонии фарҳанги суннатиро, ки то рӯзгори мо расидааст, сабт намуда, чун санади илмӣ ба кор барем, шояд барои ҳалли баъзе муаммоҳои тамаддуни ниёгонамон мадад расонем. Ба ин масъала дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё аҳамият медиҳанд.
Бахши дигари ҷустори дуюми китоб «Давлати Мод ва тамаддуни ориёӣ» ном дорад, ки эшон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, пеш аз ҳама, ба осори хаттии мехӣ, катибаҳои бобулӣ, ба осори Ҳеродот ва дигар таърихнависони Юнон ва бархе аз ёдгориҳои таърихию бостоншиносӣ муроҷиат менамоянд. Ҳамин тавр, тадриҷан дар садаҳои 13-11 қабл аз милод ба шимолу ғарби Эрон омадани модҳо сухан ронда, ҷойгоҳи ин табори ориёиро дар ташаккули тамаддуни он нишон додаанд. Барои исботи андешаи худ мисолҳои фаровоне аз манобеи бостоншиносӣ ва таърихӣ меоранд ва ҳар кадомеро олимона шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи забоншиносон такя намуда, ориёӣ будани вожаи «Ҳангматана»-ро, ки маънояш «Анҷумангоҳ», «Маҷлисгоҳ» аст, ёдовар мешаванд. Ин калимаро ошуриҳо «Сагбат» ва юнониҳо «Экбатан» мегуфтаанд, ки тоҷикӣ-форсии он Ҳамадон аст. Зимнан, муаллиф бо самимият, бо ифтихор, аз сафари худ дар  ин минтақа ёдовар гардида навиштаанд: «Ҳангоми сафарҳое, ки ба Эрон доштам, ба Ҳамадон таваҷҷуҳи ман бештар буд. Зеро дар ин шаҳр фарзанди бузурги халқи тоҷик, файласуф ва табиби оламшумул Пури Сино мадфун аст».
Дар бораи Модҳо дар сарчашмаҳо иттилоъ хеле ночиз аст. Вале аз ҳамин иттилои кам маълум мешавад, ки умури давлатдории омӯзанда доштаанд. Тибқи гуфтаи муаллиф, таърихнигори юнонӣ Ҳеродот дар бораи Модҳо суханони нек гуфтааст, яъне «шоҳ адолатро риоят карда, танҳо дар мабнои қонун амал мекард ва ҳукм содир мекард».
Аз далелҳои зиёди мустанади пажӯҳанда ба назар мерасад, ки дар Мод низ дини зардуштӣ роиҷ будааст. Бостоншиносон ёдгориҳои зиёде пайдо кардаанд, ки марбути тамаддуни модҳоанд. Дар бозёфтҳое, ки тасвир доранд, суратҳои ҷонварон, ба монанди меш, барзагов, заргӯш, симурғ, уқоб, танаи шер, деву фариштаҳо ва монанди ин дида мешаванд. Муаллиф дар охири ин бахш ба чунин натиҷа расида навиштаанд: «Модҳо суннатҳои фарҳангӣ ва сиёсии халқҳои ориёиро, ки собиқаи чандин ҳазорсола доштанд, такмил ва рушд дода, як сохтори сиёсии муназзам барпо намуда ва барои дар паҳнои Эрон ва Осиёи Миёна минбаъд таъсис гардидани давлатҳои мутамарказ ва мутамаддин заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд».
Унвони бахши баъдии ҷустори дуюм «Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ» аст. Дар ин бахш ба таври муфассал нишон медиҳанд, ки дар он замон ориёиҳо ҷойгоҳи вижае доштанд. Пас аз модҳо порсҳо (форсҳо) дар арсаи сиёсат баромада, ба рушди тамаддуни ориёӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар китоб чӣ гуна ба сари қудрат омадани онҳо ва созмон додани як империяи бузурги ҷаҳонӣ аз ҷониби онон ба таври муфассал бо далелҳои илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бахш роҷеъ ба нақши Куруши Бузург дар ташаккул ва таҳаввули фарҳанги ҷаҳонӣ, ки дар манобеи таърихӣ низ дар ин бора эҳтиромона изҳори назар гардидааст, суханҳои нек навиштаанд. Аз кишваркушоиҳои Куруши Бузург дар асоси санадҳои таърихӣ изҳори назар намудаанд.
Дар китоб роҷеъ ба подшоҳони дигари Ҳахоманишиён, ба монанди Доро, Хишоёршо ва муборизаи онон дар мустаҳкам намудани давлатдорӣ ва рушди тамаддуни ориёӣ фикрҳои мантиқӣ гуфта шудаанд. Зимни баррасии мавзӯъ муаллиф ба лашкаркашиҳо, муҳорибаҳо, давлатдориҳо, созандагиҳо, муттаҳидсозиҳо, расму оинҳо, сиккасозиҳо, катибаҳо, пайкарсозиҳо, тасвирҳо, роҳсозиҳо, меъмориҳо, ҳунармандиҳо, вазъи иқтисодӣ ва монанди инҳо таваҷҷуҳ намуда, ҳар кадомеро бар асоси сарчашмаҳо таҳлил намуда, аз таърихи ниёгон дарси ибрат омӯхтанро ба имрӯзиён талқин месозанд. Дар раванди таҳқиқ пажӯҳанда ба осоре, ки аз минтақаи Осиёи Миёна, бахусус аз Тоҷикистон ба даст омадаанд, таваҷҷуҳи вижа медиҳанд. Зимнан, олимонро водор менамоянд, ки ба бозёфтҳои илмии ниёгони хеш диққати бештар дода, баррасии онро ба таври мунтазам идома диҳанд.
Бахши чоруми ҷустори дуюми китоб «Давлати Порт ва тамаддуни ориёӣ» ном дорад. Чаро Порт? Муаллиф бо такя ба осори таърихӣ ба таври мантиқӣ ба ин савол чунин посух додаанд: «Порт ҳамчун воҳиди ҷудогонаи идорӣ ҳанӯз дар қарни 8 - 7 то мелод вуҷуд дошт ва ба ҳайати давлати Мод шомил мешуд. Аҳолии он ориёӣ буданд. Юнониҳо ин вилоятро Парфияна ё Парфия мегуфтанд. Шакли ориёии номи ин вилоят Парса аз номи яке аз навоҳии боқимонда иқтибос шуда, бо номи вилояти Порс (Форс), ки дар ҷануб ва ғарбии Эрон воқеъ аст, яксон ва ҳамнаво мебошад. Мутаассифона, донишмандоне, ки ба пажӯҳиши ин мавзӯъ иштиғол доранд, дар мавриди сабаби яксон будани номи ин ду вилоят чизе нагуфтаанд. Маъмулан, номҳои ҷуғрофӣ дар баъзе маврид такрор мешаванд ва ин падида ғайри маъмул ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҳам порсҳо (форсҳо) ва ҳам портиён аз ҷумлаи ақвоми ориёӣ буданд ва ҳамгун будани номи маҳалҳои мазкур чандон тааҷҷубовар нест. Аз сӯи дигар, шояд пайдоиши номи парса (порт) дар ҷануб ва ғарби Осиёи Миёна бо масири ҳаракати ақвоми ориёӣ, аз ҷумла форсҳо, аз ин минтақа ба ғарби Эрон муртабит бошад. Яъне порсҳо (форсҳо) қабл аз ба Эрони ғарбӣ рафтан (тақрибан дар ҳудуди қарни 11-10 то мелод ё аз ин ҳам пештар) як муддат (шояд тӯлонӣ) дар ин минтақа сукунат доштаанд ва номи худро рӯи он гузоштаанд».
Дар ин бахш давлатдории Портҳо, муборизаи онон бо Селевкиён ва бо подшоҳони дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Хуб аст, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ гоҳе ҷузъиёти масъала тавзеҳ ёфта, санаҳои муҳими таърихи давлатдории Парфия нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, хидмати Меҳрдоди як назди портҳо ва мардуми ориёӣ таъкид гардидааст, ки Парфияро аз як вилояти хурд ба як кишвари неруманд табдил дод, ки аз Бохтар то Байнаннаҳрайнро дар бар дошта, сазовори унвони «шаҳаншоҳ» гардид. Бо вуҷуди пирӯзиҳо ва рушди фарҳанги миллии ориёӣ дар замони парфиягиҳо дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ ва берунӣ ин давлат аз байн рафт. Муаллифи китоб бо такя ба китоби «Тоҷикон» - и Б.Ғафуров роҷеъ ба забони портӣ навиштаанд: «Дар бораи забони портӣ мо қабл аз ҳама бар мабнои асноде, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриёти қасри Нисои куҳна кашф намудаанд, ахбор ба даст овардем. Дар ин ҷо беш аз 200 санад ба даст омад, ки ба қарни аввали то мелод тааллуқ доранду болои сафолпораҳо навишта шудаанд. Онҳо санадҳоеанд марбут ба воридоту содироти шароб ба анборҳои давлатӣ, ки асноди расмӣ буда, роҷеъ ба тарзи дафтардорӣ, низоми иҷтимоӣ, номшиносӣ ва дигар бахшҳо иттилооти арзишмандро манзури хонандагон намудаанд. Алифбои забони портӣ дар асоси ҳуруфи оромӣ тадвин шуда буд. Забони оромӣ ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён дар саросари Эрон ва Осиёи Миёна ба ҳайси забони расмии дафтардорӣ интишор ёфта буд. Минбаъд халқҳои ориёӣ, аз ҷумла портҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо ва дигарон дар заминаи он алифбои худро эҷод намуданд».
Хуб аст, ки пажӯҳанда роҷеъ ба хешовандии халқҳои ориёӣ ва наздик будани гурӯҳи забонҳои эронӣ аз аввал то охири ин китоби арзишманд таъкид менамоянд. Ҳамчунин, бо мисолҳо мефаҳмонанд ва ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор додани ин забонҳои ба ҳамдигар хешро ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, роҷеъ ба забони портӣ, ки тоҷикӣ бо он хеши наздик буда, ҳар ду аз як реша аст, масъалагузорӣ намуда, пажӯҳандагонро водор сохтаанд, то ба омӯзиш ва пажӯҳиши ин нукта бештар машғул шаванд. Ба ин васила, чунин навиштаанд: «Дар мавриди забони портӣ як нуктаро мехоҳам дар ин ҷо таъкид намоям. Тибқи иттилоъ, ки ман дорам, чандин сол аст, ки дар миёни забоншиносон дар бораи дар кадом минтақа арзи вуҷуд намудани забони тоҷикии (форсии) нав – дар вилояти Форс ё Осиёи Миёна баҳсу мунозираҳо идома доранд. Дар ин робита муҳаққиқин хеле бамаврид аносури муштараки забони тоҷикӣ ва забони портиро таъкид кардаанд. Забоншиносон бояд ин масъаларо таҳқиқ ва баррасӣ намуда, натиҷаи онро манзури оммаи васеи халқ ва миллати азизи мо гардонанд».
Ҳамчунин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки шоҳони Парфия ба таҳким ва густариши дини зардуштӣ низ саҳми босазо гузоштанд. Баъдан муаллифи китоб бо натиҷагирии мантиқӣ иброз менамоянд: «Портҳо унсурҳои маданияти ориёиро батадриҷ ва пайгирона дубора эҳё карда, фарҳанги вижае ба вуҷуд оварданд, ки дар он аносури эронӣ нақши асосӣ дошт. Онҳо батадриҷ ба ҷои забони юнонӣ забони портиро, ки яке аз шуъбаи забони ҳиндуориёӣ буд, ба мақоми давлатӣ бардоштанд».
Дар бахши «Давлати Кӯшониён ва тамаддуни ориёӣ» диққати муаллифро нақши ин давлатдорӣ ҳамчун идомаи эҳёи фарҳанги ориёӣ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муаллиф ҷойгоҳи хоси ин давлатро дар партави таърих нишон дода, на фақат аз манобеи муҳими бостоншиносӣ, катибаҳо, манобеи таърихӣ истифода намудааст, балки ҳангоми зарурат ба анвою ақсоми тасвирҳо, ҳайкалҳо, сиккаҳо ва манобеи ҳиндию чинӣ рӯ оварда, ёдовар шудаанд: «Ин сабкро метавон бохтарӣ-ҳиндӣ номид. Тавре ки мебинем, дар қадим низ халқ ва миллатҳо дар ҳама бахшҳо ҳамкорӣ карда, аз беҳтарин дастовардҳои якдигар истифода карда, ҳунарро рушд медоданд ва шаклҳои сифатан ва моҳиятан навини онро меофариданд.
Кӯшониён дар таърихи давлатдории халқҳои ориёӣ, аз ҷумла халқи тоҷик, мақоми хос доранд. Он кореро, ки портҳо дар барқарорсозии давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ-ориёӣ дар ғарби Эрон иҷро карданд, Кӯшониён дар шарқи Эрон, аз ҷумла Осиёи Миёна, анҷом доданд».
Дар бахши дигари китоб «Ҳайтолиён ва тамаддуни ориёӣ» ба бархе аз нуктаҳои дигари таърихи ниёгони тоҷикон таваҷҷуҳ шуда, ки пур аз мубориза аст. Маҳз таъсири тамаддуни ориёӣ буд, ки қавмҳои марбут ба ин тамаддун ҳамеша кӯшиш намудаанд, нишонаҳоеро аз ин фарҳанги оламшумули башарӣ бо худ дошта бошанд ва онро ба наслҳои баъдӣ интиқол бидиҳанд. Дар китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бештар ҳамин ҷиҳати масъала ҷойгоҳи вижае пайдо намудааст, то ки дар асоси он миллати тоҷик ба роҳи сохтани ояндаи худ кӯшиш намояд. Муаллиф ишорат бар он карда, ки то садаи шаш ҳайати давлати Ҳайтолиён васеъ гардида, дар он пас аз ишғоли Суғд манотиқи Бохтар, Шимоли Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ шомил мешудааст. Пажӯҳанда роҷеъ ба ин давлат дар асоси сарчашмаҳои чинӣ, осори муаррихони ба он замон наздик, ковишҳои бостоншиносӣ назари хешро баён намудаанд. Ба ин ҷиҳат эшон мавқеи Ҳайтолиёнро дар арсаи таърих нишон дода, дар бораи яке аз хидматҳои назарраси онон чунин нигоштаанд: «Як хидмати таърихии онҳо дар он буд, ки баъди барҳам хӯрдани давлати Кӯшониён ва даврони парокандагии сиёсӣ ҳайтолиён аз нав Бохтар (Тахористон) ва қисматҳои дигари Осиёи Миёнаро дар ҳайати як давлат муттаҳид карданд. Ин имкон дод, ки равобити суннатӣ миёни бохтариён ва суғдиён дар тамоми бахшҳо идома ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар гардад».
Унвони бахши охири ҷустори дуюми китоб «Давлати Сосониён ва тамаддуни ориёӣ» аст, ки дар он, пеш аз ҳама, таърихи ин сулола баён шудааст. Ба таври мухтасар бошад ҳам, муаллиф роҷеъ ба подшоҳони давлати Сосониён – Сосон, Бобак, Шопур, Ардашер, Ҳурмуз, Баҳром, Яздигурд, Фирӯз, Балош, Қубод, Хусрави Анушервон ва фарзандони онҳо маълумот медиҳанд. Бо овардани маводи осори бостоншиносӣ, ҳунарӣ, катибаҳо, шарҳи тасвирҳо, сангнавиштаҳо ва ғайра, ки ҳар кадоме мазмуни хос дорад ва чун ҳикоят баёнгари воқеоти он замони фарҳанги ориёианд, ҷойгоҳи тамаддуни ориёиро бештар дар пеши назарҳо ҷилвагар месозанд: «Сосониён аз ибтидо ҳамчун пайравони босуботи дини зардуштӣ амал карда, барои тақвияти мақоми давлатии он саъю кӯшиш намуданд. Дар ин маврид дар радифи дигар аснод сиккаҳо, аз ҷумла сиккаҳои асосгузори давлати Сосониён Ардашери аввал, шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар навиштаҷоти сиккаҳои худ пайрави дини зардуштӣ буданашро таъкид намудааст: «Парастандаи Маздо, ҳукмрон Ардашер, шоҳи шоҳони Эрон». Ҳамин навиштаҷот дар сангмусаввараҳои барҷастаи шоҳони сосонӣ низ ҷой дорад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи давлати Сосониён, ки 425 сол мавҷуд будааст, суханони нек мегӯянд ва ҳиссаи онҳоро дар офаридани як тамаддуни мутараққӣ арзанда медонанд ва ёдрас мешаванд: «Ин тамаддун идомаи мантиқии тамаддунҳои бостонии ақвоми ориёӣ, ба вижа Ҳахоманишиён ва Портиҳо буд».
Ҷустори сеюми китоб «Оинҳои моқабли то зардуштӣ» ном дорад. Ин ҷустор аз се бахш иборат аст. Сараввал муаллиф дар бораи «Эътиқод ва боварҳои ҳиндуориёиҳо» сухан ронда, ба ёд меоранд, ки «ориёиҳо монанди дигар ҳалқҳои ҷаҳон дар ибтидо ба ҳаводис, падидаҳо ва унсурҳои табиӣ, аҷсоми самовӣ эътиқод доштанд». Баъдан муаллиф ёдрас мешаванд, ки ҳама чиз дорои маиню (ҷон, равон, рӯҳ, ҷаҳони рӯҳонӣ) аст, ба монанди маинюи хок, маинюи андеша, маинюи Хуршед ва маинюиҳои бад, амсоли тӯфон, бахилӣ, ҷанг, ғазаб, қаҳтӣ будааст. Аз ин рӯ, ориёиҳои замони бостон низ барои худро тасалло додан ниёиш, қурбонӣ, намоз мегузориданд, то ки тасалло ёбанд. Дар идомаи ин бахш роҷеъ ба парастиши Хуршед, Анаҳито – фариштаи об, Тиштрйа – фариштаи раъду барқу борону ризқу рӯзӣ, муборизаи ду неру, ки яке фаровонӣ мехоҳад ва дигаре зидди он аст, бо такя бар «Авесто», сухан меронанд. Сипас, пажӯҳанда бо мисолҳои фаровон аз «Авесто», «Ригведа», аз манобеи юнонӣ ва румӣ дар бораи боварҳои ҳиндуориёиён ибрози назар мекунанд. Бо ишорат ба гуфтаи Артур Кристенсен мегӯянд, ки боварҳои ориёиёни эронӣ ва ориёиёни ҳиндӣ дар ибтидо муштарак буда, пас аз ҷудоӣ аз ҳамдигар тафовут пайдо кардаанд.
Бахши дигари ин ҷустор роҷеъ ба «Меҳрпарастӣ» аст. Муаллиф ба ёд меоранд, ки Меҳр яке аз худовандони бузурги то замони Зардушт мебошад. Ҳамчунин, дар бораи решаи пайдоиши вожаи меҳр ва густариши оини меҳрпарастӣ, ки дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, тамоми Осиё ва Аврупоро фаро гирифта буд, сухан меронанд. Ба муштаракоти зиёди қавмҳои ниёгони мо ишорат менамоянд. Дар ин маврид аз Страбон ёд намуда, оид ба ҳамгунии расму оинҳои мардуми ориёӣ сухан мегӯянд. Ба гуфтаи пажӯҳанда Страбон пас аз бо чашми худ дидани рӯзгори маъмулии мардуми ориёитабор ёдовар мешавад, ки «расму суннатҳои форсӣ дар миёни ин мардумон (ориёӣ), модҳо ва бисёр халқҳои дигар якранг аст…».
Ба нуктае таваҷҷуҳ бояд кард, ки мардуми эронитабор ба назари банда, бахше аз ҳамон фарҳанги умумии худро то ба имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл то замони мо овардаанд. Агар пажӯҳандагон имрӯзҳо низ ба таври ҷиддитар ба гирдоварӣ ва пажӯҳиши расму оинҳои мардумӣ машғул гарданд, нишонаҳои ҷолиберо аз он фарҳанги бостонӣ пайдо менамоянд. Аз ҷумла, дар маросимҳое истифода бурдани оташ ҳаст. Ҳоло ҳам дар аксари манотиқи Тоҷикистон, тоҷикнишинони мамлакатҳои ҳамсоя, дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, ҳамчунин, дар он манотиқе, ки курдҳо ва балучҳо зиндагӣ мекунанд, нишонаҳои фаровони расму оинҳои бостониро метавон пайдо кард, ки байни табори ориёӣ муштараканд. Масалан, бархе аз нишонаҳои фарҳанги ориёиро дар баъзе оинҳо ва боварҳои мардумӣ, ба монанди «дуо», «савганд», «шугун», «алас», «фол», «хоб», «Бибисешанбе», «Мушкилкушо» ва монанди ин метавон мушоҳида кард. Дар оинҳо ва боварҳои фавқ ҳанӯз ҳам истифодаи баъзе боварҳо ба Офтоб ва оташ ба назар мерасанд. Масалан, банда борҳо шунидаам, ки ба Офтобу оташ қасам мехӯранд ва мегӯянд: «Офтоб занад, ки ман бехабарам», «ба ҳамин оташ сӯзам, ки ман бегуноҳам» ё ҳанӯз ҳам дар кӯҳистони Тоҷикистон рӯи хонаро ба сӯи Офтоб месозанд. То ба ҳол мардум оташро чун воситаи табобат истифода мебаранд ва онро дар баъзе мавридҳо муқаддас мешуморанд. Ҳарчанд хурофот аст мардум гоҳе «алавгардонӣ» менамоянд, ки нишонае аз он боварҳои қадимӣ аст. Агарчи дар осори пажӯҳишии А.Кристенсен, М.Бойс, М. Андреев, Н.А. Кисляков, О. Сухарева, М. Раҳимов, Н. Нурҷонов, И.В. Рак, А. Раҳмонзода, О. Муродов, Р. Раҳмонӣ ва дигарон бозмондаҳои фарҳанги бостон дар байни мардум таҳқиқ шудааст, ба гуфтаи Пешвои миллат дар айни замон омӯзиши ин масъала вазифаи мардумшиносон аст. Онҳо ин нишонаҳои эътиқодиро, ки ҳоло ҳам дар миёни мардум ба назар мерасанд, бояд гирдоварӣ намоянд ва мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор бидиҳанд.
Дар ин бахш низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бархе намунаҳои фарҳанги гуфторӣ, ба монанди ривоятҳо ишорат карда, дар асоси манобеи илмӣ, роҷеъ ба оини меҳрпарастӣ; густариши он; тарзи иҷрои он; пайравони он; аҳамияти он; омезиши бовар ва эътиқодоти ориёӣ, бобулӣ, юнонӣ; таъсири оини меҳрпарастӣ ба масеҳият ва амсоли ин сухан гуфтаанд.
Бахши дигари ҷустори сеюми китоб «Зурвония» ном дошта, дар он роҷеъ ба як ҷараёни динию фалсафии аҳди бостони тоҷику форс будани зурвония; дар «Авесто» ҳамчун Худои замони бекарон, сарнавиштсоз будани он; Худованди қабл аз Зардушт шинохта шудани он; Осиёи Миёна будани зуҳури зурвония; баҳси пажӯҳандагон дар бораи зурвония; ривоятҳо дар бораи зурвония; пайдо шудани тасвирҳо ва ҳайкалҳои Зурвон; ба андешаҳои ирфонӣ таъсир расондани зурвония ва боз масъалаҳои хеле муҳими зурвония сухан рафтааст, ки барои хонанда ҷолиб аст.
Ҷустори чаҳоруми китоб «Оини зардуштӣ» ном дорад, ки пажӯҳанда дар фасли аввали он оид ба «Замон ва макони Зардушт» баҳс карда, аз ҷумла навиштаанд: «Шахсияти Зардушт дар таърихи рушди афкори маънавии инсоният ба ҳадде бузургу ҷаззоб аст, ки бисёр ақвоми бостонӣ вайро аз нобиғагони ҷаҳони куҳан донистаанд. Ҳатто бо чунин қавме, ба монанди юнониҳо, ки Ғарби муосир фарҳанги онҳоро сарчашмаи тамаддуни муосири худ медонад, аз айёми куҳан бо номи ӯ ошно буда, дар бораи дини ӯ маълумоти муайян доштаанд».
Сипас, муаллиф бар асоси мадорики илмӣ такя бар гуфтаи пажӯҳандагон Б. Ғафуров, Пур Довуд, М. Муин, Мери Бойс, А. Кристенсен, Ҷ. Оштиёнӣ, Б.И. Кузентсов, Ф.Б. Кёйпер, Р. Фрай, В.Ю. Крюкова, З. Беҳрӯз, В.М. Массон, М. Баҳор, Ж. Омӯзгор, Ҳ.С. Нюберг, В.И. Абаев, А.Н. Бернштам, Ҳ. Муминҷонов (Муминзода) ва дигарон дар бораи замони зиндагии Зардушт, хонаводаи ӯ ба тафсил сухан ронда, бар асоси «Авесто», роҷеъ ба он минтақаҳое, ки дар ин китоби муқаддас омадааст, маълумот медиҳанд.
Эшон дар мавридҳое дуруст будани андешаи бархе аз олимонро тарафдорӣ мекунанд, ки яке аз онҳо гуфтаи Л.Н. Гумилёв аст. Ин пажӯҳанда сабаби ҷудоии ориёиҳоро, ки дар сарчашмаҳо ҳамчун эронӣ ва тӯронӣ сабт гардидаанд, дар мазҳаб медонад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси зеринро аз ӯ меоранд: «Онҳоро нажод ва забон аз ҳам ҷудо накарда, мазҳаб аз ҳам ҷудо карда буд. Ибтикори ҷудо гардидани ваҳдати фарҳангии ориёиёни бостон, ба Зардушт, ки дини яктопарастӣ оварда, ситоиши Аҳуромаздоро тарғиб мекард, қаламдод мешавад. Вай ба ҷои дастахудоёни куҳани ориёӣ даеваҳо, ки юнониҳо онҳоро дар кӯҳи муқаддаси Олимп ва олмониҳо дар Валгалла ҷой дода буданд, фариштагони нав овард. Ҷонишинҳои Аҳурамаздо – Амшоспандон ва худоёни бузурги юнониҳо ва асураҳои ҳиндӣ – душманони даеваҳо ҳамсанг ва ҳамвазн мебошанд. Дар дини ҷадид устура ва таквини ҷаҳон мавқеи худро 180 дараҷа тағйир додааст. Дини ҷадидро на ҳама пазируфт. Ҳатто дар Эрон он ба зудӣ ҳамагонӣ нагардид. Ҳамаи ориёиёне, ки имону эътиқоди худро нисбат ба динҳои бостонии худ ҳифз карда буданд, тӯронӣ гардида, онҳое, ки дини зардуштиро қабул карда буданд, эронӣ шуданд» .
Ба идомаи ин гуфтор назари мантиқии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мебинем: «Ин ақидаи донишманди рус то андозае воқеъбинона буда, аз як сӯ, воқеияти таърихиро инъикос мекунад ва аз ҷониби дигар бо муҳтавои «Авесто» мувофиқат дорад» .
Гуфтаи олими рус Л.Н.Гумилёв ва нисбат ба он ибрози назар намудани Пешвои миллат хеле мантиқӣ аст. Манбаъҳои дигари қадимӣ низ онро тасдиқ мекунанд, вале бархе аз таърихнигорони нажодпараст ин нуктаро нодида мегиранд ва вожаи «Тӯрон» - и ориёиро ба самти худ мекашанд, аз он «пантуркистон» барои хеш ҳувият месозанд. Дар тайи чанд даҳсолаи охир баҳсҳое дар бораи комилан ҷудо будани эронӣ ва тӯронӣ байни пажӯҳандагони гуногун то ба имрӯз идома дорад. Баъзе муҳаққиқон дар кишварҳои гуногуни олам баҳсҳои подарҳаво, бемутолиа, беасос доранд, ки тӯрониро аз эронӣ ҷудо медонанд, ҳатто гоҳе тахминан ва бесанад ба Л.Н.Гумилёв ишорат мекунанд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бахши китоби худ ба ин баҳс бори дигар равшанӣ меандозанд, ки дар воқеъ тӯрониҳо яке аз қавмҳои ориёӣ буданд.
Дар бахши дуюми ҷустори чаҳоруми китоб роҷеъ ба «Авесто» ва бахшҳои он» иттилоъ дода шудааст. Муаллиф дар ин фасл низ ба мисли бахшҳои пешин дар асоси сарчашмаҳои илмӣ аввал дар бораи вожаи паҳлавии Авесто (Упаста, Апасток), ки маънии қонун ва дастурро дорад, ишорат мекунанд. Сипас, ҳар бахши «Авесто» - ро, ки панҷто – Ясно, Яштҳо, Вандидод, Виспарад, Хурдаавесто аст ба таври муфассал шарҳ медиҳанд. Дар бораи сохтор, мазмун, вазифа ва дар ситоиши киҳою чиҳо будани бахшҳои «Авесто» изҳори назар менамоянд.
Бахши сеюми ҷустори чоруми китоб «Таълимоти Зардушт дар бораи ҷаҳон, инсон ва ахлоқ» ном дорад, ки дар он бунёди ахлоқии ин таълимот, ситоиши рӯшноӣ ва мазаммати торикӣ, некӣ ва бадӣ, Аҳурамаздо ва Аҳриман, андешаи нек, гуфтори нек ва рафтори нек, аз ҳам ҷудо набудани ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ, ҳамеша дар имтиҳон будани одам, эътимод ба донишу маҳорат, такя ба хирад, ободию бунёдкорӣ, азнавсозии ҷаҳон тавассути дониш ва даҳҳо масъалаҳое, ки то ба имрӯз барои сохтани ҷомеаи мутамаддин арзиши худро гум накардаанд, мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, дар ҳар мавриди муносиб муаллифи китоб бар он таъкид мекунанд, ки ҳадафи бар фарҳанг ва таърихи ниёгон рӯ овардан, аз сабақҳои пешин барои сохтани ҷомеаи навини Тоҷикистон дарси ибрат омӯхтан аст. Дар ин росто, пажӯҳанда таъсири «Авесто» - ро ба фарҳанги юнониёни қадим ёдрас шуда, ишора намудаанд, ки файласуфони он кишвар аз мероси гаронбаҳои ниёгони мо сабақ омӯхтаанд: «Ба баёни дигар, ҳар коре, ки бо садоқату самимият анҷом мегирад, ҷаҳонро обод мегардонад. Ҳар кореро бояд шахсе анҷом диҳад, ки онро нисбат ба дигарон беҳтар медонад,,.
Аз ин гуфтаҳои боло, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар барҳам додани ҷаҳонбинии асотирӣ ва дар радифи аввал қарор додани масъалаи инсон ва ҷаҳон, фалсафаи Юнони Қадим муқаддам набуда, ин масъалаҳо бори нахуст ва ба таври ҳамаҷониба аз ҷониби дини яктопарастии Зардушт ва китоби муқаддаси он «Авесто» матраҳ шуд. Бузургии фалсафаи Юнони Қадим аз он иборат аст, ки нукоти умдаи таълимоти «Авесто» - ро иқтибос карда, ба онҳо ҷанбаи амалӣ дод ва онро дар ихтиёри фалсафаи ҷаҳон гузошт». Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст.
Нигорандаи ин сатрҳо соли 2006 дар Италия бо профессори донишгоҳи Наполӣ (Неапол) Мариа Дерма Ҷуваннӣ мулоқот доштам. Ӯ муаллифи асарҳои зиёде аст, ки зимни суҳбат ёдовар шуд, ки маншаи аслии фалсафаи юнонӣ аз ориёӣ ё эронӣ аст. Ман шӯхӣ карда гуфтам, ки яъне тоҷикӣ ва ӯ ҳам ҷавоб дод, ки «бале, фарқе надорад». Профессор Дерма Ҷуваннӣ роҷеъ ба маншаи фалсафаи бостонӣ (ориёӣ) доштани ғазалиёти Ҳофиз се ҷилд китоб навиштааст.
Унвони ҷустори панҷуми китоби Пешвои миллат «Монавиҳо ва маздакиҳо» аст, ки аз ду бахш: «Монавия» ва «Маздакия» иборат мебошад. Дар ин бахшҳо ба таври ҷудогона дар бораи ин оинҳои қадимӣ ва ҷойгоҳи ҳар кадоме дар раванди таърихи он замон, воқеаҳои мудҳиш, муборизаҳо, нофаҳмиҳо, талошҳо, гуруснагиҳо, фоҷиаҳо ва амсоли ин ба таври муфассал сухан рафтааст.
Агар хонанда бо диққат ҳар ҷустору бахшҳои китобро мутолиа кунад, бо идеяҳои созандагию бунёдкории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар кишвари азизи мо татбиқ шуда истодаанд, ошно шуда, агар дилсӯзи миллату кишвари худ бошад, худро дар канори эшон қарор медиҳад ва бо муҳаббат барои ободии бештар камари ҳиммат мебандад.
Пажӯҳандаи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар раванди сухани худ дар мавридҳои муносиб гузаштаро ба имрӯз мепайванданд ва ба пеши муаллифони китобҳои дарсӣ вазифа мегузоранд. Масалан, баъд аз баррасии бахши «Пешдодиён» мегӯянд: «Пас давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиёнро дар шакли асотирию нимасотирӣ, чун саҳифаҳои нахустини сарнавишти тоифаҳои ориёинажоди муқими Осиёи Миёна пазируфта ва ба китобҳои дарсӣ ҷой додан, аз манфиат холӣ нест. Хеле хуб аст, ки «Илиада» ва «Одиссея» - и Ҳомер, асотир ва ривоятҳои зиёди юнониро чун достонҳои нобиғаи адвори тифлии насли башар дар таърихномаҳоро меомӯзанд. Пас, чаро тавассути донишмандони риштаҳои таърихшиносӣ ва фарҳангшиносии мо китоби муқаддаси «Авесто» ва корномаҳои силсилаи Пешдодиён, ки ба таври мушаххас бо зикри ном сабт шудаанд, ба тафсил мавриди бозгӯӣ ва пажӯҳишҳои густурда қарор нагиранд».
Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Агарчи пажӯҳандагон дар ин самт корҳое анҷом додаанд, акнун бояд «пажӯҳишҳои густурда» бояд анҷом шаванд. Зимнан, метавон ёдовар гардид, ки нишонаҳои фарҳанги бостон ҳанӯз ҳам дар оинҳои мардуми ориёитабор (тоҷикон, форсҳо, курдҳо, балуҷҳо, паштунҳо, осетиниҳо, нуристониҳо ва дигарон) ба назар мерасанд. Ҳамчунин, дар катибаҳо ва дигар осори навиштории ниёгони мо дар тӯли беш аз ду ҳазор сол аз онҳо чун куҳанулг, устура, афсона ёд шудаанд.
Хуб аст, ки пас аз гуфтаҳои Пешвои миллат бо ташаббуси академик А.Раҳмонзода дарси устурашиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тадрис мегардад. Имрӯзҳо дар раванди дарсҳои устурашиносӣ, фолклори тоҷикон, афсонашиносӣ, поэтикаи фолклор аз китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ҳамчун сарчашмаи арзишманди илмӣ истифода мешавад.
Акнун вақти он расидааст, ки устураҳои бостонро ба забони сода бозгӯӣ намуда, пешкаши хонандагон созем. Ҳамчунин, барои гирдоварӣ ва нашри илмии манобеи расму оинҳо, асотир, афсона ва амсоли ин ҷиддитар машғул шавем, ки дар онҳо нишонаҳои тамаддуни ориёӣ мавҷуданд. Ба назари инҷониб, фурсати он расидааст, ки пажӯҳандагон ба пажӯҳиши илмии осори бостон бо нигоҳи худшиносии миллӣ, ба таври ҷиддӣ машғул шаванд.
Ҷустуҷӯ ва фаъолияти илмӣ нишон медиҳанд, ки ҳам мардум ва ҳам адибони кишварҳои эронитабор то ба имрӯз чун чархаи парастиш ё чун эътиқод ва ё чун воситаи тасвири бадеии мифопоэтикӣ ё куҳанулгу аз бозмондаҳои фарҳанги ориёӣ, дар маросимҳои худ ба кор мебаранд ва ё дар осорашон мавриди истифода қарор медиҳанд. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар китобҳои худ «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (1999), «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004) бо пажӯҳиши аносури асотирӣ дар адабиёт машғул гардида, дар адабиётшиносии мо нахустин пажӯҳандае аст, ки такя бар равишҳои нави илмӣ ба баррасии устура (бахусус нишонаҳои фарҳанги ориёӣ) пардохт. Ӯ ҳамчун мифопоэтика, дар рӯзгори мардум ва баъдан дар адабиёт ҷойгоҳи махсус доштани устураҳои даврони ориёиро ба таври густурда, аз замони бостон то имрӯз, мавриди пажӯҳиш қарор дод.
Ҳамин тавр, китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди фарҳангӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ ва адабиёт-шиносӣ таълиф гардида, як навъ ҷамъбасти корҳои пешини эшон мебошад.
Дар ин китоби пурмуҳтаво баробари санадҳои зиёди навишторӣ, катибаҳо, ковишҳои бостоншиносӣ тасвирҳои бисёре аз «Осори бозёфта аз Олтинтеппа (Намозгоҳ)», «Бозёфтҳо аз Саразм», «Муҳоҷирати ориёиҳо бо дирафши Меҳр ба сӯи Осиёи Миёна ва флоти Эрон», «Каюмарс», «Кайқубод», «Кайковус», «Кайхусрав», «Луҳросб», «Гуштосб», «Ҷамшед», «Ҳумой», «Баҳман», «Бозмондаҳое аз Морлик, Гелони Эрон», «Бонуи марвӣ дар Хуросон», «Катибаи заррин аз даврони Ҳахоманишӣ», «Ёдгориҳо аз Ҳасанлу дар ҷануби Озарбойҷон дар Эрон», «Чеҳраи бонувони каронаҳои Омударё», «Оромгоҳи Куруши Бузург дар Посоргод ба асоси додаҳои бостоншиносон», «Намоде аз нигаҳбон ориёиён дар Посоргод», «Сарбозони порсӣ, Тахти Ҷамшед», «Оидино, нахустин оташкада дар шаҳри Шуш», «Ҳадияҳои наврӯзӣ, нақшҳои Тахти Ҷамшед», «Намунаи бозсозишудаи кохи Дорюш дар шаҳри Шуш», «Оромгоҳи Куруш дар Посоргод», «Тахти Ҷамшед, намунаи бозсозишуда», «Намунае аз ҳунари Ашкониён дар шаҳри Нисо», «Чеҳраи бонувони ашконӣ дар шаҳри Полмир», «Чеҳраи марди ашконӣ», «Осори ҳунарии портҳо дар Намрӯд, Туркияи имрӯз», «Худоёни гоҳ дар Намрӯд (Туркияи имрӯз)  ҳунари давраи Ашкониён», «Баргаҳое аз аржанги Монӣ» оварда шудаанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин китоб ҳақиқати сиёсиро, ки тоҷикон воқеан пайванд ба решаи ориёии худро то кунун нигоҳ доштаанд, бори дигар тасдиқ намуданд ва барои пажӯҳишҳои мантиқии оянда роҳи муносиб кушоданд. Эшон ба пажӯҳандагони улуми иҷтимоӣ таъкид мекунанд, ки домани таҳқиқ ва таҳлили худро фарохтар намуда, ба баррасии масъалаҳои гуногуни ориёӣ ба таври густурда ва ҷиддӣ машғул шаванд ва барои насли оянда омӯзиши онро интиқол дода, онҳоро бо гузаштаи пурифтихор ошно созанд: «Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави паҳновари зиндагӣ ва амалиёти низомию бархӯрдҳои нахустин давлатҳои ориёӣ, динҳою фарҳангҳои онҳоро омӯхтан зарур аст. Зеро миллати мо то имрӯз чӣ гуна масири пурпечутоби таърихро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, мавриди алоқамандии бевоситаи мардуми мо, бавижа ҷавонон бояд қарор бигирад».
Ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозанд, ки бештар ҷустуҷӯ кунем. Хеле хуб аст, ки муаллиф тамаддуни ориёиро марбути тоҷикон, эрониён, афғониҳо ва қавму миллатҳои дигари ҳиндуаврупоӣ низ медонанд. Дарвоқеъ мавриди таҳқиқи илмии густурда қарор додани масоили зиёди вобаста ба тамаддуни ориёӣ ҳанӯз дар пеш аст. Дар байни пажӯҳандагони кишварҳои гуногун андешаҳои мухталиф ба назар мерасанд. Ба ин васила, Пешвои миллат дар «Хотима» - и китоб дар мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши тамаддуни ориёӣ бавижа таъкид менамоянд, ки дар ин кор ҳам олимони кишварҳои ҳамзабон ва ҳам муҳаққиқони мамлакатҳои ғарбӣ бояд дар якҷо фаъолият намоянд: «Дар омӯзиши ин масъала мо бояд бо донишмандон ва забоншиносони Эрон ва Афғонистон, ки бо тоҷикон ҳомилони муштараки тамаддуни ориёӣ мебошанд, ҳамчунин, донишмандони мамолики Ғарб ҳамкорӣ намоем, ҳавзаҳои фарҳанги манотиқи мазкурро дар ин кор ҷалб намоем ва барномаҳои муштараки пажӯҳишӣ созмон бидиҳем. Зеро масоили тамаддуни ориёӣ он қадар бузург ва густурдаанд, ки ба танҳоӣ бидуни ширкати муҳаққиқини манотиқи марбут ҳаллу фасли онҳо амрест маҳол».
Ба гуфтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, агар муҳаққиқон ба омӯхтани ин тамаддуни бостонӣ ҷиддитар машғул бишаванд, дастраси самараҳои нек хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, бархе аз онҳоро аз осори юнонӣ, чинӣ, тибетӣ низ метавон пайдо кард. Масалан, олими рус Б.И.Кузнетсов дар китоби худ «Эрони бостон ва Тибет (Таърихи дини Бон)» чунин ёдовар мешавад: «Барои ифодаи Эрон ва эрониён тибетиҳо калимаҳои тоҷикро дар вариантҳои гуногун навиштаанд (stag-gzig, rta-mjug, stag-bzhi, rtag-gzigs, ta-zig ва ғайра)» (ниг.: Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. (Истории религии Бон). Пас, мо бояд ба манобеи тибетӣ ва чинӣ, ки сарчашмаи камомӯхтаанд, низ рӯ оварем, ки дар ин бора олимони аврупоӣ ишораҳои зиёд доранд.
Тавре ки маълум аст, тамаддуни ориёӣ на фақат то ба Ҳинду Чину Тибет густариш ёфта, балки ба гуфтаи пажӯҳандагони ғарбӣ асоси тамаддуни аврупоӣ ориёиҳо низ буданд, ки инро аз китоби Гордон Чайлд, ки зери унвони «Ориёиҳо – асосгузори тамаддуни аврупоӣ» метавон мутолиа кард.
Аз ин ҷиҳат ба таърих рӯ овардани Пешвои миллат бесабаб нест. Имрӯзҳо гоҳе, баъзеҳо дар миёни мардум, дар чойхона, ошхона, кӯча, бозор, маъракаҳо ва ҷойҳои дигар мегӯянд, ки «омӯхтани гузашта чӣ лозим, ғами имрӯзро бояд хӯрд!», «омӯхтани фарҳангу адабу таърихи гузашта оё ягон чиз медиҳад?» саволҳои ба ин монанд зиёданд. Ба ин саволҳо метавон бо савол муроҷиат кард: «Имрӯзи мо аз куҷо пайдо шуд? Мо - тоҷикон аз куҷо ба вуҷуд омадем? Магар ҳамин лаҳза ё 20 сол пеш ё сад сол пеш, ё ҳазор?». Ҳама чизи имрӯз марбути гузашта аст! Пас, ба гузашта эътибори ҷиддӣ додани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтани имрӯз аст! Сохтани имрӯз ояндаи дурахшон аст! Аз ин рӯ, решаҳои фарҳангии худро аз қавми ориёӣ ҷустан аз рӯи мантиқ буда, бар асоси санадҳо, пайванди имрӯзро бо гузашта марбут донистан дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» инъикоси худро ёфтааст, ки барои ҳар як тоҷики дурандеш ва хидматгори миллат ва Ватан муҳим аст! Муаллиф дар хулосаи ин китоб дар назди ҳар пажӯҳанда вазифа мегузоранд, ки барои донистани решаҳои ниёгон ҷиддитар машғул шаванд: «Истиқлолияти миллӣ барои мо ҷиҳати сомон бахшидан ба ин кор имрӯз шароити мусоиде фароҳам овардааст. Олимону муҳаққиқони мо бояд тамоми соҳаҳои адабу маърифат ва афкори диниву ирфонӣ ва ҷаҳониро омӯхта, таъсиру нуфузи ин маънавиёти пурарзиши моро ҳарчи бештар дастраси ҷаҳониён намоянд…
Дар роҳи муайян намудани ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёӣ ва дигар тамаддунҳои ҳамҷавори он, ки, ҳамзамон, бо тамаддуни ориёӣ амал мекарданд, мо имрӯз фақат қадаме ба пеш гузоштем. Зимни он мушоҳида намудем, ки ҳанӯз бисёр масъалаҳои умдаи маданияти моддию маънавии тамаддунҳои мазкур ҳанӯз равшан нашудаанд ва нукоти баҳсовари онҳо ба сабаби қадима буданашон ва осори катбӣ надоштанашон ҳаллу фасли худро дар адабиёти ориёшиносӣ наёфтаанд. Дигар масъалаҳои марбут ба забон, аз ҷумла интишори гурӯҳи оилаи забонҳои ҳиндуэронӣ ва ба вуҷуд омадани оилаи ҳиндуаврупоӣ низ, пурра ҳалли худро наёфтаанд.
Дар омӯзиши ин масъала мо бояд бо олимону забоншиносони Эрону Афғонистон, ки бо тоҷикон якҷо ҳомилони тамаддуни ориёӣ мебошанд, ҳамчунин, донишмандони мамолики Ғарб ҳамкорӣ намоем, ҳавзаҳои маданию фарҳангии минтақаҳои мазкурро дар ин кор ҷалб кунем ва барномаҳои муштараки фарҳангӣ созмон диҳем. Зеро масъалаҳои тамаддуни ориёӣ он қадар бузургу густурда ҳастанд, ки ба танҳоӣ, бидуни иштироки муҳаққиқони минтақаи марбута амри муҳол аст».
Бале, ҳақ аст. Барои он ки сабаби ба эронӣ ва тӯронӣ ҷудо шудан ва ё ба дину мазҳабҳои дигар гаравида, аслияти худро дигар кардани ориёиҳоро дарк кунем, баъзе воқеаҳои имрӯзро низ таҳлил намоем, ки шояд барои фаҳмидани он гузаштаи дур ёрӣ мерасонад. Мисол, оё имрӯз ин ё он қавму миллат, ҳама зери дирафши як дине ё ҳизбе қарор доранд? Албатта не! Ба чандин мазҳабҳо, дастаҳо ва гурӯҳҳо ҷудо мебошанд! Оқибати ин чист? Ба воқеаҳои имрӯзи ҷаҳон бингаред, то ҳадде маълум аст.
Бозмондаҳои табори ориёиро фақат як чиз метавонад сахт ва воқеан муттаҳид созад ин забон аст. Пешвои миллат гиромӣ доштан ва бештару хубтар омӯхтани забон ва фарҳанги тоҷикиро ҳамеша таъкид менамоянд. Ҳар сол дар суханрониҳои худ ёдовар мешаванд. Ба ин васила мо забони адабии тоҷикии дарии форсиро, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол барои кишварҳои ҳамзабон фаҳмо ва зебост, бояд азиз дорем. Яке аз пажӯҳандагони эронӣ Руқияи Беҳзодӣ низ ба баррасии қавму нажоди ориёӣ пардохта ёдовар мешавад, ки: «…дар сарзаминҳои бо тӯлу арзҳои густурдаи ҷуғрофиёӣ вуҷуди ҳамбастагӣ каму беш мутафовит аст… бо вуҷуди ин, беҳтарин омили пайванддиҳанда ва мутамаизсозанда забон аст. Ва он чӣ ки имрӯз донишмандонро ба самту сӯи шинохти ақвоми куҳан савқ медиҳад ва ёрӣ мекунад, забон ва дониши забоншиносӣ аст» (Беҳзодӣ Руқия. Ориёиҳо ва ноориёиҳо дар чашмандози куҳани таърихи Эрон).
Андешаи оқилонаи Пешвои миллат аст, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таваҷҷуҳ зиёд аст. Имсол (04.10.2019) низ ба муносибати Рӯзи забон аз аввал то охири суханронии худ Пешвои миллат дар ҳама соҳа неруманд намудани забони тоҷикиро таъкид намуданд. Акнун ҳар зиёии тоҷик бояд мувофиқи тавоноии худ дар ин роҳ ҳиссае бигзорад. Барои рушди забони тоҷикӣ кори некеро анҷом бидиҳад.
Пешвои миллат сабақҳои таърихро истифода намуда, мехоҳанд забони мо дар тамоми коргузорӣ батадриҷ мақоми миллӣ ва давлатии худро ҳамаҷониба пайдо кунад. Аз ин рӯ, бисёр масъалаҳое, ки марбути рушди имрӯзаи забони тоҷикӣ аст, Сарвари оқилро ба ташвиш меорад. Маҳз аз ҳамин сабаб дар мавридҳои муносиб гаштаву баргашта пажӯҳандагонро таъкид менамоянд, ки омӯзиш ва баррасии масъалаҳои гузашта ва имрӯзаи марбут ба забонро ба таври муназзам идома диҳанд.
Тавре ки мушоҳида мешавад, дар навиштаҳо ва ҳатто гуфтаҳои Пешвои миллат ҳамин гуна дилсӯзиро барои нигаҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани тамоми суннатҳои мардумӣ мебинем ва ҳатто эшон дар раванди суханрониҳои хеш ҳамеша ба омӯзиш ва пажӯҳиши фарҳанги суннатии мардуми тоҷик, ки дар забони мардум ҷорист, таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (04.10.2019) низ гуфтанд: «Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад. Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Дар охири солҳои ҳаштод ва аввали навади садаи бист равшанфикрони дилсӯзи тоҷик мехостанд, ки забон, таърих, фарҳанг, шоиру нависандаву олиму ҳунарманду иқтисоду сиёсати тоҷикон пушту паноҳи ҷонфидо дошта бошад, ки мо онро ҳоло бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон дорем. Пас, бояд ҳама баҳри амалӣ намудани орзую ормонҳои миллиамон кор кунем.
Аксари равшанфикрони дилсӯзи тоҷик дар ду даҳсолаи охири садаи ХХ хоҳиш доштанд, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ҳаққу ҳуқуқи худро дарёбанд, вале дар он замон иҷрои орзуҳои ширини фарҳангӣ мушкил буд. Ҳоло замон дигар шудааст. Тамоми кори амалишаванда дар дасти Сарваре аст, ки худашон иҷрои корҳои барои рушди забон, миллат ва кишвар муҳимро на фақат мехоҳанд, балки бо андешаи неки худ дар бораи онҳо асарҳо навишта табақаи зиёии ҷомеаро ба ҳаракат меоранд. Акнун мо - зиёиёни тоҷик бояд дар канор набошем. Дар канори ин Сарвари оқил истода барои иҷрои орзуҳои ширини деринаи худ талош биварзем. Ҳадалақал ҳар кас дар иҷрои кори худ аз дилу ҷон машғул бошад ва ё агар идеяи муносиб дорад, барои амалӣ намудани он кӯшиш намояд, он гоҳ мо ин забон, ин миллат ва ин кишварро ба гулистони ҳақиқӣ табдил хоҳем дод! Барои он ки бо ҷасорат ба пеш равем, як бори дигар асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа бояд кард ва аз он сабақ омӯхт ва баъдан бо неруи дучанд ба иҷрои кор пардохт.
Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям: 1). Китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки соли 2006 нашр шуда буд ва ҳоло соли 2019 бо виросторӣ ба алифбои форсӣ чоп шудааст, бори дигар ба забони тоҷикӣ нашр шавад 2). Ҳар як равшанфикри тоҷик ин китобро ҳатман мутолиа намояд. 3). Касе, ки ба ин ё он вазифаи давлатӣ таъйин мегардад, бояд ин китобро бо диққат хонад ва аз он имтиҳон супорад. 4). Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бахусус дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси махсус дар асоси китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ҷорӣ карда шавад.
Дар охир эҳтиромона ёдовар мешавам, ки ин китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих ва сиёсат, ҳамчунин, унвони профессорӣ ва академикӣ аст.

Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2019    №: 219    Мутолиа карданд: 2199
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед