фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Бахшида ба 10-умин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФИЛВОРДИ "ПАРЧАМ"
1. Парчами кадом давлат аз ситора ва квадратҳои ба ҳам монанд иборат аст?
2. Парчами кадом давлат аз як матои дуранга иборат аст?
3. Рангҳои парчами кадом давлат маънои озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва духтари бешавҳарро доранд?
4. Парчами кадом давлатро 90 дараҷа ба тарафи рост гардонем, шакли лифофаро мегирад?
5. Парчами кадом давлат матои сурх ва ду уқоб дорад?
6. Дар матои якрангаи парчами кадом давлат ситора акс ёфтааст?
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
САЙИД НОСЕҲ. ТОҶИКЕ, КИ ДУНЁРО ГУЛЗОР МЕКУНАД
Шаҳрванди 34 - солаи Тоҷикистон Сайид Толибов ду сол қабл ба Эквадор кӯчид. Роҳ ба сӯи ин кишварро барои ӯ аввалан бародари калониаш кушод, ки дар он ҷо як майдони хурди парвариши гул бунёд карда буд.
Соли 2014 дар садама бародараш вафот кард ва Сайид барои овардани ҷасади ӯ ба Эквадор рафт. Бо чашмони худ заҳматҳои бародарашро дид ва тасмим гирифт, ки кори ӯро дар он ҷо идома диҳад.
Ҳоло бошад, Сайид Носеҳ дар шаҳри Каямба, як шаҳраки хурде, ки 50 километр дуртар аз пойтахти Эквадор ҷойгир аст, зиндагӣ мекунад.
Дар ин мудат ӯ тавонист майдони гулзорро аз 10 то 40 гектар васеъ кунад. Ин аст, ки ҳоло гулҳои парваришнамудаи ӯ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон ва Россия, мерасанд.
Дар майдони гулзори Сайид 300 нафар эквадорӣ кор мекунад. Инчунин, ҳашт нафар тоҷик низ дар он ҷо бо кори доимӣ таъмин аст.
Сайид Носеҳ барои васеъ кардани заминҳои гулпарварӣ талош дорад ва дар орзуи он аст, ки гулҳои парвардаи ӯ дар ватанаш - Тоҷикистон низ дастрас бошанд.
Тарҷумаи Лола РИЗОӢ
ҚУДРАТИ ЯК ШАХС
МЕТССОФАНТИ 39 ЗАБОНРО МЕДОНАД
Ҷузеппе Метссофанти, муҳофизи китобхонаи Ватикан, чун инсони нодир дар олам эътироф гардидааст. Ӯ бо истеъдоди фавқулодаи хеш тавонист ҳамагонро ба ҳайрат орад. Метссофанти бо 39 забони олам озодона ҳарф мезад. Аҷибаш он аст, ки ӯ дар як шаб забони навро аз бар мекард. Ҳатто боре барои исботи бегуноҳии як аҷнабӣ муддати чанд соат забони ӯро ба пуррагӣ аз худ кард. Тақрибан ҳамин миқдор забони миллатҳои дигари дунёро мефаҳмид, агарчанде ҳеҷ гоҳе берун аз марзи Итолиё қадам наниҳода буд. Мутолиаи пайвастаи китоб як муҳофизи одиро на танҳо забондон, шоир ё адиб, балки машҳуру ҷовидонӣ гардонд. Соли 1835 шоири рус А. И. Тургенев шеърҳои Метссофантиро тарҷума ва нашр намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ қалби дӯстдорони адабиётро тасхир карданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ДУЗД
Агар модар мезад...
Тифле китобчаи яке аз ҳамсинфонашро дуздид ва ба хона назди модараш овард. Модараш ӯро ҳатто сарзаниш накард. Рӯзи дигар соатеро дуздида овард ва мавриди навозиши модар қарор гирифт.
Тифл оҳиста - оҳиста ба балоғат расида, ба дуздидани ашёи гаронарзиш даст зад. Рӯзе айни дуздӣ ба даст афтод.
Модар аз шарм фиғон мекашид ва мегуфт:
- Худо маро зад, эй кош, ин фарзанди нохалаф аз ман намебуд…
Писар аз шунидани ин суханҳо мӯ дар баданаш рост шуд ва гуфт:
- Модар, агар дар дуздии аввал ба дастам бо химча мезадӣ, имрӯз моро Худо намезад.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ
Шогирд аз устодаш мепурсад: - Фарқ миёни доно ва нодон дар чист? Устод аз ҷо бархоста, ӯро ба назди кӯҳе, ки чанде пеш як қисмаш фурӯ рафта буд, бурд. Ба вай амр кард, то сангҳоро аз поин ба боло барорад. Шогирд санг мекашиду устод дар сояи дарахте китоб мехонд. То бегоҳ ҳамаи сангҳоро кашонд ва монда ҳам шуд. Аммо аз уҳдаи кор, ки баромада буд, бо сари баланд назди марди хирадманд омад ва аз ӯ пурсид: - Устод акнун метавонам посухи суоламро бигирам?
- Не, - сар ҷунбонд мард. - Ту ҳоло ба ин тайёр нестӣ.
- Пас ин қадар сангро ба боло беҳуда кашондам? – гуфт бо таассуф.
- Устод ангушти ишоратиашро бардошта, посух дод:
- Дидӣ, нодониатро исбот кардӣ, зеро ки зарурати бо ин қадар заҳмат аз поён ба боло кашондани сангҳоро напурсида, масали «ҷони нодон дар азоб» - ро ба ёдам овардӣ. Шахси доно ин суолро қабл аз кашондани санг медиҳад. Ин аст фарқи байни донову нодон.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Ҳунарманди нотакрори мазҳака Чарли Чаплин доим зери туҳмату бадгӯиҳои қаламбадастони амрикоӣ қарор мегирифт, вале ғайричашмдошти ҳама ягон бор вокуниш нишон намедод. Оромии масхарабоз, баъзан, худи муаллифонро ҳам дар тааҷҷуб мемонд. Вақте яке аз онҳо аз Чарли мепурсад, ки чӣ гуна ӯ метавонад дар муқобили ин қадар сиёҳкуниҳо хомӯш бошад, актёр чунин посух медиҳад:
- Вақте маро бо навиштаҳои бӯгинашон туҳмат мекунанд, пеши назарам занбӯри асалро мебинам. Ин ҷонвари беозор, ки доим шаҳд меҷӯяд, ҳеҷ гоҳ ба гулу гиёҳи пӯсидаву чиркин намешинад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
12 тезсуръаттарин нақлиёт дар ҷаҳон
3. Автомобил – Henntessy Venom GT
Автомобили варзишии ширкати «Hennessey Performansce Engineering»-и ИМА тезсуръаттарин автомобил дар ҷаҳон мебошад. Онро соли 2010 мавриди истифода қарор доданд. Автомобил намунаи дигаргуншудаи lotus Exige буда, соли 2013 ҳангоми озмоиш суръати рекордиро, ки ба 435 км/соат баробар буд, гузошт.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ЯК ПАНД
Анӯшервони Одил ба хотири пиразане, ки нахост хонаи канори қасрбудаашро бифурӯшад, девори қасрро каҷ бино намуд. Яке аз бузургон пурсид: «Ин каҷӣ аз баҳри чист?». Анӯшервон гуфт: «Ин каҷӣ аз ростии мост».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДИОГЕН
Аз файласуфи Рими Қадим Диоген Лаэртский пурсиданд, ки чаро ҳам одамони зишт ва ҳам некро бадбинӣ мекунад. Посухи Диоген, воқеан, файласуфона буд:
- Разилонро барои он чашми дид надорам, ки ҷуз бадӣ аъмоли дигаре надоранд. Неконро бад-он хотир хуш надорам, ки ба ахлоқи эшон таҳаммул меварзанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
НЕКӢ БАРМЕГАРДАД
Соли 1966 писари 4 - солае бо номи Роҷер Лозер дар баҳр, дар наздикии шаҳри Салеми Амрико, ғарқ мешавад. Хушбахтона, ӯро зане бо номи Элис Блейз наҷот медиҳад.
Соли 1974, вақте Роҷер 12 - сола буд, дар ҳамон баҳр оббозӣ мекард. Нохост мебинад, ки марде дар об фурӯ рафта истодааст. Ӯ мардро наҷот медиҳад. Маълум мегардад, ки мард шавҳари Элис будааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
КИШТИИ ЗЕРИОБӢ ДАР ТӮРИ МОҲИГИРӢ
Шомгоҳон, ба вақти ғуруби офтоб, киштии моҳидории итолиёвии «Сирио» оромона дар баҳри Адриатика шино мекард. Аз пасаш тӯрҳои моҳидорӣ кашола шуда мерафтанд. Ногаҳон такони сахт рӯй дод, мотор бо тамоми неру ғуррос мезад, вале сафина аз ҷой намеҷунбид, баъд чизе онро ба қафо кашид, думи киштӣ оҳиста – оҳиста зери об мерафт. Капитан фикр кард, ки шояд ба тӯри онҳо кит афтода бошад, вале дар ин баҳр касе то ин лаҳза китро надида буд. Дар чунин ҳолати фавқулода яке аз маллоҳон бо чолокӣ тамоми арғамчинҳои тӯрҳои моҳигириро бурид. Думи киштӣ ба ҳолати муқаррарӣ омад. Касе захме набардошт. Киштӣ тавонист роҳашро идома бахшад. Баъди бозгашт ба бандар маълум гардид, ки «кит»- и ба тӯри моҳидорӣ афтода киштии зериобии НАТО будааст. Фармондеҳи киштии зериобӣ ба адмирал гузориш додааст, ки вай наметавонад аз иҷрои супориш барояд, зеро тӯри моҳидорӣ ба онҳо имкони ҳаракат намедиҳад. Натиҷа: ҳамаи нақшаи амалиёти флоти баҳрии НАТО чигил гардид, онро бояд тағйир медоданд, амалиёт мавқуф гузошта шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Анатолий КАРПОВ
Чемпиони дувоздаҳуми ҷаҳон (1975 – 1985). Намояндаи ИҶШС.
Анатолий Карпов унвони чемпиони ҷаҳонро ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонд. Ва, ҳарчанд мусобиқа бо Фишер баргузор нашуд, чемпионии Карпов ягон шубҳа надорад. Дар он давра вай (ба истиснои Фишер) зӯртарин гроссмейстер ба ҳисоб мерафт, зеро тамоми довталабонро ба унвони қаҳрамонӣ бо маҳорати ҳайратангез мағлуб кард.
Ибтидои солҳои 80 - уми асри XX давраи баҳамзидистии Карпов ва Каспаров оғоз ёфт. Байни онҳо якчанд муҳорибаҳои тӯлонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Охирин вохӯрӣ соли 1985 бо ғалабаи Гарри Каспаров анҷом ёфт.
Карпов бо маҳорати олиҷаноби устодонааш дар мавқеъҳои алоҳида бо донаронии ҳилагаронааш фарқ мекард, ба шатранҷбозӣ муносибати прагматикӣ дошт. Аз рӯи шумори ғалаба дар мусобиқаҳо Анатолий Карпов дигаронро хеле дар қафо монондааст.
Анатолий Евгеневич имрӯз низ дар сафи шатранҷбозон устуворона дона меронаду давра ба давра дар мусобиқаҳои бонуфуз ғалаба ба даст меорад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
АЛБАТРОС
Ин паранда ба дараҷае калон аст, ки қанотҳояш вақти бол задан ба 3 метр мерасад. Вазнаш 10 - 13 килограммро ташкил медиҳад. Он, одатан дар қитъаи Антарктида ба сар мебарад. Инчунин, яке аз камшумортарин парандаҳоест, ки чандин моҳ дар баҳр шино карда, барои истироҳат дар хушкӣ шитоб намекунад. Аз шиноварии тӯлонӣ хаста ҳам намешавад.
Бадани албатрос барои ҳаёт ба сар бурдан дар иқлими шароиташ ниҳоят хунук мутобиқ аст. Ҳарчанд ба дуриҳо меравад, аммо боз ҳамон ҷое тухм мегузорад, ки худаш аз тухм баромада буд.
Ҳангоми парвоз дар фазо то 1000 километр масофаро тай мекунад. Баъди интихоби ҷуфт якумр бо ҳамон маҳбубаш зиндагӣ мекунад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
МАРК СУКЕРБЕРГ ВА «ЭНЕИДА»
Сарватманд, барномасоз ва соҳибкори муваффақи Амрико, асосгузори «Facebook» Марк Сукерберг муваффақиятҳои хешро аз хондани асари «Энеида» - и шоири номдори Рим Вергиля медонад. Ӯ ин асарро ҳангоме мутолиа намуд, ки дар мактаб забони лотиниро аз худ мекард. Китоби мазкур таърихи қадима дошта, бозгӯи саргузашти Энея - қаҳрамони номдори Троя аст, ки бо боқимондаи қавми худ маскуни Италия ва асосгузори шаҳри Лавиний шуд. Мутолиаи ин китоб Сукербергро сахт мафтун карда, назари ӯро ба зиндагӣ дигар кард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
Чанд амали аҷиби дучархасаворони даниягӣ
5. ҲАТТО ВАЗЪИ ҲАВО МОНЕИ ДУЧАРХАСАВОРӢ ШУДА НАМЕТАВОНАД
Борон, сардӣ, торикӣ, бориши барф ва ё вазиши бод барои даниягиҳо ҳангоми велосипедронӣ фарқе надорад. Воқеан, ин танҳо саволест мансуб ба дуруст пӯшидани либос. Ашёи намнамекашидаро интихоб мекунанд ва дигар мушкилие пеш нахоҳад омад. Ҳангоми бориши барф дар кӯчаҳо велосипедҳо камтар дида мешаванд, аммо баробари тоза шудани ҷодаҳо аз барф дучархасаворӣ идома меёбад.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, тарҷума аз русӣ
НОДИРТАРИН ҲАЙВОНҲОИ ДУНЁ
4. РИНОПИТЕКИ ТОНКИНИ
Ринопитеки Тонкини ширхӯр буда, ба оилаи маймунҳои хурд мансуб аст. Он дар қисми шимолии Ветнам, дар наздикии дарёи Сонг - Кой маскан дорад. Асосан болои дарахтон ба сар мебаранд. Хӯрокашон барги бамбук ва мевагӣ мебошад. Ринопитеки модина соле як фарзанд ба дунё меорад. Дар ҷаҳон 250 сар боқӣ мондааст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
РОНАЛДУРО МЕТАВОНАНД ДУ СОЛ АЗ ФУТБОЛ ДУР НАМОЯНД
Ҷанҷол дар атрофи бозигари «Ювентус» (Итолиё) Криштиану Роналду, ки пас аз иваз шуданаш дар дидор бо «Милан» дасти мураббиро нафишурд ва анҷоми бозиро интизор нашуда, варзишгоҳро тарк кард, гармтар мегардад. Бархе аз таҳлилгарон чунин меҳисобанд, ки бо сабаби риоя накардани қоидаи зиддидопингӣ португалиро ба муддати ду сол аз бозӣ дур менамоянд.
Гап сари он аст, ки ягон нафар аз бозигари дидор бидуни иллат ҳақ надорад маҳали бозиро тарк намояд то он замоне ки санҷиши допингиро анҷом надиҳад. Санҷиш ба таври интихобӣ сурат мегирад ва касе қаблан намедонад, ки масъулон киро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Собиқ бозигари «Рома» ва мунтахаби Итолиё Антонио Кассано мегӯяд, ки ба чунин масъалаи ҷиддӣ набояд муносибати бепарвоёна кард. Худи ӯ дар дидор бо «Латсио» ҳамин гуна амалро анҷом дода буд, вале зуд хатогиашро дарк карда, ба хотири ду сол аз бозии футбол маҳрум нашудан ба варзишгоҳ баргашт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
ПУЛИ МАҲТОБӢ
Пули маҳтобӣ – асоситарин ва ҷолибтарин макони боғи шаҳрии Даҳу ба шумор меравад, ки дар минтақаи саноатии Тайбэ, пойтахти Тайван, ҷойгир аст. Бо фаро расидани шом нурҳои маҳтоб дар оби кӯл партавафшонӣ мекунанд. Зери нури Маҳтоб пул бо тамоми зебоияш акс меёбад ва ба назар мерасад, ки гӯё осмон бо маҳтобаш дутост, ҳам дар боло ва ҳам дар қаъри кӯл. "Пули маҳтобӣ" ном гирифтанаш низ аз ҳамин ҷост. Субҳгоҳон метавон манзараҳои аҷиберо аз болои ин пули пиёдагузар тамошо кард.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
ВАҚТЕ МУХЛИСОН НАФАСГИР МЕШАВАНД
Варзишгоҳи «Estadio Hernando Siles» - и Боливии шаҳри Ла – Пас бо ғунҷоиши 41143 нафар дар баландии 3601 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардидааст. Дар ин варзишгоҳ бо сабаби норасоии ҳаво мухлисон нафасгир мешаванд. Барояшон сурудхониву фарёд задан ва, дар умум, дастгирӣ намудани дастаҳо хеле душвор аст. Бо чунин вазъ акнун шумо тасаввур кунед, ки ҳолати бозигарон чӣ мешуда бошад! Воқеан, дар яке аз бозиҳои муҳим дар ин майдон вазъи саломатии Лионел Месси якбора бад шуд, вале хушбахтона, ӯ бозиро то ба охир расонд.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2019 №: 220 Мутолиа карданд: 1639