сиёсат
ИФТИТОҲИ ЯКЧАНД МУАССИСА АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" - ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ гардидааст. Ин кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардид.
11 синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд. Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.
Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Ба роҳ мондани таълим аз рӯи усули нави "математикаи беҳамто" аз бартариятҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" мебошад. Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолӣ ва хореография созмон дода шуда, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо бошад, машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Кӯдакистон дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, кинотеатр, ҳуҷраҳои методӣ, коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.
Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар ин муассисаи соҳаи маориф дар саҳни ҳавлии он 4 суҳбаткада, нуқтаҳои бозӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудаанд, ки кӯдакон аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳудуди муассиса бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ гардида, шабона пурра чароғон аст.
Бо азми соҳибкорони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида, барои таъмини неруи барқ як трансформатори тавоноияш 400 кВа насб шудааст. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани иншоот муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта ба истифода дода шудаанд ва, хушбахтона, чунин иқдом аз тарафи соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст идома дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони замонавиро туҳфаи арзишманд дар Рӯзи Парчами давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити муҳайёгардида, кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соқибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ва кори сохтмончиён баҳои баланд дода, фаъолияти ин муассисаро баробари саҳм гузоштан дар тарбияи насли ояндасози давлат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ибратомӯз маънидод намуданд.
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.
Иншооти навбунёд бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд. Дар дохили бино мутобиқ ба талаботи муосир ва меъёрҳои хизматӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, барои навбатдории шабонарӯзӣ ҳуҷраҳои алоҳида пешбинӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар дастаи махсус таваҷҷуҳи хосса ба обутоби бадан ва тамринҳои варзишӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар дохили иншоот толори барҳавои варзиш бунёд шудааст, ки он бо воситаҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад ва хизматчиёни ин ниҳод метавонанд аз толори мазкур истифода бурда, ба машқу тамрини бадан машғул шаванд. Ҳамчунин, як толори барҳавои фарҳанг бо 100 ҷойи нишаст барои гузарондани вохӯриву чорабиниҳо бунёд гардидааст. Дар дохили бинои мазкур толори хурди дигар мавҷуд аст, ки барои ҷаласаҳои фаврӣ ва вохӯриву суҳбатҳо пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда, он ба аёниятҳои зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо, навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сарулибоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудаанд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд шуда, бо катҳои бароҳату замонавию рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, ҳуҷраҳои алоҳида барои нигоҳдории сарулибос бунёд ёфта, кормандони даста дар фурсатҳои холигӣ метавонанд аз хизматрасонии китобхона истифода баранд.
Дар ҳамин ҷо ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизмат хоҳад расонд. Хизматчиён дар ин ошхонаҳо бо хӯроки гарму серғизо таъмин буда, дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулоти Дастаи махсуси зудамал ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин, дар анборҳо сарулибос ва дигар муҳимот мувофиқ ба оинномаи хизматӣ захира гардидаанд.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хосса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил ва гирду атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст. Бино дорои як майдони муосири варзиш мебошад, ки дар он дар баробари гузарондани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин, имкони бо машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Дар саҳни иншоот Пешвои муаззами миллат аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуданд. Парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар тамоми вазъият имконияти корбариро доранд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд, ки барои фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод ёрии амалӣ хоҳад расонд.
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав бо дарназардошти таъмин кардани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо либоси низомӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми бино коргоҳҳои дӯзандагӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва маҷлисгоҳ ҷой гирифтаанд. Бояд таъкид намуд, ки корхона аз 15 - уми апрели соли 2018 дар заминаи раёсат ҳамчун сехи дӯзандагӣ ташкил гашта, дар он либоси низомӣ дӯхта мешуд.
Дар оғоз сех 7 мошинаи дӯзандагӣ дошт ва 6 нафар бону ба кор ҷалб гардида буд. Тавре масъулон иттилоъ доданд, сехи дӯзандагӣ бо чунин шумораи коргарону дастгоҳҳои дӯзандагӣ наметавонист кормандонро бо либоси низомӣ пурра таъмин намояд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини кормандони сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси низомӣ роҳбарон тасмим гирифтанд, ки дар заминаи коргоҳи дӯзандагӣ корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомиро ташкил намоянд.
Айнӣ замон корхона дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ буда, наздики 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ошхонаи корхона дар таҳхона ҷойгир буда, дар он хизматрасонӣ тибқи стандартҳои замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Корхонаи дӯзандагӣ ба истиқболи Ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар чунин шароити муҳайёгардида бояд либосҳои низомӣ бо тарҳи муосир ва сифати баланд дӯхта шаванд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифати низомӣ, пурра таъмин кардани кормандон аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб мешавад.
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 ҷой барои курсантони академия пешбинӣ гардидаанд.
Минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, 20 нафар олимону профессорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 назди Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорат ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2019 №: 221 Мутолиа карданд: 1367