сиёсат
ПАРЧАМ-РАМЗИ ШОИСТАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАТАНДОРӢ
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ – ин санаи барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас нишони равшани эҳтироми шаҳрвандони огаҳдилу соҳибифтихори Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ мебошад. Ҷойи шукргузории зиёд аст, ки ҳамаи мо дар фазои тантанаи волоияти қонун, амнияту субот ва сулҳу осоиши устувор ин санаи мубораку ифтихоромезро таҷлил карда, бо ин ҳисси қадршиносии хешро нисбат ба Ватан ва муқаддасоти он содиқона ва самимона иброз менамоем.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зери Парчами давлатии хеш сарҷамъонаю якдилона бо эҳсоси саршори муҳаббат ба ин марзу буми муқаддас пайванди иттиҳод ва ҳамраъйиву ризоият баста, тавонистанд Ватани хешро аз вартаи низои хунини дохилӣ наҷот диҳанд. Ва рӯзи муроди ҳамагон – санаи Ваҳдати миллиро наздик оваранд ва дар паҳлуи Пешвои маҳбубу муаззами худ ҳамқадам шуда, сиёсати ободонию созандагиро баҳри шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз бомаром ва пурсамар амалӣ созанд.
Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд:
«Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳақиқат шинохти ҳар давлати озоду мустақил дар асоси мавҷудияти рамзҳои хоси соҳибихтиёрии он, бахусус парчам сурат гирифта, басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд. Чунки донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маънии пос доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатиро дорад.
Доираи истифода ва нақшу мақоми парчам дар дохили Тоҷикистон ба ҳамагон равшану фаҳмост, аммо дар ин миён ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи шинохти давлати комилҳуқуқу мустақиламон боз ҳам муҳимтар аст. Чунки мардуми сайёра Тоҷикистонро тавассути парчами фарқкунандаи он мешиносанд, ҳангоми музаффариятҳои варзишгарони ҷумҳуриамон дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ маҳз Парчами давлатӣ баланд бардошта мешавад, ки рамзи ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Таҳти парафшонии Парчами давлатӣ Тоҷикистон ташаббусҳои бузурги хешро баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба миён гузошта, бо ин роҳ эътибори байналмилалии ҷумҳуриамон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси дунё торафт боло рафта истодааст.
Парчами давлатӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣ ва омили муҳими ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд.
Ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради мамлакати озоду мустақили мо бояд Парчами давлатиро чун рамзи сари баланд ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузорӣ карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва масъулиятшиносона баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2019 №: 221 Мутолиа карданд: 1337